Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳасани наврас мехоҳад бо як даст қаҳрамони гуштӣ шавад. ВИДЕО


Ҳасан Ғафуров, гӯштигири ҷавони тоҷик
Ҳасан Ғафуров, гӯштигири ҷавони тоҷик

Як навраси тоҷик талош дорад, ки дар мусобиқаҳои гуштини тарзи ҷудо бо як даст бар ҳарифони солимаш ғолиб ояд. Ҳарчанд ин дар қоидаҳои сабқат роиҷ нест, аммо бино бар қобилияти фавқулодааш, мураббиёни ин ришта ба ӯ иҷозаи иштирок дар мусобиқаҳоро додаанд. Орзуи ӯву устодонаш иштирок дар Бозиҳои паралимпӣ аст.

Ҳасан Ғафуров сарфи назар аз ин ки аз модар бо як даст зода шудааст, 4 сол боз дар толори варзишии "Ланглиф" маъруф ба толори гуштингирии Устопировҳо дар риштаи ҷудо тамрин мекунад. Ин паҳлавони 11-сола дар ду соли охир ғолиби ҳашт мусобиқаи минтақаӣ ва байналмилалӣ шудааст. Охирин пирӯзии ӯ рӯзи 1-уми ноябр дар вазни 24 кило дар мусобиқаи кушоди гуштии ҷудо дар вилояти Суғд буд. Ӯ дар ин мусобиқа 5 ҳарифашро шикаст дод.

Ҳасан Ғафуров дар ин толор нахустин наврасест, ки бо вуҷуди нуқси ҷисмонӣ, бо рақибони солим қувваозмоӣ мекунад. Устодон розӣ шудаанд ба ӯ нозукиҳои ҷудоро омӯзонанд. Қобилияти ин варзишгари наврас, ки гуфта мешавад дар мусобиқаҳои Тошканду Бишкек ва Хуҷанду Душанбе мағлуб нашудааст, бисёриҳоро дар ҳайрат гузоштааст. Ба қавли устодонаш, ӯ бештар аз усули ҷудокори маъруфи тоҷик Комроншоҳи Устопириён кор мегирад.

Гузориши видеоиро дар инҷо бубинед:

Навраси паҳлавон бо як даст рақибонашро шикаст дод
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:35 0:00

Алибек Дилшодзода, мураббии оиди гуштини ҷудо мегӯяд, "вақте дар мусобиқаҳои байналмилалӣ иштирок кард, ҳарифонаш нисбати ӯ назарногирӣ карданд, вале чун онҳоро мағлуб сохт, мураббиёнаш ба назди ман омада пурсиданд, ки чӣ гуфта шогирди шумо бо як даст шогирдони маро мағлуб сохт? Ман дар ҷавоб мегуфтам, ки ин истеъдоди худодод аст".

Падараш Муҳаммадалӣ Ғафуров, ки дар гузашта гуштингири моҳир будааст, мегӯяд, майли писараш ба ин навъи варзиш, аз тамошои корзори паҳлавонон дар чорабиниҳои наврӯзии деҳааш Тоҷикобод пайдо шудааст. Ба қавли ӯ, ҳарчанд фарзанди дигараш Ҳусейн, ки бо Ҳасан дугоник ҳастанд, солиму бенуқсон ба дунё омад, дасти чапи ин фарзандаш ҳанӯз дар батни модар аз оринҷ бештар насабзидааст.

"Худаш бо ҳамон дасташ дар хона бисёр кор мекунад, дар корҳои хоҷагӣ ёрдам мекунад, сатил мебардорад, заминро шудгор мекунад. Ҳарчанд ҷанг мекунам, ки бо он даст кор накун, вале мегӯяд, дасташ дард намекунад ва ба корҳояш идома медиҳад", -- мегӯяд падари Ҳасанҷон.

Хонаводаи Ҳасан Ғафуров борҳо кӯшиш кардаанд ин нуқси модарзодии ӯро табобат кунанд ва барои ин чанд сол пештар ба шаҳри Екатеринбурги Русия ҳам рафтаанд. Падараш мегӯяд, ҳоло исми Ҳасан дар қайди беморхонаи ин шаҳр аст, вале пизишкони рус гуфтаанд, ки ҳоло бино бар дар ҳоли афзоиш будани ҷисми наврас, наметавонанд ҷарроҳии пайванди дастро анҷом диҳанд.

Ба гуфтаи Муҳаммадалӣ Ғафуров, падари Ҳасанҷон, "дар синни 18-солагиаш табибон иҷозат додаанд, ки барояш дасти сунъӣ монда шавад ва бо ҳамон даст ҳам метавонад, ки гуштин гираду тамрин кунад".

Мураббиёни мактаби варзишии "Ланглиф" тасмим доранд, ки ҳунари Ҳасанро дар бозиҳои байналмилалӣ санҷанд ва дар чемпионатҳои Осиё ва ҷаҳон ӯро шиносоӣ кунанд. Баъди он, ки ин ҷудокори наврас дар бозиҳои литсензионӣ натиҷаи хуб ба даст овард, тасмим доранд ӯро вориди бозиҳое намоянд, ки барои варзишкорони имконияташон маҳдуд пешбинӣ шудааст.

XS
SM
MD
LG