Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳоҷимуҳаммад Умаров: "Даромадҳои пинҳонӣ ошкор шаванд, Тоҷикистон хоҳад шукуфт"


Ҳоҷимуҳаммад Умаров

Профессор Ҳоҷимуҳаммад Умаров, иқтисоддони маъруфи тоҷик, ки пайваста ва бе парда дар бораи вазъи иқтисод ва молиёту ҳузури сармоягузорони хориҷӣ дар Тоҷикистон бо расонаҳо суҳбат мекунад, 75-сола шуд.

Ӯ 26-уми октябри соли 1945 дар деҳаи Шамтучи ноҳияи Айнӣ таваллуд шуда, факултаи иқтисоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро хатм кардааст.

Яке аз фаъолони Ҳизби демократи Тоҷикистон буд ва соли 2013 азмашро барои пайвастан ба ҳизби сабтнашудаи “Тоҷикистони нав” изҳор дошт. Тақрибан ду сол пеш аз интихоботи президентии соли 2006 матбуот ӯро "номзади рақами як" муаррифӣ мекард, вале ӯ ҳеч гоҳ дар ин маъракаи сиёсӣ иштирок накардааст.

Қаблан дар Пажӯҳишгоҳи иқтисоди Академияи илмҳо ва Институти таҳқиқоти иқтисодии назди Вазорати иқтисод ва савдои Тоҷикистон фаъолият дошт. Ҳоло устоди донишгоҳ аст. Умаров қаблан дар як суҳбаташ бо нашрияи "Азия Плюс" гуфт, "агар дубора таваллуд шавам, боз ҳам иқтисоддон хоҳам буд. Имрӯзҳо дар донишгоҳ дар бораи пул ва қарзҳои бонкӣ дарс мегӯям ва бисёр шавқовар аст. Медонед, ман баҳс карданро дӯст медорам, чун ҳақиқат зодаи баҳс аст."

Ҳоҷимуҳаммад Умаров, доктори илми иқтисод, яке аз мусоҳибони доимии Радиои Озодӣ дар масъалаҳои иқтисодиву сиёсӣ низ ҳаст. Дар ин рӯз чанд иқтибоси ӯро аз суҳбатҳояш бо хабарнигорони Радиои Озодӣ гирд овардем, ки на танҳо мазмуни онҳо кӯҳна нашудааст, балки ёдовариашон аз манфиат холӣ нест.

ПУЛИ МУҲОҶИРОН – “ТАКЯДЕВОР”-И БУҶА

“Пули фиристодаи муҳоҷирон манбаи асосии зиндагии ҳаштод дарсади хонаводаҳо ва "такядевор" барои буҷаи кишвар аст. Ин маънои онро дорад, ки маблағи фиристодаи муҳоҷирон нисбат ба дигар манбаъҳо дар кишвар, аз ҷумла маош, нафақа ва даромаде, ки шаҳрвандон аз замини назди ҳавлиашон мегиранд, зиёдтар аст. Агар не, сокинон барои кор ба Русия намерафтанд. Маблағҳои интиқолӣ ба ду тақсим мешаванд: аввал ба фонди амонатҳо гузошта мешаванд ва дуюм ба бозор мераванд. Ин маблағҳо аз чанд даст гузашта, билохира ба буҷаи давлат ворид мешаванд."

КАМБИЗОАТҲО БЕШТАР ДАР КУҶО ҲАСТАНД?

“Вақте аз Душанбе озими ноҳияҳо мешавед, рӯшан мушоҳида мекунед, ки сатҳи камбизоатӣ дар он ҷо хеле баланд аст. Бонки Ҷаҳонӣ сатҳи фақрро аз рӯйи ченаки хароҷоти 2,5 доллар барои як нафар ва 1,5 доллар барои нафарони фавқулода нодор чен мекунад.”

САРВАТҲОИ ЗЕРИЗАМИНӢ АЗ КИСТ?

“Ман мухолифи он ҳастам, ки сарватҳои зеризаминии Тоҷикистон дар ихтиёри ширкатҳои хориҷӣ гузошта шаванд. Инҳо сарватҳои мардуми тоҷик аст ва дар оянда мо худ метавонем ин боигариҳоро барои дарёфти қарзҳо аз кишварҳои дигар истифода кунем."

АНДОЗИ ГАРОН

“Гаронии андоз тибқи таҳлилҳои олимон дар Тоҷикистон ба 86 фоизи ҳаҷми фоидаи корхонаҳо баробар аст, ки ин хеле баланд аст ва корхонаҳо имкон пайдо намекунанд, кори худро рушд диҳанд. Агар тавре мешуд, ки 86 дарсад фоида ба соҳибкорон мемонд, дар ин сурат вазъи соҳибкорӣ беҳтар мешуд. Кодекси феълӣ аз аввал то охир хато аст ва ба як ислоҳоти ҷиддӣ ниёз дорад”.

