Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мақомот: "400 ташноб сохтем". Сокинон: "Аз ворид шудан метарсем". ВИДЕО


Дар рустоҳои Тоҷикистон умдатан чунин ташноб месозанд.

Кумитаи рушди сайёҳии Тоҷикистон мегуяд, барои ҳалли як мушкили ҷиддии сокинон садҳо ташноб ва ҳоҷатхонаҳои умумӣ сохта, ба истифода доданд. Аммо суҳбати Радиои Озодӣ бо мусофирон ва мардуми оддӣ дар гӯшаҳои гуногун нишон дод, ки нигаронӣ аз камбуди ташноб ва вазъи бади онҳо зиёд аст.

Масъалаи ташноб ва беҳдошт ҳарчанд ба назари бисёриҳо мавзуе нест, ки сари бояд ҳарф зад, аммо Созмони Милал норасоии онро як мушкиле номидааст, ки миллионҳо нафарро бемор мекунад ва сабаби марги ҳазорон нафар мешавад. Рӯзи 19-уми ноябр Рӯзи ҷаҳонии ташноб низ маҳз барои ҷалби таваҷҷуҳ ба мушкили ин маконе эълон шудааст, ки ҳар инсон ба он эҳтиёҷ дорад.

Дар Кумитаи рушди сайёҳии Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфтанд, дар ҳамкорӣ бо ҳукуматҳои маҳаллӣ дар минтақаҳои гуногун ташнобҳои ҷамъиятие сохтанд, ки сайёҳону меҳмонон имкони истифода аз онҳоро доранд.

Аз ин ниҳод дар як посухи хаттӣ ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки дар маҷмӯъ дар роҳҳо ва мавзеҳои сайёҳӣ беш аз 400 ташноб сохта шудааст. Дар номаи расмии Кумитаи рушди сайёҳӣ гуфта шудааст: “Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, назди роҳи мошингард барои рушди инфрасохтори сайёҳӣ 25 адад ташноб, дар вилояти Хатлон 191 адад, дар вилояти Суғд 137 ва дар мавзеҳои сайёҳгузари водии Рашт (Душанбе-Лахш) 63 адад ташноб мавриди истифода қарор дода шудааст.”

Ин видео аз соли 2017 ва аз мушкили сокинони Кӯлоб нақл мекунад

Панҷ туалет барои 200 ҳазор сокини Кӯлоб
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:47 0:00

Аммо меҳмонону сокинон аз нокофӣ будани ташнобҳои ҷамъиятӣ ва шароити бади онҳо садо баланд мекунанд. Ҳарчанд ҳоло дар аҳди пандемия ҳузури саёҳони хориҷӣ зиёд ба назар намерасад, вале мусофироне, ки аз як минтақа ба дигар шаҳру навоҳӣ ба меҳмонӣ мераванд, мегӯянд, аҳволи ташнобҳо бад аст.

Ронандагони нақлиёти мусофирбар дар шоҳроҳҳои Тоҷикистон мегӯянд, бо вазъи ташнобҳо хуб ошноӣ доранд, зеро ҳамарӯза бо меҳмонону мусофирон дар роҳанд.

Субҳиддин Шамсуддинов, ронандаи нақлиёти мусофирбари самти Душанбе-Рашт рӯзи 17-уми ноябр ба Радиои Озодӣ гуфт, “ташнобҳое, ки дар роҳ ба сӯи ин ноҳия аст, ифлос аст ва гоҳе меҳмонон аз ворид шудан ба дохилашон худдорӣ мекунанд”.

Ӯ афзуд, то ноҳияи Рашт ҳудуди 200 километр роҳ аст ва дар ин роҳ 4-5 ҳоҷатхонаро мушоҳида кардааст “Обу коғази ташноб надоранд, ҷазир аст, даромада намешавад, бо ин аҳвол баъзан мебинем, ки меҳмонон ба ҷойи ҳоҷатхона пушти теппа, ё хилватгоҳе мераванд”.

Баъзе аз ҳамсуҳбатон гуфтанд, ҳангоми сафар одатан аз ташнобҳои ошхонаву чойхона ва ё нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ истифода мебаранд.

Толиб, як мусофири хатсайри Душанбе-Хоруғ ба Радиои Озодӣ гуфт, борҳо дар ин роҳ вақте “қазои ҳоҷат” карданӣ мешавад, дар пайдо намудани ташноб мушкилӣ мекашад: “ То назди ягон ошхона тоқат мекунем, зеро ҷое ягон чойхонаву ошхона аст, ҳоҷатхона низ назди онҳо аст, дар дигар ҷойҳое, ки иншооте нест, ҳоҷатхона ёфтан мушкил”.

Як ронандаи шоҳроҳи Душанбе-Бохтар, ки нахост номаш бурда шавад, рӯзи 17-уми ноябр ба Радиои Озодӣ гуфт, “дар ин роҳ се ҳоҷатхона аст, ки барои истифода кофӣ нест, ду ҳоҷатхона пулакӣ буда, шароиташон каме беҳтар, яктои дигар, ки ройгон аст, шароит надорад”.

Чанде аз мусофирону ронандаҳои шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд гуфтанд, ки дар ду соли ахир ташнобҳоеро дар ин роҳ мушоҳида карданд, вале дар баъзе қитъаҳои роҳ масофа байни ҳоҷатхонаҳо дур аст ва дар онҳо коғази ташноб ва дигар шароити оддӣ дида намешавад. “Барои ҳамин мо ҳамеша бо худ об ва коғази ташноб мегирем” гуфт, яке аз ин ронандагон.

Кумитаи рушди сайёҳии Тоҷикистон мегӯяд, “бо ташкили як гуруҳи корӣ барои муайян намудани ҳолати зербиноҳои сарироҳӣ, аз ҷумла нуқтаҳои қазои ҳоҷат тафтишҳои нақшавӣ анҷом медиҳанд”.

Ҳоҷатхона ҳаст, вале даҳшантоканд

Баҳриддин Исамутдинов, раҳбари ташкилоти ҷамъиятии "Маркази рушди туризм" рӯзи 18-уми ноябр ба Радиои Озодӣ гуфт, на ҳамаи ташнобҳои ҷамъиятӣ, кор мекунанд. Ӯ афзуд, ҳолати ташнобҳое, ки солҳо пеш сохта шудаанд, нигаронкунанда аст: “Мо дар бораи ин масъала аз соли 2013 гуфта будем. Чанд сол қабл, пас аз нашри гузоришҳо дар бораи як ҳайати хориҷӣ, ки ҳоҷатхона пайдо карда натавонистанд, сохтмони ҳоҷатхонаҳои канори роҳ оғоз ёфт. Ҳоло дар роҳҳо ҳоҷатхонаҳо ҳастанд, аммо ҳоли даҳшатнок доранд, дари баъзе аз онҳо баста.“

Исамутдинов гуфт, аксари ҳоҷатхонаҳо мисли ҳамон ташнобҳои деҳаҳо мебошанд, ки хориҷиён майли истифода аз онҳоро надоранд. Раҳбари "Маркази рушди туризм” бунёди ташнобҳои замонавиро зарур меҳисобад, аммо дар баъзе аз ҳукуматҳои маҳаллӣ гуфтанд, барои сохтмони ташнобҳои муосир маблағ ҷудо нашудааст.

Асрор Сафарзода, раҳбари дастгоҳи ҳукумати Варзоб ба Радиои Озодӣ гуфт, ташнобҳое, ки назди нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ ва ё ошхонаҳо аст, барои истифодаи умум пешбинӣ шуда, аз сӯи соҳибон, яъне моликони иншоотҳо сохта шудаанд: “Ҳоло сохтмони баъзе ташнобҳо идома дорад, Мақомоти маҳаллӣ мусоидат кард, ки соҳибкорон бисозанд, ташнобҳоро ва ҳар меҳмон ройгон метавонад истифода барад.”

Мушкили ташнобҳои ҷамъиятӣ на танҳо дар шоҳроҳҳо, балки дар дигар ҷойҳо низ дар гузашта борҳо садо додааст.

Тобистони соли 2015 Лео Ҳоллер гузоришгари вижаи Созмони Милали Муттаҳид оид ба ҳаққи инсон ба оби ошомиданӣ ва санитария пас аз як сафараш ба Тоҷикистон ва ошноӣ бо вазъи санитарии минтақаҳо аз шеваи сохт ва мавриди истифода қарор гирифтани ташнобҳои ҷамъиятӣ интиқод карда буд.

Дар аксар манотиқи Тоҷикистон шеваи қадимаи сохтани ташноб то ҳанӯз мондааст. Бинобар камбуди рӯшноӣ, фаршҳои чӯбӣ ва ё сӯрохиҳои аз меъёр васеъ дар чанде аз минтақаҳои Тоҷикистон ҳодисаҳои ба ҳоҷатхона афтодани кӯдакон сабт шудааст.

Шарҳҳоро бинед (12)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG