Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

COVID-19 то кунун ба 8 миллион нафар дар Амрико сироят кардааст


Коронавируси нав тақрибан дар ҳамаи гӯшаҳои Амрико паҳн шудааст.
Коронавируси нав тақрибан дар ҳамаи гӯшаҳои Амрико паҳн шудааст.

Дар Иёлоти Муттаҳида шумори гирифторони бемории COVID-19 аз марзи 8 миллион гузашт. Дар ин кишвар вирус рӯзона ба даҳҳо ҳазор нафар сироят карда, дар тамоми гӯшаҳои он паҳн мешавад. Донишгоҳи Ҷон Ҳопкинс, ки омори сирояти коронавирусро ҷамъ мекунад, гузориш дод, ки рӯзи 15-уми октябр дар Иёлоти Муттаҳида тақрибан 60 ҳазор мавриди сирояти вирусро сабт кардаанд, ки баландтарин рақам пас аз рӯзи 14-уми август аст.

Мутахассисон сабаби суръат гирифтани густариши вирусро намедонанд, вале ба бардоштани маҳдудиятҳо аз ҷумла бозгашти муҳассилин ва донишҷӯён ба дарс ишора мекунанд. Дар дигар гӯшаи дунё дар Аврупо ҳам мардуми зиёдтаре мубталои беморӣ мешаванд ва мутахассисон мегӯянд, сард шудани ҳаво, ки мардумро дар хонаҳо ҷамъ мекунад, метавонад, шумораи беморонро боз ҳам зиёдтар кунад.

Омори рӯзи 15-уми октябр нишон дод, ки сирояти вирус дар Олмону Чехия ва Итолиё ва Лаҳистон ба ҳадди сироят дар баҳори имсол расидааст. Ҳанс Клуге, мудири Идораи аврупоии Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт рӯзи 15-уми октябр гуфт, ки маҳдудиятҳое, ки чанде аз кишварҳои Аврупо бо назардошти авзоъ ҷорӣ карданд, “комилан зарурист.”

XS
SM
MD
LG