Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Савганди Эмомалӣ Раҳмон ва ваъдаҳои ӯ барои ҳафт соли оянда


Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар маросими савгандёдкунӣ.
Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар маросими савгандёдкунӣ.

Эмомалӣ Раҳмон савганди президентӣ ёд кард ва давраи панҷуми раёсатҷумҳурии худро оғоз кард. Раҳмон ваъда дод, ки дар ҳафт соли оянда "шабу рӯз, содиқона, бо виҷдони пок ва дасту дили нек ва ба тамоми ҳастӣ" ба мардум хизмат мекунад. Оқои Раҳмон тибқи иттилои КМИР дар интихоботи президентии рӯзи 11-уми октябр бо касби қариб 91 дарсад раъй ғалаба кард. Мухолифони Эмомалӣ Раҳмон интихоботро бойкот карда гуфтанд, дар он рақобати воқеӣ набуд.

Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 30-юми октябр дар "Кохи Сомон" савганди нави президентӣ ёд кард ва барои ҳафт соли оянда ваъдаҳое дод. Аз ҷумла ӯ гуфт, дар ҳафт соли оянда Тоҷикистон бояд ба истиқлолияти комили энержӣ расида, аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳо шавад ва ба як кишвари транзитӣ табдил шавад. Инчунин ба гуфтаи оқои Раҳмон, дар ҳафт соли оянда Тоҷикистон ба ҳадафи дигар стратегӣ-ҳифзи амнияти озуқаворӣ наздик мешавад.

Раиси ҷумҳури Тоҷикистон аз муваффақиятҳои кораш дар ҳафт соли ахир низ ёдовар шуд ва аз ҷумла гуфт, ҳаҷми ММД афзоиш ёфта, камбизоатӣ дар кишвар коҳиш ёфтааст. Ҳарчанд мунтақидон ҳукумат ин рақамҳоро зери шубҳа бурда мегӯянд, вазъи иқтисоди Тоҷикистон дар ҳафт соли ахир беҳбуд наёфта, кишвар ҳарчи бештар вобастаи пули муҳоҷирон шуд.

Эмомалӣ Раҳмон дар бораи муҳоҷирон ҳам гуфт ва афзуд, ҳукумати зери роҳбарии ӯ дар ҳафт соли гузашта шумораи муҳоҷиронро аз 1,1 миллион ба 460 ҳазор кам кард. Аммо оморҳои мақомоти Русия мегӯянд, шумори муҳоҷирони тоҷик танҳо дар ин кишвар аз як миллион бештар аст.

Баромади яксоатаи Раҳмон дар "Кохи Сомон" бештар ба паёмҳои ҳарсолаи ӯ ба порлумон монанд буд ва қисми асосиаш ҳам аз ташаккур гуфтан ба мардум иборат буд. Раиси ҷумҳур ба ҷуз аз барномаҳои иқтисодӣ, дар бораи дигар соҳаҳо аз ҷумла маориф, тандурустӣ, соҳибкорӣ ва фазои сармоягузорӣ суҳбатҳои умумӣ кард ва гуфт, талош мекунад дар ҳафт соли оянда ин соҳаҳоро рушд диҳад.

Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин гуфт, дар ҳафт соли оянда мавқеи занон дар ҷомеа беҳтар мешавад. Суханҳое, ки қаблан низ аз забони раиси ҷумҳур садо дода буданд ва мунтақидони Раҳмон мегӯянд, онҳо навъе шиор ҳастанд.

Оқои Раҳмон аз соли 1992 инак 28 сол боз Тоҷикистонро роҳбарӣ мекунад. Тарафдоронаш мегӯянд, ӯ дар ин муддат тавонист ҷанги дохилиро хомӯш карда, иқтисоди кишварро рушд диҳад. Вале мунтақидони оқои Раҳмон мегӯянд, дар давраи роҳбарии ӯ Тоҷикистон ба як кишвари қафомонда ва худкома табдил ёфт.

Маросими савгандёдкунии Эмомалӣ Раҳмон субҳи 30-юми октябр оғоз шуд. Дар маросими савгандёдкунии Эмомалӣ Раҳмон зиёда аз 7 ҳазор нафар сарбозон ва кормандони ниҳодҳои қудратӣ иштирок карданд.

Маросими савгандёдкунии оқои Раҳмон дар "Қасри Миллат" шуруъ шуд. Дар инҷо Бахтиёр Худоёрзода, раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ ба Эмомалӣ Раҳмон шаҳодатномаи президенти Тоҷикистон супорид. Ҳамчунин Раиси Додгоҳи конститутсионӣ ба Эмомалӣ Раҳмон рамзи президенти Тоҷикистонро супорид.

Тибқи иттилои Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ Эмомалӣ Раҳмон дар интихоботи рӯзи 11-уми октябр бо касби 90,92 дарсади раъй ғалаба кард.

Ҳарчанд коршиносон ин интихоботро муносиб ба интихоботи демократӣ арзёбӣ накарданд ва гуфтанд, дар баробари Эмомалӣ Раҳмон рақиби шоистае дар сабқат ширкат надошт.

Ҳизби сотсиал-демократ, ягона ҳизби мухолиф дар дохили Тоҷикистон интихоботро бойкот карда гуфт, натиҷаҳои онро қабул надорад.

Коршиносон мегӯянд, Эмомалӣ Раҳмонро дар ҳафт соли оянда чолишҳои зиёде интизор аст.

Парвиз Муллоҷонов, таҳлилгари тоҷик мегӯяд, муҳимтарин масъала дар назди Раҳмон, ин мушкили иқтисодӣ аст. Чун ба таъкиди Муллоҷонов, кишвар дар вазъияти бӯҳронӣ қарор дорад ва косташавии бозори меҳнат дар Русия, ба Тоҷикистон таъсири ҷиддӣ мегузорад.

"Пастшавии сатҳи зиндагии мардум ва косташавии даромади муҳоҷирон. Вақте сатҳи зиндагии мардум паст мешавад, таниши иҷтимоӣ зиёд мешавад. Буҳрони иқтисодӣ ба дигар соҳаҳо аз ҷумла маорифу тандурустӣ ва дигар соҳаҳо таъсири ҷиддӣ мекунад,”-афзуд Муллоҷонов.

Ба гуфтаи ин таҳилгар, барои ҳалли мушкилиҳои иқтисодӣ ислоҳотгарон заруранд, ки дар сохтори идоравии Тоҷикистон ҳузури онҳо дида намешавад.

XS
SM
MD
LG