Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Қирғизистон Маҷлиси конститутсионӣ таъсис ёфт


Талант Мамитов
Талант Мамитов

Иҷрокунандаи вазифаҳои президенти Қирғизистон Талант Мамитов фармонро дар бораи таъсиси Маҷлиси конститутсионӣ дар ин кишвар имзо кард.

Хадамоти матбуотии президенти Қирғизистон 20-уми ноябр хабар дод, ки маҷлиси тозатаъсис бояд "консепсияи такмили асосҳои сохти конститутсионӣ"-ро муҳокима карда, дар робита ба лоиҳаи қонун "Дар бораи Конститутсияи Қирғизистон" пешниҳодҳои худро ба порлумон ироа кунад.

"Фаъолияти Маҷлиси конститутсионӣ боз ва шаффоф хоҳад буд. Бовар дорам, дар ин раванд садои ҳар як шаҳрванд шунида шуда, дар якҷоягӣ лоиҳаи ҳамоҳангшудаи Қонуни асосиеро таҳия хоҳем кард, ки омили муттаҳидгардонии тамоми миллат ва кафили рушди минбаъдаи кишвар хоҳад буд", - изҳор доштааст Мамитов.

Лоиҳаҳои Конститутсияи нав ва қонуни таъйини раъйпурсӣ дар рӯзи 10-уми январро сомонаи порлумони Қирғизистон рӯзи 17-уми ноябр нашр кард. Лоиҳаи қонун баъд аз як моҳи баррасии умум ба порлумон пешниҳод мешавад.

Дар Конститутсияи нав салоҳиятҳои президент бештар ва таъсис шӯрои мардумӣ пешбинӣ шудааст. Тибқи он, президент раҳбари давлат ва мақомоти иҷроия аст.

XS
SM
MD
LG