Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нерӯҳои ҳофизи сулҳи Русия вориди Қарабоғи Кӯҳӣ шуданд


Нерӯҳои ҳофизи сулҳи Русия дар Қарабоғи Кӯҳӣ.
Нерӯҳои ҳофизи сулҳи Русия дар Қарабоғи Кӯҳӣ.

Нерӯҳои ҳофизи сулҳи Русия рӯзи сешанбе бар асоси созише, ки ба даргириҳои низомӣ байни Арманистон ва Ҷумҳурии Озарбойҷон поён дод, дар минтақаи Қарабоғи Кӯҳӣ ҷойбаҷо шуданд.

Тавофуқи хатми ҷанги байни ин ду кишвар шаби якшанбе имзо шуд. Аз ин созиш дар Боку бо рақсу бозӣ истиқбол карданд, аммо дар Ереван -- пойтахти Арманистон, ҳазорон нафар дар мухолифат ба кӯчаҳо баромаданд ва эътироз карданд.

Тибқи ин созиш, Озарбойҷон бахше аз Қарабоғи Кӯҳӣ ва минтақаҳои атрофи онро, ки дар ҷараёни ҷангҳои ахир тасарруф кардааст, нигоҳ медорад. Ин тавофуқнома ҳамчунин нерӯҳои арманиро вазифадор мекунад, ки бархе минтақаҳои хориҷ аз Қарабоғи Кӯҳӣ, аз ҷумла минтақаи шарқии Агдам ва минтақаи ғарбии Келбадҷарро таслим кунанд. Арманистон ҳамчунин минтақаи Лочинро аз даст медиҳад. Ин минтақае аст, ки як шоҳроҳи муҳими Қарабоғи Кӯҳиро ба Арманистон мепайвандад.

Бар асоси ин созишнома, нерӯҳои русӣ бар як долони боркашонӣ, ки Озарбойҷонро аз тариқи Арманистон ба Нахичеван васл мекунад, назорат хоҳад дошт.

Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия дар ин бора гуфтааст, ин созишнома бояд заминаро барои як тавофуқи сиёсии пойдор ва ҳаллу фасли комили ихтилофот фароҳам кунад.

Гуфта мешавад, ки дар даргириҳои ахир миёни ду кишвар, ки дар охири моҳи сентябр оғоз шуд ва ҳудуди шаш ҳафта идома кард, ҳазорон нафар кушта ва афроди зиёде овора шуданд.

Путин гуфтааст, акнун оворашудаҳо метавонанд ба Қарабоғи Кӯҳӣ баргарданд ва асирони ҷангӣ ва ҷасадҳои кушташудаҳо иваз карда шаванд. Ҳамчунин ҳамаи доду гирифти иқтисодӣ ва рафту омади нақлиёт барқарор шавад.

Хабаргузории "Рейтерз" мегӯяд, нерӯҳои ҳофизи сулҳи Русия панҷ сол дар минтақаи Қарабоғи Кӯҳӣ боқӣ хоҳанд монд. Ба гуфтаи ин хабаргузорӣ, ин амр амалан заминаи густариши ҳузури низомии Маскавро дар минтақа фароҳам мекунад.

Вазорати дифои Русия эълом кардааст, шумораи умумии нерӯҳои посдори сулҳи Русия дар минтақаи низои Қаробоғи Куҳӣ наздики 2 ҳазор низомӣ, 90 зиреҳпӯш, қариб 400 адад мошин ва дигар техникаи махсусро ташкил медиҳад.

Қаблан расонаҳои русӣ хабар доданд, ки 20 ҳавопаймои низомӣ ба тарафи Арманистон парвоз карда, дар роҳ ба минтақаи Қарабоғи Кӯҳӣ ҳастанд.

Аз замони даргириҳо байни ду кишвар дар ин минтақа аз аввалҳои даҳаи 1990, арманитаборон бо ҳимояти ҳукумати Арманистон Қарабоғи Кӯҳиро идора мекунанд.

Ин минтақа тибқи санадҳои Созмони Милали Муттаҳид, бахше аз хоки Ҷумҳурии Озарбойҷон ба ҳисоб меравад, вале аксарияти аҳолии арманитабори он бо идора кардани ин минтақа аз сӯи Озарбойҷон мухолифанд.

XS
SM
MD
LG