Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эрон ИМА-ро аз роҳ додан ба "хатои стратегӣ" ҳушдор дод


Қосим Сулаймонӣ, фармондеҳи нирӯҳои Қудс аз дасти раҳбари олии Эрон Алии Хоманеӣ ҷоиза мегирад. Марти соли 2019
Қосим Сулаймонӣ, фармондеҳи нирӯҳои Қудс аз дасти раҳбари олии Эрон Алии Хоманеӣ ҷоиза мегирад. Марти соли 2019

Дар паи таҳдиди президенти ИМА, ки ҳама гуна ҳамлаи Эрон алайҳи Амрико бо вокуниши ҳазор баробар сахттар рӯбарӯ мешавад, Теҳрон Вашингтонро аз роҳ додан ба “хатои стратегӣ” ҳушдор дод. Алӣ Рабеӣ, сухангӯи ҳукумати Эрон дар як нишасти матбуотӣ дар Теҳрон рӯзи 15-уми сентябр гуфт, ки “ҳама гуна хатои нави стратегӣ”-и раҳбарияти ИМА бо “посухи қотеи Эрон” рӯбарӯ хоҳад шуд.

Президенти ИМА Доналд Трамп дар вокуниш ба хабарҳо дар бораи ин ки Эрон дар посух ба куштори генерал Қосим Сулаймонӣ мехоҳад як дипломати амрикоиро бикушад, гуфт, ҳама гуна ҳамлаи Эрон бо вокуниши аз он сангинтар рӯбарӯ мешавад. Трамп рӯзи 14-уми сентябр дар Твиттер навишт, ки ҳама гуна ҳамлаи Эрон алайҳи ИМА ба ҳар шакле набошад, “бо ҳамла болои Эрон меанҷомад, ки ҳазор баробар бадтар хоҳад буд”. Сулаймонӣ фармондеҳи нирӯҳои Қудси Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ буд ва моҳи январи имсол дар Бағдод бо як дрони амрикоӣ кушта шуд. Изҳороти Трамп дар ҳолест, ки вебсайти Politico дар бораи вуҷуди як нақшаи эҳтимолии Эрон барои куштани Лана Маркс хабар дод, ки моҳи октябр ба мақоми сафири ИМА дар Африқои Ҷанубӣ таъин шуд. Politico рӯзи 13-уми сентябр гузориш дод, ки мақомоти иттилоотии амрикоӣ дар гузоришҳои худ мегӯянд, талошҳои эҳтимолии Эронро барои куштори Маркс мавриди таҳқиқ қарор додааст. Маълум нест, ки чаро Маркси 66-сола мавриди ҳадафи эҳтимолӣ қарор гирифтааст. Айни замон, Politico навиштааст, ки режими Эрон, ки дар фикри интиқом аст, чандин номзади дигари мавриди ҳадафи эҳтимолиро баррасӣ мекунад.

XS
SM
MD
LG