Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бозиҳои шашуми соҳилии Осиё дар Чин ба соли 2021 гузаронида шуд


Бозиҳои соҳилии Осиё. Акс аз бойгонӣ.

Шӯрои олимпии Осиё эълом кард Бозиҳои шашуми соҳилии Осиё, ки ибтидо баргузории онҳо аз 28-уми ноябр то 6-уми декабр дар шаҳри Саняи музофоти Ҳайнани Чин пешбинӣ шуда буд, то соли оянда мавқуф гузошта шуд. Ҳамакнун бозиҳо аз 2-юм то 10-уми апрели соли 2021 баргузор мешаванд.

Қарори Шӯрои олимпии Осиё дар мувофиқа бо Кумитаи олимпии Чин ва Кумитаи тадорукоти Бозиҳои соҳилии Осиё бо мақсади таъмини амнияти варзишгарон, ашхоси расмӣ ва тамошобинон ба далели пандемияи COVID-19 қабул шудааст. - Корҳои омодагӣ ба бозиҳои дарпешистода идома доранд, - гуфта мешавад дар паёми Шӯрои олимпии Осиё.

Саня ҳаққи баргузории Бозиҳои шашуми соҳилии Осиёро моҳи марти соли гузашта ба даст овардааст. Мусобиқа 16 намудро дар бар мегирад, аз ҷумла шиноварӣ, ватерполо, варзиши сабук, баскетбол, волейбол, ҳандбол, футбол, гуштӣ, қайиқронӣ, серфинг ва ғайра. Дар бозиҳо ширкати беш аз 2000 варзишгар аз 40 кишвари қораи Осиё, аз ҷумла Тоҷикистон, дар назар аст.

Бозиҳои соҳилии Осиё бори аввал соли 2008 дар шаҳри Балии Индонезия баргузор шуд ва аз он замон то инҷониб дар ҳар ду сол доир мегардад. Саня аввалин шаҳре нест, ки дар Чин ин мусобиқаро баргузор мекунад. Соли 2012 бозиҳо дар шаҳри Ҳайяни музофоти Шандун дар шарқи Чин доир гаштанд.

Бозиҳои соҳилии Осиё, инчунин дар Маскати Умон (2010), Пҳукети Тайланд (2014) ва Дананги Ветнам (2016) баргузор шудааcт.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG