Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аксари айбдоршудаҳоро дар "низои қавмӣ" дар Қазоқистон аз зиндон озод карданд


Додгоҳи баррасии шикоятҳои Қазоқистон ҳукми зиндони чаҳор маҳкумшударо дар доираи парвандаи ҳаводиси Кордайи ин кишвар тағйир дода, озодии онҳоро маҳдуд кардааст.

Ба огаҳии додгоҳи Қазоқистон, озодии маҳкумшудаҳо ба андозаи ҳукми зиндонашон маҳдуд шудааст. Ҳаминтариқ озодии Рустам Бежибой чор сол, аз Ерлан Буралкинов се солу 20 рӯз, аз Алмато Тлеугалиев се сол ва аз Улан Отабоев се сол маҳдуд гаштааст.

Додгоҳ қарор карда, ки маҳкумшудаҳо фавран аз маҳбас озод шаванд. Ҳамчунин онҳо вазифадоранд, ки 100-соатӣ корҳои иҷбориро анҷом диҳанд. Манбаъ афзудааст, ки додрас ҳангоми сабук кардани ҳукми маҳкумшудаҳо мавқеи додситон, вакилони дифоъ ва ҳолатҳоеро дар доираи парванда ба назар гирифтааст, ки ҳукмро сабук мекунанд.

Ҳукми зиндони Бакитбек Ибрагимов, Мирзогалӣ Дуйсенбоев ва Абзал Нурахонов бетағйир гузошта шудааст.

Шаби 8 феврали соли ҷорӣ байни қазоқҳо ва дунгантаборон дар деҳаҳои Масанчӣ, Сортоба, Аухаттӣ ва Дулар-батири ноҳияи Кордай низоъ сар зад. Дар он низоъ 11 кас кушта ва беш аз 100 кас маҷруҳ шуд. Ҳазорон сокини дигар маҷбур шуданд, ки ба Қирғизистон фирор кунанд. Ҳукумати Қазоқистон баъдтар хабар дод, ки қисме аз фирориҳоро ба хонаҳояшон баргардонидаанд.

Баъди низоъ ҳокими вилояти Ҷамбил истеъфо дод ва чанд мансабдори дигар аз мақом ронда шуданд.

Мақомоти интизомии Қазоқистон дар пайи низоъи байниқавмӣ бештар аз 12 парвандаи ҷиноӣ боз карданд.

Додгоҳи низомии шаҳри Алматои Қазоқистон рӯзи 29 сентябр ҳафт шаҳрвандро барои низоъи байниқавмии мазкур зиндонӣ кард

XS
SM
MD
LG