Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон барои пешгирӣ аз паҳншавии COVID-19 таҷлили Соли навро манъ кард


Ҳамасола дар остонаи Соли нав дар маркази шаҳри Душанбе арчаи идона гузошта мешуд

Тоҷикистон бо ҳадафи пешгирӣ аз интиқолу паҳншавии бемории COVID-19, гузаронидани ҳама гуна чорабиниҳои бахшида ба Соли нави мелодиро манъ кард.

Ситоди ҷумҳуриявии мубориза бо COVID-19, рӯзи 18-уми ноябр эълон кард, ки "гузаронидани ҳама гуна чорабиниҳои тантанавӣ, аз ҷумла ташкили арчаи солинавӣ, чорабиниҳои фарҳангии оммавӣ, нишастҳои ҷашнӣ, шабнишиниҳо ва дигар чорабиниҳои оммавӣ ба муносибати Соли нави мелодии 2021 дар қаламрави кишвар манъ карда шавад."

Ин ситод далели чунин тасмимашро ба хуруҷи мавҷи дувуми бемории COVID-19, шиддати гирифтани бӯҳрони иқтисодӣ ва афзоиши бекорӣ дар шуморе аз кишварҳо рабт додааст.

Бар пояи қарори Ситоди ҷумҳуриявӣ, сайру гашти мардум дар боғу гулгаштҳо ва дигар ҷойҳои умумӣ танҳо бо дарназардошти риояи ҳатмии қоидаҳои беҳдоштӣ, пушидани ҳатмии ниқоб ва риояи фосилаи иҷтимоӣ иҷоза дода мешавад.

Ситод мақомотро муваззаф кардааст, ки зиддиуфунӣ кардани ҷойҳои ҷамъиятиро ба таври қатъӣ назорат намоянд.

Солҳои қабл дар Тоҷикистон Соли нав пуршукуҳ таҷлил мешуд ва дар маркази Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо арчаи солинавӣ мегузоштанд. Ҳарчанд баҳсҳое ҳам атрофи таҷлили ин ид дар ҷомеаи Тоҷикистон гоҳ-гоҳ пайдо мешаванд.

Мақомот дар ҳоле чорабиниҳои марбут ба Соли навро ба хотири пешгирӣ аз паҳншавии COVID-19 манъ карданд, ки тибқи иттилои Вазорати тандурустӣ гирифторӣ ба коронавируси нав дар кишвар зиёд нест. Тибқи иттилои Вазорати тандурустӣ ҳамарӯза дар кишвар аз 40 то 42 ҳолати нави гирифторӣ ба COVID-19 сабт мешаванд. Ҳарчанд мутахассисон ва коршиносон ба ин омор шубҳа доранд ва мегӯянд, омори расмӣ баёнгари вазъи воқеӣ нест. Ба ҷуз аз Соли нав соли равон дар Тоҷикистон гузаронидани чорабиниҳои марбут ба ҷашни Ваҳдат ва Истиқлолият ҳам манъ шуда буд.

Шарҳҳоро бинед (11)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG