Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нишонаҳои ҷанҷоли нав дар "Барқи Тоҷик". 6,7 миллион доллар куҷо шуд?


Акс аз бойгонист.
Акс аз бойгонист.

Додситонии кулли Тоҷикистон бо нигаронӣ аз дуздӣ ва талаф шудани нерӯи барқ як гуруҳи махсуси тафтишотӣ таъсис дода, Вазорати корҳои дохилӣ чанде аз масъулони Хадамоти фурӯши Шабакаҳои барқи шаҳри Душанберо ба дуздида шудани зиёда аз 68 миллион сомонӣ барқ (150 миллион киловатт/соат) гумонбар кардааст.

Дар фармоне бо имзои Додситони кулли Тоҷикистон Юсуф Раҳмон, ки нусхаи он ба Радиои Озодӣ дастрас шуд, омадааст, ки гуруҳи тафтишотӣ корбурди сарфаҷӯёнаи барқ, таъмири васоили интиқоли он, дуздӣ ва талафоти неру ва ҳамчунин роҳандозӣ нашудани тарзи нави пардохти пули барқро дар саросари ҷумҳурӣ аз масъалаҳои аввалиндараҷаи кори худ медонад.

Ин гуруҳи корӣ рӯзи 30 октябр таъсис ёфтааст, он ҳам дар ҳоле ки Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон 17 октбяри соли равон бо имзои муовини вазир Абдураҳмон Аламшозода ба раиси ширкати “Барқи тоҷик” Мирзо Исмоилзода натиҷаҳои санҷиши шабакаҳои барқи Душанберо ирсол намуда, аз талафоти беш аз 150 миллион киловатт нерӯи барқ ба маблағи 68 миллион сомонӣ (6,7 миллион доллар) хабар додааст.

Ошкоршавии талафоти азими барқ ва сирқати пул дар ҳоле иттифоқ меафтад, ки қарзи ширкати “Барқи тоҷик” ба беш аз 2,5 миллиард доллар мерасад ва он солҳост, наметавонад худкифо шавад. Ва ҳамчунин сокинон ин шабу рӯз аз ҷорӣ шудани маҳдудият дар интиқоли барқ шикоят доранд. Ба Радиои Озодӣ дар ин бора аз 42 ноҳияи Тоҷикистон ба ин маънӣ шикоятҳо расидаанд.

ТАРЗИ НАВИ ДУЗДИИ БАРҚ?

Як зумра санадҳо аз натиҷаи тафтишоти мақомот дар шабакаҳои барқи Душанбе рӯзи 9-уми ноябр дастраси Радиои Озодӣ шуд, ки дар он муфаттишон аз амали “як гуруҳи ҷиноӣ” дар ин идора хабар медиҳанд, ки аз роҳи дуздии барқ “пулҳои калон ба даст меоранд”.

Ба гуфтаи мақомот, ин “гуруҳи ҷиноятӣ” иборат аз Ҳусейн Худойқулов, сардори Хадамоти фурӯши шабакаҳои барқи Душанбе, Манучеҳр Хурсандзод, сардори шабакаҳои барқи Душанбе ва Нурулло ном шахс, барномасози шӯъбаи муҳосибаи ин идора бо роҳи “тассаруф ва бо тарифҳои паст фурӯхтани барқ” маблағҳои ҳангуфте ба даст овардаанд.

Ҳусейн Худойқулов, сардори Хадамоти фурӯши шабакаҳои барқи Душанбе рӯзи 10-уми ноябр дар суҳбат ба Радиои Озодӣ ин иттиҳомотро рад кард ва гуфт “ин ҳама асосе надорад”. Худойқулов афзуд, айни замон ӯ дар беморхона бистарӣ буда ба муолиҷа машғул аст ва баробари ба кор баромадан аз рухсатӣ ҳозир аст дар як суҳбати рӯ ба рӯ бо хабарнигори Радиои Озодӣ дар ин бора тафсилот диҳад.

Аммо дар санҷиш далелҳое овардаанд, ки ба гуфтаи муфаттишон тасдиқи худро ёфтаанд. Бино бар онҳо ин даста ба ҳисобварақаи муштариён садҳо киловатт/соат нерӯи барқро, ки онҳо дар асл истифода накардаанд, зам намуда, баъдан барқи замшударо, ба гуфтаи тафтишот, бо “тарифи сифр” ҳисобӣ кардаанд (яъне гӯё ба муштарӣ барқ ройгон дода шуд) ва сипас “киловаттҳои барқи тасарруфшударо ба муштариёни дигар бо тарифҳои паст фурӯхта (нархи арзон) маблағҳои калон ба даст оварда истодаанд”.

Аз ҷумла гуфта мешавад нозирон ба ҳисобварақаи шаҳрванд Солиева Х., сокини ноҳияи Фирдавсӣ, кӯчаи Мунзим, хонаи 32 "а" рӯзи 13-уми апрели 2020 се миллион киловатт/соат барқро зам кардаанд. Ин миқдор барқ бо тарифи сифрӣ ҳисоб шуда барои истифодаи он пул пардохт нашудааст. Ин дар ҳолест, ки тафтишот собит кардааст, Солиева аз сентябри соли 2018 инҷониб дар ин хона зиндагӣ накарда, барқ ҳам истифода набурдааст. Маблағи барқи тассаруфшуда 679 ҳазор сомонӣ (!) ҳисоб шудааст. Тафтишот чанд ҳолати дигари ба ин монандро ошкор кардааст.

"БАРҚИ ТОҶИК" ХОМӮШ АСТ

Дар ҳоле ки ВКД аз раиси ширкати “Барқи тоҷик” Мирзо Исмоилзода шарҳи фактҳоро талаб карда, гуфтааст, ки “аз натиҷаи камбудиҳои ошкоршуда ва қарорҳои лозима нисбати шахсони масъули Шабакаҳои барқи Душанбе ба вазорат маълумот пешниҳод кунад", то кунун шахсоне, ки дар санадҳои тафтишот ба тасарруфи барқ айбдор мешаванд, иҷрои вазифаҳои худро идома медиҳанд.

Талошҳои Радиои Озодӣ барои тамос бо масъулони дигари Шабакаҳои барқи Душанбе, ки Вазорати корҳои дохилӣ онҳоро дар тасарруфи барқ ва пули он айбдор мекунад, бенатиҷа буд. Нозирҷон Ёдгорӣ, сухангӯи ширкати “Барқи тоҷик”, рӯзи 9-уми ноябр гуфт, аз ин тафтишот хабар надорад, дар рухсатии табобатӣ аст ва баробари бозгашт ба кор масъаларо баррасӣ хоҳад кард.

Дар ҳоле ки намояндагони ширкат аз додани иттилоъ худдорӣ намуданд, Радиои Озодӣ бо муҳандиси таҷрибадори Шабакаҳои барқи шаҳри Душанбе ҳамсуҳбат шуд, ки ба шарти зикр нашудани номаш розӣ шуд, вазъро шарҳ диҳад.

Муҳандиси собиқадор мавҷудияти чунин схемаҳои дуздии барқро тасдиқ кард ва мегӯяд, роҳбарони шабакаҳои барқи Душанбе дар бораи ҷамъоварии маблағи барқ ва ҳамчунон шумори садамаҳо дар хатҳои барқи пойтахт ба раиси ҳукумати шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ омори дурӯғ пешниҳод кардаанд. Ба ин сабаб масъалаи дуздии барқ ё пардохтҳо пинҳон мемонанд.

Ҳамсуҳбати Радиои Озодӣ гуфт, барои мисол, дар ним соли 2020 ҳамагӣ 75,76 дарсади пули барқ аз аҳолӣ ҷамъоварӣ шудааст, аммо Манучеҳр Хурсандзод (раиси Шабакаҳои барқи Душанбе) аз ҷамъоварии беш аз 90 дарсади пули барқ ба раиси шаҳр гузориш дод. Ҳамин гуна дар ним соли 2020 дар хатҳои барқи шаҳр 1073 садама рух дод, аммо раиси шабакаҳо ба мири шаҳр аз рух додани 208 садама хабар дода, бақияро пинҳон кардааст.

Ба гуфтаи муҳандис, аҳолии пойтахт ва биноҳои баландошёна солҳои ахир босуръат афзоиш ёфта сарборӣ ба хатҳои барқ бисёр шудааст. “Агар ҳоло фавран чора андешида нашавад, эҳтимол дорад дар зимистони пешорӯ садамаҳои сахте рух диҳанду мардум шаҳр ва иншооти стратегӣ бебарқ монанд”, - изҳор дошт ҳамсуҳбати Радио Озодӣ.

ЗИМИСТОН МЕОЯД...

Шаҳри Душанбе дар масвими зимистон аз 35 то 40 дарсади ҳамаи барқи Тоҷикистонро, масраф мекунад. Ба гуфтаи муҳандис, танҳо дар сурати пешгирӣ аз дуздии барқ ва пурра ҷамъоварӣ шудани ҳаққи он ширкати “Барқи тоҷик” метавонад, вазифаҳои худро дуруст иҷро кунад ва ҳатто худкифо гардад. Аммо ба гуфтаи ҳамсуҳбати Радиои Озодӣ, дуздӣ шудани нерӯи барқ дар хатҳо, хилофкорӣ дар додуситад ҳоли ширкатро аз назари молиявӣ табоҳ кардааст.

Дар чунин шароит иҷрои тавсияи Бонки Ҷаҳонӣ -- баланд кардани нархи барқ барои хароҷоти тавлиди барқ ҳам ба буҷаи хонаводаҳо зарба мезанад ва ҳам худкифо шудани ширкатро зери суол мебарад. Ҳамон гуна ки коршиносон дар расонаҳои Тоҷикистон мепурсанд, дар ҳоле ки дахлу харҷи ин ширкат шаффоф нест, чӣ гуна боло бурдани нархи нерӯи барқ метавонад ҳоли онро беҳ кунад?

Роҳҳои дигари дуздида шудани пардохтҳои барқ низ борҳо расонаӣ шудаанд. Аммо рӯшан нест, таъсиси гуруҳи махсуси Додситонии кулл ва ошкор гаштани натиҷаҳои санҷиши Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон бо ҳадафи ислоҳи вазъ ва худкифо кардани "Барқи Тоҷик" рӯй медиҳанд ё ҷорӣ кардани низоми нави пардохти биллингӣ, ки ширкати наздик ба шаҳрдории Душанбе ҷорӣ мекунад?

XS
SM
MD
LG