Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пас аз қарори додгоҳ. Матлуба бо панҷ фарзандаш дар кӯча монд


Матлуба, сокини ноҳияи Восеъ
Матлуба, сокини ноҳияи Восеъ

Маъмурони иҷрои қарори додгоҳ ё судиҷрочиён як занро бо панҷ фарзандаш дар ноҳияи Восеъ аз манзили зисте, ки солҳо зиндагӣ мекард, берун карданд ва ба дари ин хона қуфл заданд.

Матлуба Иззатова, сокини ноҳияи Восеъ, ки ин хонаро 14 сол пеш хушдоманаш ба ӯ дода буд, ҳоло бо кӯдаконаш дар кӯчаи назди ин манзили зист зиндагӣ мекунад.

Наздикони шавҳари собиқаш мегӯянд, ин хона қонунан молӣ онҳост.

Дар ноҳияи Восеъ зане бо панҷ фарзандаш дар кӯча мондааст
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:38 0:00

Матлуба Иззатоваи 46 сола 25 сол пеш бо як марди тотортабори маҳаллӣ издивоҷ кард. Шаш сол пеш шавҳараш ба Русия барои кор рафт ва дигар барнагашт.

“14 соли пеш хушдоманам моро ба ин хона овард. Мо ин ҷо зиндагӣ кардем. Соли 2013 хона сухт ва онро аз сари нав таъмир кардем. Чанде пеш аммаҳои кӯдаконам пайдо шуданд ва гуфтанд, ки хона аз мост ва онро мо мегирем.”,-гуфт мусоҳиби мо.

Назари шавҳари Матлуба маълум нест ва ӯ бо хонаводааш низ тамос надорад.

Ин зан мегӯяд, борҳо ба Русия барои кор рафт, вале натавонист маблағ барои харидани хона ҷамъ кунад, чун ҳамзамон бояд панҷ фарзандашро таъмин мекард.

Пайвандони шавҳари Матлуба мегӯянд, ин хона ба шавҳар ва худи ин зан таалуқ надорад.

Марта Рибчинка, хоҳари шавҳари ӯ дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки Матлуба бо онҳо муносибати хуб надошт ва онҳо хонаро гирифтанд.

“Хела сол дар инҷо зиндагӣ кард ва кудаконро хуб тарбия намекард. Рафта раққосагӣ мекунад. Гуфтем, ки кӯдаконро хуб тарбия кунед, аммо гапи моро нагирифт ва мо маҷбур шудем, ки ба суд муроҷиат кунем”,-гуфт Марта Рибчинка.

Сайҷаъфар Мирзоев, раиси ҷамоати шаҳраки Восеъ дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки бояд ин зан то пайдо кардани хона пеш намешуд.

Аммо маъмурони иҷро ба Мирзоев гуфтаанд, ки ду маротиба ба ин зан барои тарки манзили зист мӯҳлат дода будаанд.

“Ҳозир агар имкон дошта бошад, дар иҷора нишинад, мақомот ба ӯ замин барои сохтмони манзили зист медиҳанд. Ман чаҳор моҳ шуд, раиси ҷамоатам, вале боре ба ман муроҷиат накардааст”,--гуфт раиси ҷамоат.

Матлуба бо кӯдаконаш беш аз даҳ рӯз боз дар куча зиндагӣ мекунанд ва мегӯянд, ҷое барои рафтан надоранд.

Баҳсҳо барои манзили зист миёни зану шавҳар ва ё хешовандони онҳо дар Тоҷикистон зиёд сабт мешавад. Дар аксар ҳолат, хонаро ба мисли Матлуба бо як ҳарфи хушку холӣ ба келинҳои хонадон медиҳанд, ки бо пеш омадани даъвои ҳуқуқӣ дар кӯча мемонад.

XS
SM
MD
LG