Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пулиси Фаронса гуфт, ҳувияти касеро, ки барои карикатураи пайғомбар як муаллимро кушт, маълум кардаанд


Самуэл Пати, устоди 47-солаи фанни таърих ва ҷуғрофия дар Фаронса, баъд аз намоиши карикатура ё тасвирҳои танзомези пайғомбар Муҳаммад ба шогирдонаш, дар канори шаҳри Париж кушта шудааст. Мақомоти Фаронса рӯзи 17-уми октябр гуфтанд, ки ҳамлавар ҷавони 18-солаи чечен аз шаҳри Маскав аст ва ҳангоми амалиёт кушта шуд.

Эммануэл Макрон, раиси ҷумҳури Фаронса, қатли омӯзгорро маҳкум кард ва онро "ҳамлаи террористии исломгароёна" номид. Вай гуфт: "Имрӯз як ҳамватани моро ба хотири онки муаллим буд ва озодии баёнро таълим медод, ба қатл расондаанд."

Раҳбарони мусалмон ҳодисаро маҳкум кардаанд. Бисёре аз шахсиятҳои шинохта онро "ҳамла ба ҷавҳар ё асоси давлати Фаронса, арзишҳои дунявият, озодии ибодат ва баён" донистанд.

Пулиси Фаронса гуфт, ки ҳамлавар ҳангоми амалиёти боздошт ҳадафи тир қарор гирифт ва баъдан бар асари ҷароҳатҳои бардоштааш ҷон бохт. Дар робита ба ин ҳодиса 9 нафар, аз ҷумла бобову бибӣ ва бародари ҳабдаҳсолаи ҳамлаварро дастгир кардаанд. Муфаттишон мегӯянд, онҳоро рӯзи 17-уми октябр дар боздоштгоҳ бозпурсӣ карданд.

Эммануэл Макрон
Эммануэл Макрон

Пулис мегӯяд, муаллим Самуэл Пати ҳангоми дарс дар бораи озодии баён карикатураи паёмбари исломро нишон додааст ва волидон нисбат ба он шикоят кардаанд.

Рӯзи 9-уми октябр дар Твиттер низ устоди таъриху ҷуғрофияро дар Конфлан-Сент-Онорин ба намоиши тасвирҳои танзомези паёмбари ислом муттаҳам карда буданд. Мақомоти Фаронса мегӯянд, муаллим баъд аз он таҳдид ба марг шуда буд. Ҳамла ба ӯ бегоҳи ҷумъа дар наздикии бинои мактаб сурат гирифтааст.

Солҳои охир Фаронса шоҳиди ҳамлаҳои хушунатомези ифротгароёни исломӣ будааст. Дар ин кишвар, дар Аврупои Ғарбӣ, ҷамъияти бузургтарини мусалмонҳо ба сар мебаранд. Бархе аз онҳо чеченҳое ҳастанд, ки пас аз ҷанги Русия дар Чеченистон дар солҳои 90-ум паноҳанда шудаанд.

Нирӯҳои пулис дар ҷойи ҳодиса
Нирӯҳои пулис дар ҷойи ҳодиса

Ҳодисаи ахир дар ҳоле рух дод, ки моҳи гузашта марде, ки аз Покистон ба Фаронса муҳоҷират карда буд, ду нафарро дар наздикии дафтари маҷаллаи ҳаҷвии Charlie Hebdo захмӣ кард.

Карикатураҳои пайғомбари ислом, Муҳаммад, бори аввал дар Charlie Hebdo нашр шуда, кормандони маҷалла ҳадафи ифротгароёни исломӣ қарор гирифта буданд. Дар ҳамлаи моҳи январи соли 2015 ба идораи маҷалла 12 нафар кушта ва 11 кас маҷруҳ шуданд.

Баъди даҳ моҳи ҳодиса, моҳи ноябри соли 2015, дар ҳамла ба маркази дилхушӣ дар Париж 130 кас ҷон бохта ва беш аз 400 нафар захмӣ шуданд. Ин яке аз ҳамлаҳои пурқурбонӣ дар Фаронса дониста мешавад.

Шарҳҳоро бинед (22)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG