Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эмомалӣ Раҳмон аз интихоботи президентии ахир бояд чӣ паём бигирад?


Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, ҳангоми раъйдиҳӣ дар интихоботи 11-уми октябр дар Душанбе
Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, ҳангоми раъйдиҳӣ дар интихоботи 11-уми октябр дар Душанбе

Раҷаби Мирзо, рӯзноманигор ва таҳлилгар

Аз блоги "Рӯзи нав"

РАҚАМ МУҲИМ НАБУД

Ҳанӯз то эълони Комиссияи марказии интихобот, ситоди пешазинтихоботии ҳизби ҳокими халқии демократӣ эълон намуд, ки ба ҳисоби пешакии онҳо ба ҷонибдории номзадашон Эмомалӣ Раҳмон ҳудуди 90 дарсад овоз додаанд. Дертар ин маълумотро КМИР мушаххас кард: 90,92 дарсад!

Аслан дар маъракаи рӯзи якшанбе муҳим ин набуд, ки он бо чӣ натиҷа ба анҷом мерасад. Номзади ғолибро аз қабл, ҳатто маъракаи интихоботӣ оғоз наёфта, тахмин мезаданд. Албатта, барои Эмомалӣ Раҳмон ва ҷонибдоронаш, ки бори аввал дар интихобот таҳти мақому унвони Пешвои миллат иштирок мекарданд, рақами ҷамъбастӣ шояд хеле муҳим менамуд.

Гап сари рақами ҷамъбастист, чун назарҳое вуҷуд доранд, ки ин интихоботи ахири Раҳмон аст ва шояд ду сол пас мо шоҳиди як маъракаи интихоботии пеш аз мӯҳлат ҳам шавем. То ин замон, сатҳи баландтарини овозҳоеро, ки КМИР ба президенти амалкунанда дар 4 интихоботи қаблӣ эълом доштааст, каме бештар аз 81 дарсад ба ҳисоб мерафт.

Омори камтар аз ин, шояд ба назари таҳлилгарону идеологҳои ҳукумат, ба имиҷи номзад метавонист халал пеш биёрад. Аммо масъалаи асосии интихобот ҳамин буд?

  • Аввалан, дигар замонае нест, ки ҷамъбасти интихоботҳо бо чунин натиҷагириҳо ҷиддӣ гирифта шаванд. Ба Лукашенко, ки мегуфт ҳудуди 80 дарсади белорусҳо ба ҷонибдориаш овоз додаанд, чӣ иттифоқ пеш омад?
  • Дуюм, дар дунё кам дидаем президентҳоеро, ки бо камтарин бартарӣ пирӯз омада, аммо хидматҳои арзандаву таърихӣ барои мардуми худ анҷом додаанд?

Эмомалӣ Раҳмон ҳам дар интихоботи аввалини худ дар соли 1994 каме бештар аз 50 дарсади овозҳоро дар муқобили рақиби он замон тавонманду маъруфаш – Абдумалик Абдуллоҷонов ба даст овард. Оё ин халал расонд, ки корҳои муҳимеро анҷом бидиҳад? Ё имиҷаш поин рафт?

Зеро дар маъракаҳои сиёсӣ рақам муҳим нест. Ин як аксиома аст, ки барвақт исботи худро пайдо карда.

Чизи муҳимтарин дар интихоботҳо паём аст. Яъне чӣ?

Ҳеч ҳукумат бо ҳама тавонмандӣ наметавонад, аз масоили дохилидавлатӣ батамом огоҳ бошад. Ҳизбҳо, рақибони сиёсӣ ва матбуоти мустақил барои ҳамин вуҷуд доранд, то ҳукуматҳоро ихтору ҳушдор бидиҳанд. Ин таҷрибаи исботшуда аст, ки агар ҳукуматҳоро ба ҳоли худ монанд, аз худ мераванд, сахт ба роҳат дода мешаванд ва фикр мекунанд, ки кори нодурусте аз онҳо сар назадааст. Аммо баъд...

Президенти фирории қирғиз Аскар Акаев пас аз солҳо дар як мусоҳибааш гуфт, иштибоҳи аслии худ вақтеро медонад, ки Феликс Қуловро ба зиндон кашид. Ҳол он ки дар солҳои 2000-ум “Феликси оҳанин” аз шахсиятҳои пурвазни саҳнаи сиёсии Қирғизистон буд ва ӯро рақиби аслии Акаев медонистанд. Аммо дар иқрори худ президенти собиқ дер кард.

