Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳашт даста дар чорякфинали Ҷоми Тоҷикистон-2020


Рақобати дастаҳои дар мусобиқоти Ҷоми Тоҷикистон-2020

Аз рӯи натиҷаҳои бозиҳои даври ҳаштякниҳоии Ҷоми Тоҷикистон -2020 оид ба футбол, ки рӯзҳои 1-3-юми август баргузор шуданд, дастаҳои «Кӯктош»-и Рӯдакӣ, «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода, «Хатлон»-и Бохтар, «Истаравшан»-и Истаравшан, «Локомотив-Помир»-и Душанбе, «Равшан»-и Кӯлоб, “Истиқлол”-и Душанбе ва “Эсхата”-и Хуҷанд ба даври чорякниҳоӣ роҳ ёфтанд.

Се бозии даври ҳаштякниҳоӣ рӯзи шанбе, 1-уми август, доир гардид. «Кӯктош» дар меҳмонӣ бар «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд бо ҳисоби 3:0 пирӯз шуд. Голҳоро Мбеке Деудоне Сиебатчеу, Муҳиддин Одилов ва Муҳаммадшарифи Саидхуҷа ба самар расонданд.

«Регар-ТадАЗ» дар Душанбе дастаи «Душанбе-83»-ро бо ҳисоби 1:0 мағлуб кард. Голи ягонаро Расул Пайзов зад. Дар бозии «Хатлон» бо «Файзканд»-и Восеъ замони асосӣ бо ҳисоби мусовии 1:1 хотима ёфт. Голи ҳалкунандаро Умарҷон Шарипов дар замони изофа, дар дақиқаи 111-ум, ба дарвозаи мизбонон ворид кард ва ба «Хатлон» пирӯзӣ овард.

Се бозии дигари даври ҳаштякниҳоӣ рӯзи якшанбе, 2-юми август, баргузор шуд. «Истаравшан» дар майдони худ бар ССКА-и Душанбе бо ҳисоби 3:1 ғолиб омад. Ду голи мизбононро Илҳом Баротов ба ҳадаф расонд ва беҳтарин бозигари ин дидор гардид.

«Локомотив-Помир» дар меҳмонӣ “Барқчӣ”-и Ҳисорро бо ҳисоби 2:1 шикаст дод. Ҳарду голи душанбегиҳоро Ислом Зоиров зад. «Равшан»-и Кӯлоб дар майдони худ бар «Панҷшер»-и Ҷалолиддини Балхӣ бо ҳисоби 3:2 ғолиб омад. Голҳои Саидамири Саидаҳмад, Шодӣ Муродов ва Далер Шомуродов ба “Равшан” пирӯзӣ овард.

Боз ду дастаи ширкаткунандаи даври чорякниҳоӣ дар бозиҳои 1/8 финалии Ҷоми Тоҷикистон рӯзи душанбе, 3-юми август, маълум шуданд.

«Истиқлол»-и Душанбе дар майдони худ ба дарвозаи «Моҳир»-и Ёвон 11 голи беҷавоб зад. Чаҳор голро Манучеҳр Ҷалилов ба самар расонд. «Эсхата»-и Хуҷанд дар меҳмонӣ «Равшан»-и Зафарободро бо ҳисоби 4:1 шикаст дод. Боҳирҷон Сангинбоев ба дарвозаи мизбонон ду гол зад.

Ба ин тартиб, ҳашта даста - «Кӯктош»-и Рӯдакӣ, «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода, «Хатлон»-и Бохтар, «Истаравшан»-и Истаравшан, «Локомотив-Помир»-и Душанбе, «Равшан»-и Кӯлоб, “Истиқлол”-и Душанбе ва “Эсхата”-и Хуҷанд - ба даври чорякниҳоӣ роҳ пайдо карданд.

Бозиҳои даври чорякниҳоӣ миёни дастаҳои «Равшан» (Кӯлоб) – «Истиқлол», «Локомотив-Помир» – «Регар-ТадАЗ», «Эсхата» – «Хатлон» ва «Истаравшан» – «Кӯктош» баргузор хоҳанд шуд.

Ҷоми Тоҷикистон -2020

1/8 финал

«Душанбе-83» – «Регар-ТадАЗ» – 0:1

Гол: Расул Пайзов, 8.

1 август. Ваҳдат. Варзишгоҳи марказӣ.

«Файзканд» – «Хатлон» – 1:2

Голҳо: Анвар Муродов, 14 (1:0). Парвиз Боқӣ-Охунов, 85 (1:1). Умарҷон Шарипов, 111 (1:2).

1 август. Кӯлоб. Варзишгоҳи марказӣ.

«Хуҷанд» – «Кӯктош» – 0:3

Голҳо: Мбеке Деудоне Сиебатчеу, 30 (0:1). Муҳиддин Одилов, 82 (0:2). Муҳаммадшарифи Саидхуҷа, 90+1 – аз пеналтӣ (0:3).

1 август. Хуҷанд. Варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон».

«Истаравшан» – ССКА – 3:1

Голҳо: Азизҷон Шамсиев, 23 – ба дарвозаи худ (0:1). Илҳом Баротов, 57 – аз пеналтӣ (1:1). Илҳом Баротов, 99 (2:1). Отабек Каримов, 111 (3:1).

2 август. Истаравшан. Варзишгоҳи марказӣ.

«Равшан» (Кӯлоб) – «Панҷшер» – 3:2

Голҳо: Саидамири Саидаҳмад, 34 (1:0). Шодӣ Муродов, 44 (2:0). Насим Маматқулов, 67 (2:1). Баҳриддин Юсупов, 74 (2:2). Далер Шомуродов, 97 – аз пеналтӣ (3:2).

2 август. Кӯлоб. Варзишгоҳи марказӣ.

«Барқчӣ» – «Локомотив-Помир» – 1:2

Голҳо: Ислом Зоиров, 19 (0:1). Ислом Зоиров, 64 (0:2). Зуҳриддин Фузайлов, 70 (1:2).

2 август. Ҳисор. Варзишгоҳи марказӣ.

«Истиқлол» – «Моҳир» – 11:0

Голҳо: Манучеҳр Ҷалилов, 5 (1:0). Манучеҳр Ҷалилов, 18 (2:0). Манучеҳр Ҷалилов, 26 – аз пеналтӣ (3:0). Манучеҳр Ҷалилов, 30 (4:0). Воҳид Оразсаҳедов, 31 (5:0). Эҳсони Панҷшанбе, 63 (6:0). Шериддин Бобоев, 66 (7:0). Алишер Ҷалилов, 67 (8:0). Ваҳдат Ханонов, 73 (9:0). Рустам Соиров, 81 (10:0). Шериддин Бобоев, 85 (11:0).

3 август. Душанбе. Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ

«Равшан» (Зафаробод) – «Эсхата» – 1:4

Голҳо: Боҳирҷон Сангинбоев, 14 (0:1). Боҳирҷон Сангинбоев, 44 (0:2). Ҷӯрабой Исоев, 60 (0:3). Мубинҷон Муъминов, 61 (0:4). Азизбек Маҳкамов, 86 (1:4).

3 август. Зафаробод. Варзишгоҳи «Равшан-Арена».

1/4 финал

«Равшан» (Кӯлоб) – «Истиқлол»

«Локомотив-Помир» – «Регар-ТадАЗ»

«Эсхата» – «Хатлон»

«Истаравшан» – «Кӯктош»

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG