Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ВКД садамаеро шарҳ дод, ки дар он овозхони шинохта Баҳром Ғафурӣ ҷон бохт. ВИДЕО


Баҳром Ғафурӣ.

Баҳром Ғафурӣ, аз сарояндаҳои машҳури эстрадаи тоҷик дар як садамаи нақлиётӣ ҷон бохт. Вазорати умури дохилии Тоҷикистон гуфт, ки ҳодиса соати 4-и субҳи 7-уми август дар наздикиҳои Донишгоҳи омӯзгорӣ рух додааст.

Ба иттилои манбаъ, дар ин ҳодиса Баҳром Ғафурӣ ба ҳалокат расида, ду нафари дигар - Баҳодур Зарипов ва Ислом Анварзода бо ҷароҳатҳо ба бемористони Қаряи Боло интиқол дода шуданд.

Вазорати умури дохилӣ мегӯяд, ки ронандаи "Ландкрузер-200" Ислом Анварзода муовини додситони ноҳияи Фирдавсӣ буда, баъди ташхиси тиббӣ муайян шуд, ки "ҳар се дар ҳолати мастӣ қарор доштанд."

Вазорат дар шарҳи сабаби ин ҳодиса гуфт, ки "ронанда суръати автомашинаро баланд карда, ба автомашинаи тамғаи "Камаз" бархӯрдаааст".

Маросими видоъ бо овозхони шинохта Баҳром Ғафурӣ
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:29 0:00

Дар ҳоли ҳозир тафтиши ҳодиса шуруъ шудааст ва мақомот мегӯянд, ки таҳқиқ аз ҷониби кормандони Шӯъбаи вазорати корҳои дохилӣ ва Бозрасии давлатии автомобилии ноҳияи Исмоили Сомонӣ пеш бурда мешавад.

Баҳром Ғафурӣ ​дар оромгоҳе дар канори Душанбе дафн карда шуд. Ӯ 44-сол умр дошт ва аз ӯ чаҳор фарзанд боқӣ монд.

Марги нобаҳангоми Баҳром Ғафурӣ хонавода ва наздокону дӯстони ӯро дар ҳолати шок қарор додааст. Анвар Ғафурӣ, бародари Баҳром рӯзи 7-уми август дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, то ҳол бовараш намеояд, ки бародари худро аз даст додааст. "Шаб як ҷо будем, гуфт, акҷон, маро ҳамин бачаҳо як ҷо таклиф доранд, хеста рафт, намедонам чӣ гап шуд, саҳар соати 5 телефон телефон шуд. Додари ман дар қафои мошин нишаста будааст, пушти сараш задааст",-афзуд Анвар Ғафурӣ.

Ба гуфтаи Фахриддини Холбек, яке аз дӯстони Баҳром Ғафурӣ, ин сароянда нақшаҳои зиёде дошт, вале орзуҳояшро бо худ бурд: "Ду суруд дар нақшаамон буд, ки омода шавад, яке ҳам омода шудагӣ аст, ман фикр мекунам дар студия бояд хонда бошад. Ин суруд "Рақси Бухоро" ном дорад, як суруди шӯх аст. Дигаре "Чила-чила мастам аз Шумо чӣ пинҳон". Ин тарона аслан дигар дастнохурда боқӣ монд, тарона, ки дар шакли хом буд, ҳамин хел мемонад".

Парвиз Ашӯров, яке аз дӯстони Баҳром Ғафурӣ, ки шоми гузашта бо ӯ дар як маҳфили арӯсӣ ҳузур доштааст, ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ин овозхон соатҳои тақрибан 21 аз тарабхонаи "Яккачинор" баромада ва гуфтааст, ки ба манзилаш меравад ва барои устоҳо, ки машғули таъмири хонааш ҳастанд, масолеҳи сохтмонӣ мебарад.

"Бо иштироки як гурӯҳ ҳунармандон дар ин маърака будем, Баҳром низ сурудхонӣ кард. Мо аз акаи Баҳром хоҳиш кардем, ки ҳамин шаб бо мо бошад, хурсандӣ кунем. Гуфт, бисёр дилам мехоҳад шиштану, лекин дар хона устоҳо кор карда истодаанд, баъзе чизҳо фармоиш додаанд, бояд ҳамонҳоро гирам. Тақрибан соатҳои 9-и шаб Баҳром аз назди мо рафт. Ним соат пас боз бо ӯ тамос гирифтем, ки як барнома карданием, гуфт, биёед дар студияи худам сабт мекунем",- афзуд Парвиз Ашӯров.

Баҳром Ғафурӣ аввали моҳи июн дар замоне, ки ҳама дар каратин буданд, дар як сӯҳбаташ бо Радиои Озодӣ гуфта буд, пайи эҷоди як тарона аст ва рӯзҳои наздик пешкаши ҳаводоронаш мекунад. Ӯ бо шӯхӣ гуфта буд, номи таронаашро намегӯяд ва ба мухлисонаш, ки аз гӯшанишинӣ хаста шудаанд, "сюрприз" мекунад. Ин охирин сӯҳбати овозхон бо Радиои Озодӣ буд.

Ӯ аз ҳунармандони ангуштшумор буд, ки солҳои 2011-2014 ду дафъа ҷоизаи бонуфузи Big Music Awards-и Амрико ба даст овард. Баҳром Ғафурӣ аз сарояндаҳои шинохтаи эстрадаи тоҷик буд.

Шарҳҳоро бинед (54)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG