Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Оташбас миёни Арманистон ва Озарбойҷон як рӯз ҳам идома накард


Истифодаи тупхона дар даргириҳои Қарабоғи Кӯҳӣ
Истифодаи тупхона дар даргириҳои Қарабоғи Кӯҳӣ

Арманистон ва Озарбойҷон дубора ҳамдигарро ба вайрон кардани созиши оташбас дар минтақаи ҷудоихоҳи Қаробоғи Кӯҳӣ айбдор карданд, ки бо миёнаравии ИМА ба даст омада буд.

Нахуствазири Арманистон Никол Пашинян рӯзи 27-уми октябр дар Твиттер навишт: "Мехостам изҳор намоям, ки талошҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ, ки ин дафъа бо миёнаравии Иёлоти Муттаҳида ба эълони оташбас расида буданд, ноком шуданд. Дар натиҷаи гулӯлаборони пайваста аз тарафи Озарбойҷон дар Артсах (номи армании Қаробоғи Кӯҳӣ) ғайринизомиён кушта ва маҷрӯҳ шуданд”.

Дар ҳамин ҳол, Вазорати дифои Озарбойҷон рӯзи 27-уми октябр эълом дошт, ки Арманистон натавонист шароити оташбаси башардӯстонаро риоя кунад. "Нерӯҳои мусаллаҳи Арманистон дар давоми рӯзи 26-уми октябр ва шаби 27-уми октябр мавқеъҳои артиши Озарбойҷонро дар самтҳои гуногун дар ҷабҳа ва нуқтаҳои аҳолинишини наздики он аз силоҳҳои гуногун ҳадаф қарор доданд. Ҷангҳо асосан дар самтҳои хатти ҷабҳа дар Хоҷавенд, Физулӣ ва Губадлӣ идома доштанд," -- омадааст дар паёми Вазорати дифои Озарбойҷон ва изофа шудааст, ки нерӯҳои Озарбойҷон ба ҳамлаҳо посух додаанд.

Оташбас расман аз нимишабии 25 ба 26-уми октябр сар шуда буд.

Даргириҳо дар Қаробоғи Куҳӣ аз 27-уми сентябр шуруъ шуда, дар Арманистону Озарбойҷон вазъи низомӣ эълом гардид. Ҳар ду кишвар аз талафоти ҷонӣ ва ҷароҳат бардоштани шаҳрвандонашон хабар медиҳанд ва ҳамдигарро дар ташдиди вазъ айбдор мекунанд.

Низои Озарбойҷону Арманистон бар сари Қаробоғи Куҳӣ аз охирин солҳои мавҷудияти Иттиҳоди Шӯравӣ идома дорад. Минтақаи мазкур, ки бештари бошандагонаш арманӣ ҳастанд, дар соли 1991 эълом кард, ки аз Озарбойҷон ҷудо ва мустақил мешавад, аммо ҳеч кадом давлати дунё ин минтақаро эътироф накард.

XS
SM
MD
LG