Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Зиндагӣ баъди халосӣ аз коронавируси нав чӣ гуна аст? ВИДЕО


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Бо гузашти чанд моҳ аз пандемияи коронавирус, пизишкон саъй доранд, маълум намоянд, ки бадани беморон ба вирус чӣ гуна вокуниш нишон медиҳанд.

Стивен Донелсон аз Амрико чанде пеш ва баъди муолиҷаи дароз дар шифохона аз COVID-19 халос шуд, вале ҳанӯз ҳам бо оқибатҳои бади сирояти вирус мубориза мебарад. Ӯро пас аз 13 ҳафтаи муолиҷа дар шифохонаи Даллас ба хона ҷавоб доданд ва онҷо ҳамсояҳо пешвозаш гирифтанд.

Донелсон мегӯяд, “дар воқеъ, шояд инҷо набудам, бисёр хиҷолат мекашам.” Вале муборизаи ӯ бо вирус тамом нашудааст. "Ҳаракат кардан осон нест, ҳеч чизе осон нест", -- афзуд ӯ.

Муолиҷаи Донелсон аз бемории COVID-19 осон набуд, чун ӯ ду сол пеш ҷарроҳии пайвандсозиро пушти сар кард ва доруҳои фурӯнишонандаи масунияти бадан мегирифт. Табибон ин доруҳояшро кам карданд, то баданаш бо вирус мубориза барад. Донелсонро беҳуш карданду зери мошини нафасдиҳӣ монданд. Ҳамроҳ бо муолиҷаи Донелсон табибон чизи зиёде дар бораи вирус омӯхтанд.

Кристина Гофф аз Маркази пизишкии Донишгоҳи Техас гуфт: "Беморони COVID-19, воқеан, барои мо беназиранд, чунки бо муолиҷаи онҳо мо меомӯзем. Барои табибон кори ҳассосе буд, чун ба тасмиме, ки мегирӣ шубҳа дорӣ, вале айни замон зуд меомӯзӣ."

Гузориши видеоиро дар ин ҷо бинед:

Зиндагӣ баъди халосӣ аз коронавирус чӣ гуна аст?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:57 0:00

Табибон мегӯянд, барои муолиҷаи Стивен Донелсон усули хосеро ба кор бурданд. Ӯро ба шикам хобондаанд ва Донелсон дар рӯзи якум 16 соат ба шикам хобидааст. Кристина Гофф мегӯяд, "ҳангоми муолиҷаи ҷаноби Донелсон усулеро ба кор бурдем, ки барои муолиҷаи гирифторони чунин бемориҳои роҳҳои нафас истифода мебарем. Як усули амалӣ ва асосие, ки барои муолиҷаи гирифторони илтиҳоби сахти шуш истифода мешавад, ба шикам хобонидани онҳост."

Бо гузашти вақт, ба гуфтаи табибон, оксигени хуни Донелсон боло рафт ва сиҳатиаш ба ҳадде хуб шуд, ки аз шифохона ҷавобаш доданд.

Теъдоди гирифторони бемории COVID-19 дар саросари ҷаҳон тақрибан 24 миллиону 505 ҳазор ҳисоб шудааст. Коронавируси нав то ҳол зиёда аз 840 ҳазор нафарро дар ҷаҳон куштааст. Беш аз 16 миллион кас табобат ёфтаанд.

Хабару гузоришҳои бештарро дар бораи буҳрони коронавирус дар ҷаҳон дар ин ҷо хонед:

XS
SM
MD
LG