Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Равшан" ба финали Ҷоми Тоҷикистон-2020 роҳ ёфт


Дастаи футболи лигаи аввал “Равшан”-и Кӯлоб, ки дар бозии ниманиҳоии Ҷоми Тоҷикистон-2020 бар тими лигаи олӣ “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода бо ҳисоби 1:0 пирӯз шуд, ба финал роҳ пайдо кард.

Бозии “Равшан” - “Регар-ТадАЗ” рӯзи сешанбе, 22-юми сентябр, дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Кӯлоб доир гардид. Голи ягонаро дар ин дидор Абдураҳмон Нозимов дар дақиқаи 51-ум ба самар расонд.

Бояд гуфт, ки бори аввал дар таърихи Ҷоми Тоҷикистон оид ба футбол дастаи лигаи аввал ба финал баромад.

Ҳарифи “Равшан” дар бозии ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон-2020 имрӯз, 23-юми сентябр, пас аз натиҷагирии бозии дигари ниманиҳоӣ миёни дастаҳои лигаи олӣ “Хатлон”-и Бохтар – “Истаравшан”-и Истаравшан муайян хоҳад шуд. Ин бозӣ дар варзишгоҳи «Пахтакор»-и шаҳри Бохтар соати 15:00 оғоз меёбад.

Бозии ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон-2020 бо иштироки “Равшан” ва ғолиби ҷуфти нимфинал “Хатлон”/“Истаравшан” рӯзи шанбе, 10-уми октябр, дар Варзишгоҳи марказии Душанбе барпо мегардад. Оғози бозии ниҳоӣ – соати 16:00.

Бозиҳои ниманиҳоӣ ва ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон-2020 дар варзишгоҳҳо бе ҳузури тамошогарон баргузор мешаванд.

Бояд гуфт, ки имсол андозаи мусобиқа барои Ҷоми Тоҷикистон тағйир ёфт. Агар солҳои қаблӣ дар ҳар марҳила дастаҳо ду бозӣ (дар хона ва меҳмонӣ) анҷом медоданд, дар мавсими соли 2020 ҳар як марҳила аз як бозӣ иборат аст.

Агар замони асосии бозӣ бо ҳисоби мусовӣ ба поён расад, онгоҳ ду қисми 15-дақиқаӣ таъйин мегардад. Агар дар замони изофӣ ғолиб муайян нашавад, онгоҳ бар асоси дастури FIFA (Федератсияи байналмилалии футбол) ғолибро силсилаи пеналтӣ маълум хоҳад кард.


Ҷоми Тоҷикистон-2020

1/2 финал

«Равшан» – «Регар-ТадАЗ» – 1:0

Гол: Абдураҳмон Нозимов, 51.

«Равшан» (Кӯлоб): Рустам Ризоев, Музаффар Назаров (Сиёвуш Назирмадов, 86), Сайидамири Сайидаҳмад, Далер Шомуродов, Ҳасан Рустамов, Сафаралӣ Каримов, Абдураҳмон Нозимов, Амирҷони Фаррухзод (Умедҷон Бадалов, 89), Саидхони Амрохон (Зокир Абдулхайров, 46), Далер Чолов (Довуд Розиқов, 69), Шодӣ Муродов.

«Регар-ТадАЗ» (Турсунзода): Фатҳулло Бобоев, Ёқубҷон Аҳмадов, Фирӯз Қараев, Оятулло Сафаров, Акбар Бобомуродов, Акбари Шелдари Ораш, Расул Пайзов, Нозим Бобоҷонов, Парвиз Бахтиёрзода (Азизбек Ҳаитов, 78), Ҷамолиддин Зардиев (Диловаршо Ғаниев, 46), Шерзод Маҳамадиев (Иброҳим Зокиров, 74).

Огоҳӣ гирифтанд: Далер Чолов, Шодӣ Муродов, Далер Шомуродов, Сайидамири Сайдаҳмад («Равшан»), Расул Пайзов, Нозим Бобоҷонов («Регар-ТадАЗ»).

Беҳтарин бозигари вохӯрӣ: Сафаралӣ Каримов («Равшан»).

Сардовар: Насрулло Кабиров (Норак).

22 сентябр. Кӯлоб. Варзишгоҳи марказӣ.

23 сентябр (чоршанбе)

«Хатлон» – «Истаравшан»

Оғози бозӣсоати 15:00

Сардовар: Сайёдҷон Зайниддинов (Душанбе).

Бохтар, варзишгоҳи «Пахтакор».

Финал

10-уми октябр (шанбе)

Оғози бозӣ – соати 16:00

«Равшан» - Ғолиби ҷуфти нимфинал «Хатлон»/«Истаравшан»

Душанбе, Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ

Мусобиқа барои Ҷоми Тоҷикистон бори 28-ум баргузор шудааст. Ҳамагӣ даҳ даста барандаи Ҷом гардидааст. Аз ҳама бештар – ҳашт бор - “Истиқлол”-и Душанбе Ҷоми Тоҷикистонро ба даст овардааст. “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода шаш бор, “Хуҷанд”-и Хуҷанд чаҳор бор, “Вахш”-и Қӯрғонтеппа, “Варзоб”-и Душанбе ва “Парвоз” (собиқ “Авиатор”)-и Бобоҷон Ғафуров дуборӣ, “Помир”-и Душанбе, “Ситора”-и Душанбе, “Равшан”-и Кӯлоб ва “Пахтакор”-и ноҳияи Ҷаббор Расулов якборӣ Ҷоми Тоҷикистонро соҳиб гаштаанд.

НАТИҶАҲОИ ҲАМАИ БОЗИҲОИ НИҲОИИ ҶОМИ ТОҶИКИСТОН (1992 – 2019):

1992 – «Помир» (Душанбе) – «Регар» (Турсунзода) – 1:0

1993 – «Ситора» (Душанбе) – «Равшан» (Кӯлоб) – 0:0. Аз рӯи пеналтӣ – 5:3

1994 – «Равшан» (Кӯлоб) – «Шодмон» (Ҳисор) – 2:1

1995 – «Пахтакор» (Ҷаббор Расулов) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 0:0. Аз рӯи пеналтӣ – 3:2

1996/1997 – «Вахш» (Қӯрғонтеппа) – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – 4:0

1997/1998 – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – «Ранҷбар» (Восеъ) – 2:1

1998 – «Варзоб» (Душанбе) – «Хуҷа Каримов» (Ғозималик) – 3:1

1999 – «Варзоб» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 0:0. Аз рӯи пеналтӣ– 4:2

2000/2001 – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – «Варзоб» (Душанбе) – 4:2

2001/2002 – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – 3:1

2002 – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – «Вахш» (Қӯрғонтеппа) – 3:0

2003 – «Вахш» (Қӯрғонтеппа) – «Олимп-Ансол» (Кӯлоб) – 3:1

2004 – «Авиатор» (Бобоҷон Ғафуров) – «Ӯротеппа» (Истаравшан) – 5:0

2005 – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – «Вахш» (Қӯрғонтеппа) – 1:1. Аз рӯи пеналтӣ – 3:1

2006 – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – «Хима» (Душанбе) – 2:1

2007 – «Парвоз» (Бобоҷон Ғафуров) – «Хима» (Душанбе) – 1:0

2008 – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – «Энергетик» (Душанбе) – 2:1

2009 – «Истиқлол» (Душанбе) – ССКА «Помир» (Душанбе) – 3:1

2010 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – 5:0

2011 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 0:1

2012 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 1:1. Аз рӯи пеналтӣ – 5:6

2013 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 2:0

2014 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 5:2

2015 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) - 2:2. Аз рӯи пеналтӣ – 6:5

2016 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Ҳосилот» (Фархор) - 2:2. Аз рӯи пеналтӣ – 3:2

2017 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – 0:2

2018 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 1:0

2019 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 1:1. Аз рӯи пеналтӣ - 4:2.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

XS
SM
MD
LG