Акнун на тиҷорати зиёди пайвандонаш дар Қирғизистон монд, на ҳамсараш метавонист корҳои муҳими давлатиро баррасӣ намояд, на духтару писари акнун фавтидаашро ба мансабҳои калидӣ таъин намояд. Худаш ҳам имкони бозгашт ба ватанашро надорад...

Ҳамин чанд рӯз пеш Лукашенко ба суҳбати мухолифони худ рафт. Онҳое, ки пешопеши интихобот ба маҳбас равонашон кард ва мулоқот бо онҳоро ҳатто замони озодиашон барои худ ор медонист. Вале, инак, дар зиндон бо онҳо дар бораи ислоҳот дар Белорус машварат мекунад. Эҳтимол пас аз чанде ин зиндониёни сиёсӣ озод ҳам шаванд. Гап сари Лукашенкое меравад, ки феълан дар бораи дороиҳои зиёди пайвандонаш суҳбатҳо ҷо надорад ва аксари коргоҳҳои муҳими кишварашро ҳоло ҳам давлатӣ боқӣ гузоштааст. Аммо 80 фоиз эълон шудани натиҷаҳои интихобот барояш бало пеш овард...

Гуфтан мумкин нест, ки Тоҷикистон дар шароите интихоботашро паси сар кард, ки Белорус дошт. Фазову воқеиятҳо комилан дигаранд. Бо ин вуҷуд, Лукашенко медонист, ки “бало” аз куҷо сар мезанад. “Ҳамлаҳои пешазинтихоботӣ”-аш ба Русияро ёд доред? Мегуфтанд, ки ин “ҷазо” ба ӯ барои он дода шуд, ки гапи Путинро дар бораи давлати ягона “ду” кардааст. Агар “саркашӣ” намекард, Путин раъйпурсии ахирро анҷом намедоду дар мақоми дигар пайдо мешуд ва ин қадар “таги гап” намемонд. Ахиран Лукашенко ба пеши Путин нарафт? Аммо акнун ду кас “таги гап” монданд...

Ҳоло аст, ки русҳо мегӯянд шиддати авзоъ дар се кишвари узви Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё (Белорус, Арманистон ва Қирғизистон) аз панҷ кишвари узви ин созмони зери нуфузи Кремл, маънои дигар дорад ва аз ҷониби Ғарб роҳандозӣ шуда, то Путину ҳукуматашро ба худ гирифтор намояд. Ҳарчанд мушкилоти ахири Қирғизистон, ба назари инҷониб, барвақттар аз худ паём доданд: вақте тобистон Ҷеенбеков барои таҷлили Иди Ғалаба ба Маскав рафту ӯро бо баҳонаи пайдо кардани коронавирус дар ҳамроҳонаш аз фурудгоҳ бозпас фиристоданд.

Пеш аз интихоботи ахири парлумонии Қирғизистон, ки боис ба ҳаводиси ахир гардид, президенти қирғиз боз ҳам ба Кремл рафт. Замоне ки ному насабашро Путин ғалат гуфт: Шарман Шарипыч (ҳол он ки Сооронбой Шарипович ном дорад) бояд паём мегирифт. Путин ҳеч имкон надорад, ки иштибоҳ кунад! Ин ду ишораи (жести) хос буд...

Фикр мекунам, маъракаҳои сиёсиву интихоботӣ дар кишварҳои шаклногирифта маҳз барои ҷаҳони берун равона ва натиҷагирӣ мешаванд, то ба марказҳои қабули қарори муҳим нишон бидиҳанд, ки онҳо гӯё дар дохил мушкиле надоранд ва ҳамоно “дӯстдоштаи мардум” мондаанд. Албатта, ин маъноеро надорад, ки ҳолати воқеӣ чунин аст ва омилони хориҷӣ баҳонаву сабабе пайдо намекунанд, агар чизи дигаре мехоҳанд.

Мухолифону озодандешон барои ҳамин заруранд, то ҳукуматҳоро аз вазъи воқеӣ огоҳ кунанду барои чораандешӣ масъул намоянд. Барои ҳамин, онҳо дар маъракаҳои интихоботӣ барнома таҳия мекунанд, мушкилоти ҷиддии ҷомеаро матраҳ месозанд. Ҳатто, агар дар интихобот мағлуб мешаванд, бо ин вуҷуд, ҳукумат аз онҳо чизи наве мегирад ва барои ислоҳи вазъ талош хоҳад кард. Ва ба рақибонаш изҳори сипос ҳам менамояд. Шояд Раҳмон пас аз маъракаи савгандёдкунӣ чор номзад ба маъракаро ба дидор даъват кунад.

Маъзарат мепурсам, аммо аз ба истиллоҳ рақибони Эмомалӣ Раҳмон (ман онҳоро ҳамту “номзад” мегуфтам, на рақиб), ки КМИР дар “мубориза барои ҷои дуюм” ин дафъа тақрибан 3.5 фисади овозҳоро эълон кард (дар интихоботҳои пешин ин ченак 5-у 6% буд), чӣ доштанд, ки ҳукумати оянда битавонад аз онҳо истифода намояд?

Як суоли ман зимни мусоҳиба тақрибан бо ҳамаи номзадҳо ҳамин буд: президенти оянда аз барномаи Шумо чӣ гирифта метавонад?

Онҳо масоилеро ном мебурданд, ки имкон дорад ва бояд институту сохторҳои давлатӣ омӯхта, ба ҳукумат пешниҳод намояд: кам кардани андоз, арзон кардани нарх ва интернети босифат, таҷдиди хоҷагиҳои деҳқонӣ, сохтани метро, масоили дузанагӣ ва мушкилоти демографӣ...

Гуфтан мумкин аст, ки аз масъалагузориҳои ба истиллоҳ номзадҳо роҳбари собиқи мудири Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Тоҷикистон, равоншод Сӯҳроб Шарипов, “мухолифтар” буд, ки мегуфт тарҳи нави Қонуни асосиро таҳия кардаву ба ҳукумат пешниҳод намудаанд, то тавозуни шохаҳои ҳокимиятро таъмин намояд: кам кардани салоҳияти президент, бештар кардани мақоми сарвазиру парлумон...

Албатта, дар кишварҳои шаклгирифтаву рушддида ҳоло масоили иҷтимоӣ – иқтисодие чун кам кардани андоз ва мисли ин, ҳоло барои номзадҳо ба мақоми президентӣ метавонад хеле таъсиргузор бошад. Фаромӯш намекунем: гап дар ин маврид сари давлатҳои шаклгирифта аст, ки мушкилоти бунёдӣ надоранд!

Кишварҳое чун Тоҷикистон ба ислоҳоти ҷиддиву бунёдӣ ниёзманданд ва барои ҳамин номзадҳои баҷуръату ислоҳоҳотхоҳ бояд дар рақобатҳои сиёсӣ бошанд. Аз ин рӯ, фикр мекунам, дар интихоботи президентӣ мо ба номзаде (ақаллан яке) зарурат доштем, ки мегуфт дар бораи пайвандони президент “гапи бисёр” дар ҷомеа пайдо шудааст, тавозуни шохаҳои ҳокимият риоя намегарданд, ба мансабҳои муҳим одамони тасодуфиро таъин мекунанд, ҳуқуқу озодиҳои одамон помол мешавад, сабабҳои мустақил набудани судҳо ва тафтишоти нодурусти пешакиву судӣ боиси норозигии мардум гаштааст ва ин шохаҳои ҳукуматро ларзонак мегардонад...

“Дӯст гӯяд - табарвор” мақоли бисёр баҷо дар ҳамин ҳолатҳост. Ҳатто ин гуна номзадро “ташкил” кардан мумкин буд, то:

  • ҷомеаи дохилу хориҷ бовар кунад, ки ҳукумат интиқодпазир асту ақаллан “дудбаро” кушодааст;
  • ҳукумат аз раванди маъракаи интихоботӣ маълум намояд, ки ин гуна масъалагузориҳо то куҷо дар байни ҷомеа баррасӣ мешаваду ҷиддист ва дар оянда ҳолатро то ҷое тағйир диҳад.

Дуруст аст, ки ин гуна мавқеъро ҳукуматҳое гирифта метавонанд, ки ба худу сохтору институтҳои давлатии худ бовар доранд.

Пас гуфтан мумкин аст, ки дар мо ин боварӣ нест?

Ё дар марказҳои қабули қарори Қасри Миллат политтехнологу идеологҳои баҷуръату дурбин набуд?

Посухи ин саволҳо имиҷро маълум мекунанд, на рақамҳои болохонадор...

Аз Идора. Матолибе, ки дар ин гӯша ба нашр мерасанд, назари муаллифон буда, баёнгари мавқеи Радиои Озодӣ шумурда намешаванд.

XS
SM
MD
LG