АЗ КӢ БОЯД ҚАРЗ БИГИРЕМ?

“Ба Чин рост омадани қисми бузурги қарзи берунӣ ва ҳузури ин кишвар дар аксар бахшҳои иқтисод барои Тоҷикистон хатар дорад. Аз давлатҳои дигар ҳам гирифтан даркор аст, то ин кишвар ба мо фишор наорад. Дар муносибат бо Чин хеле эҳтиёткор бояд буд, зеро ин кишвар асосан дар бахши истихроҷи маъдан қарзи бештар медиҳад, аммо барои рушди соҳаҳое, ки мардуми маҳаллии моро бо ҷойи кори хуб таъмин мекунад, қарз намедиҳад."

ТАҚСИМИ НОБАРОБАРИ ИМТИЁЗҲО

"Тоҷикистон системаи андозбандии ягона дорад, лекин вақти он расидааст, ки системаи андозбандии прогрессивӣ ҷорӣ шавад, то қишри сарватманд ба давлат андози бештар пардохт кунад. Баъдан давлат додани ҳар гуна имтиёзро ба ширкатҳои худӣ бояд хотима диҳад. Баробариву адолати иҷтимоиро нисбат ба ҳама ширкату соҳибкорон яксон татбиқ кунад, то сарбории андоз бар дӯши қишри нодор наафтад.”

МУШКИЛИ АСОСИИ КОРХОНАҲО КАДОМ АСТ?

“Соҳибони ширкатҳову корхонаҳо барои тавсеаи фаъолияти худ сармояи зарурӣ надоранд, ки дар ниҳоят муҷиби варшикастагӣ мешавад. Соҳибкорон қарзҳои феълии бонкҳои Тоҷикистонро, ки фоизаш хеле баланд аст, ҳаргиз наметавонанд бозпас диҳанд ва имтиёзи дастрасӣ ба қарзҳои арзонро танҳо як гурӯҳи корхонаҳое доранд, ки ба мақомоти баландпоя наздик мебошанд.”

СОҲИБКОРОНИ ХУРДУ МИЁНАРО САНҶАНД Ё “ОЛИГАРХ”-ҲОРО?

“Душвортар аз ҳама барои ширкатҳову соҳибкорони хурду миёна мешавад. Зеро “олигархҳо” дар миёни мақомот сарпаноҳ доранд ё аз сӯи худи ин мақомот таъсис шудаанд. Аммо нозирон ҳамчунон ширкатҳои хурду миёнаро мавриди санҷиш қарор дода, талош мекунанд хисороти буҷаро аз ин тоҷирон ҷуброн кунанд. Аммо дар асл маҳз ҳамин олигархҳо бояд дақиқ санҷида шаванд, зеро дар фаъолияти онҳо рӯйпӯш кардани нишондодҳои иқтисодӣ бештар мушоҳида мешавад. Мутмаинам, ки агар ширкатҳои бузургу олигархҳо тамоми дороиҳои худро ошкоро нишон диҳанд, буҷаи Тоҷикистон бо камбуди маблағ ҳаргиз рӯбарӯ нахоҳад шуд”.

АЗ УЗБЕКИСТОН ЧӢ ГИРЕМ ВА ЧӢ ДИҲЕМ?

“Аз Узбекистон дастрас кардани газ ва дар зимистон - нерӯи энержӣ бояд дубора иҷозат дода шавад. Бар иваз Тоҷикистон иҷозат диҳад, ки дар тобистон нерӯи барқи иловагии нерӯгоҳҳои кишвар ба Узбекистон содирот шавад. Инчунин Узбекистон метавонад ба Тоҷикистон маводи мошинсозиро содир кунад. Тоҷикистон бошад ба ин кишвар метавонад миқдори хеле зиёди маҳсулоти сохтмонӣ, масалан сангу регро содир кунад, ки дар Узбекистон гарон аст."

КОҒАЗҲОИ ҚИМАТБАҲОИ ТОҶИКИСТОНРО КӢ МЕХАРАД?

“Дар бозорҳои байналмилалии молиявӣ коғазҳои қиматнокро на кишварҳое чун Амрико, Русия ё Чин, балки бахши хусусӣ харидорӣ мекунад. Онҳо қабл аз ин корро кардан вазъи иқтисодӣ ва тавоноии молии Тоҷикистонро меомӯзанд. Вақте мефаҳманд, ки Тоҷикистон қарзҳои хориҷии худро дар вақташ пардохт карда натавониста ва сол ба сол реструктизатсия мекунад, коғазҳои қиматноки ин кишварро харидорӣ нахоҳанд кард.”

ТОҶИКИСТОН БА EАЭС БИПАЙВАНДАД?

“Узвияти Тоҷикистон дар Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё вазъи ҳуқуқии муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия ва Қазоқистонро беҳтар карда дар роҳ ёфтани молҳои Тоҷикистон ба бозорҳои бузурги кишварҳои минтақа мусоидат мекунад. Бо истифода аз таҷҳизоти пешрафтаи Русия ва тухмиҳои аълосифати кишоварзии ин кишвар, Тоҷикистон метавонад ба истеҳсоли беҳтари маҳсулоти кишоварзӣ, бо шумули пахта даст ёбад.”

НАҚШИ “ГУРУҲҲОИ МАНФИАТХОҲ” ДАР ТИҶОРАТИ ПАХТА

“Фурӯши нахи пахта ба хориҷи кишвар аз ҷониби гурӯҳи наздик ба мақомоти Тоҷикистон монополия шудааст. Гурӯҳҳои манфиатнок намехоҳанд, ки пахта дар дохили кишвар коркард шавад. Ин гурӯҳҳо аз фурӯши нахи пахта ба хориҷ фоида мебинанд. Ин гурӯҳҳо нерӯманд ҳастанд, ягон вазорату идораи давлатӣ наметавонанд пеши роҳи онҳоро гиранд.”

БАХШИ ХУСУСӢ ДАР ЧӢ ҲОЛ АСТ?

“Бахши хусусии Тоҷикистон дар муқоиса ба кишварҳои дигари пасошӯравӣ заиф буда, аз эҳтимол дур аст, ки тавони хусусисозӣ ва нигоҳдории инфрасохтор, бахусус, роҳу шабакаҳои обу барқрасониро дошта бошанд. Барои мисол, чанд кӯдакистони шаҳри Душанбе хусусӣ шуда, аммо тафовут миёни кӯдакистон қаблӣ ва феълӣ он аст, ки биною инфрасохтори кӯдакистон тармиму бозсозӣ нашуда ва танҳо ҳаққи нигоҳубину тарбияти кӯдакон ду баробар афзоиш ёфтааст.”

ЧАРО БАҲРАҲОИ БОНКӢ ДАР ТОҶИКИСТОН БОЛОСТ?

“Далели аслии боло будани фоизи қарзҳо дар бонкҳои Тоҷикистон ба таври нокофӣ дар гардиш будани пули миллӣ аст. Далели дигар дар сатҳи баланд қарор доштани таваррум дар Тоҷикистон ҳисоб меёбад. Ба иллати тарс аз имкони бештар афзоиш ёфтани сатҳи таваррум ва ҳимоя аз зиёнҳои эҳтимолӣ, бонкдорони Тоҷикистон ҳамеша мизони фоизҳои қарзро аз сатҳи муқаррарӣ болотар таъйин мекунанд.”

БОЮ КАМБАҒАЛ

“Торафт бузургтару бузургтар шудани фосила байни мардуми дорову нодор дар Тоҷикистон низ ба як тамоюл табдил ёфтааст. Ин раванд аз як тараф натиҷаи ҷаҳонишавист ва аз сӯи дигар, меваи омилҳои дохилие, чун фасод.”

РОҲИ НАҶОТ КАДОМ АСТ?

Роҳи халосӣ аз ҳолати бӯҳронӣ, пеш аз ҳама, анҷоми як ислоҳоти ҷиддӣ ва фарогир аст. Ва ҳатман ислоҳоти сохторӣ. Боло бурдани нақши давлат дар идораи умури иқтисод. Ва даст кашидан аз идеологияи неолибералие, ки давлат имрӯз дар бахши иқтисод пеш бурда истодааст. Агар ин корҳоро амалӣ гардонанд, вазъ беҳтар ва таъсири бӯҳрони Русия ба иқтисоди мо камтар мешавад."

МАРДУМ ЧӢ МЕХОҲАД?

“Барои мардуми одӣ пеш аз ҳама муҳим ин аст, ки сатҳи зиндагияш хуб бошад ва барои рушди фарзандонаш шароитҳои зарурӣ муҳайё бошад ва албатта, озод бошад. Ҳамин чизҳо даркор аст барои мардум. Аз ин рӯ мардуми мо фикраш ин аст, ки фарзандаш меравад Русия."

РАҚАМИ ВОҚЕИРО НАМЕГӮЯНД

“Мавзӯи мизони камбизоатӣ дар Тоҷикистон бисёр хандаовар шудааст. Як замон 42 дарсад мегӯянд, яквақт 32 дарсад ва гоҳи дигар 34 дарсад баъзан 38 дарсад мегӯянд мизони камбизоатиро. Дар вохӯрӣ бо муллоҳо президент эълон кард, ки миқдори камбизоатҳо 200 ҳазор боқӣ мондааст. Инҳо сару калобаи ҳисобу китобро гум кардаанд ва ҳамон рақамеро мегӯянд, ки ба мақсади сиёсии онҳо мувофиқат мекунад.”

Шарҳҳоро бинед (20)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG