Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Домоди Навоз Шариф боздошт шуд


Марям Шариф бо ҳамсараш Муҳаммад Сафдар
Марям Шариф бо ҳамсараш Муҳаммад Сафдар

Дар Покистон рӯзи 19-уми октябр баъди он ки домоди нахуствазири табъйидӣ Навоз Шариф дар сари қабри муассиси кишвар алайҳи низомиҳо шиор партофт, боздошт шуд. Муҳаммад Сафдар дар ҳоле боздошт шуд, ки дар Покистон эътирозҳои сартосарӣ алайҳи ҳукумати нахуствазир Имрон Хон идома дорад ва ҳизби “Лигаи мусалмонон”-и Шариф як ширкатдори он мебошад. Эътирозгарон гуфтанд, ки давоми ду соли раҳбарии Имрон Хон дар кишвар озодиҳои сиёсӣ маҳдуд шуда, сензура ва саркӯби дигарандешон авҷ гирифтааст. Боздошти Сафдар маҳкумияти мухолифонро ба бор овард. Онҳо мегӯянд, ки мақомот оилаи Навоз Шарифро ҳадаф қарор додаанд. Сафдар дар як меҳмонхонаи Карочӣ боздошт шуд. Аз он ҷо истода ӯ ҳамроҳ бо ҳамсараш Марям Навоз рӯзи 18-уми октябр ба эътирозгарон муроҷиат кард. Ҳамон рӯз ӯ аз мақбараи Муҳаммад Алӣ Ҷиннаро, ки раҳбари ҳаракати истиқлолхоҳии соли 1947 ба шумор мерафт, зиёрат кард. Дар ҷараёни маросими зиёрат Сафдар нидо мекард, ки “ба интихобот эҳтиром гузоред!” Дар Покистон ин шиор ҳамчун интиқод аз низомиёни кишвар қабул мешавад, ки аз замони таъсиси Покистон раҳбарии воқеии ин кишвари иборат аз 220 миллион ҷамъиятро ба ӯҳда доштаанд.

Имрон Хон дар гузашта ин иттиҳомро рад кардааст, ки барои дастёбӣ ба пирӯзӣ дар қудрат барояш низомиҳо ёрӣ кардаанд. Марям Навоз гуфт, ки то замони аз қудрат барканор шудани Имрон Хон эътирозҳои онҳо идома меёбад.

XS
SM
MD
LG