Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷамшед Нурмуҳаммадзода барканор шуд. Ҳоким Холиқзода – раиси нави Бонки Миллӣ


Ҳоким Холиқзода ва Ҷамшед Нурмуҳаммадзода

Ҷамшед Нурмуҳаммадзода аз мансаби раиси Бонки Миллии Тоҷикистон барканор шуд. Дар фармони раиси ҷумҳурӣ, ки 20-уми ноябр содир гардид, сабаби барканории ӯро "гузаштан ба кори дигар" гуфтаанд.

Ҳоким Холиқзода, ки аз моҳи июни имсол ҳамчун муовини Ҷамшед Нурмуҳаммадзода кор мекард, раиси нави Бонки Миллии Тоҷикистон таъйин шудааст.

Холиқзода дар интихоботи моҳи марти имсол вориди порлумон шуда, раёсати Кумитаи иқтисод ва молияро ба дӯш дошт. Вай 47-сола ва зодаи ноҳияи Ҷалолуддини Балхӣ (Колхозободи пешин) аст. Қаблан дар бонки давлатии "Амонатбонк" кор кардааст.

Бо фармони дигари раиси ҷумҳур, Ҳамидулло Машрабзодаро аз мансаби муовини раиси Бонки Миллии Тоҷикистон озод карда ва ба кори дигар гузарондаанд.

Тағйири ҳайати роҳбарии Бонки Миллии Тоҷикистон дар ҳолест, ки низоми бонкии кишвар пас аз буҳрони солҳои 2015-2016 ҳанӯз "ба худ наомадааст".

Дар муддати роҳбарии ин ҳайати Бонки Миллӣ, чаҳор бонк, аз ҷумла ду бонки азиму низомсози кишвар – "Тоҷиксодиротбонк" ва "Агроинвестбонк" дучори мушкил шуда, дар бозпас додани амонатҳои мардум оҷиз монданд.

Ҳукумат барои наҷоти бонкҳо ёрии молиявӣ кард, вале натавонист ду бонкро аз вазъияти буҳронӣ берун орад. "Тоҷпромбонк" ва "Фононбонк" муфлис шудаву барҳам хӯрданд, аммо то ҳанӯз тақсими амвол ва дороиҳои бонкҳо идома дорад ва амонати мардум пурра пардохт нашудааст.

Пас аз нав шудани ҳайати роҳбарии Бонки Миллӣ дар соли 2015 кулли нуқтаҳои саррофӣ дар Тоҷикистон баста шуда, хариду фурӯши асъори хориҷӣ танҳо дар доираи бонкҳо сурат мегирад. Аммо соҳибкорон ва корафтодагон мегӯянд, пас аз ин иқдом Бонки Миллӣ бозори арзи хориҷиро пурра дар инҳисор ё монополияи худ гирифт, ки камчинии асъори хориҷӣ ва бахусус доллари амрикоиро ба бор овард.

Ин аст, ки ҳоло бонкҳо ба як нафар бо пешниҳоди санади соҳибкорӣ дар як рӯз танҳо 200 доллари нақд мефурӯшанд ва гоҳе мегӯянд, "доллар надорем".

Ҳамин гуна гардиши рубли русиро, ки муҳоҷирони корӣ аз Русия ба хонаводаҳояшон мефиристоданд, маҳдуд карданд. Бо қарори Бонки Миллӣ, бонкҳо уҳдадор шуданд, рубли русиро ба сомонӣ тадбил дода, ба муштариён пардохт кунанд.

Ҷамшед Нурмуҳаммадзода (Норинов) моҳи майи соли 2015 аз симмати раиси бонки давлатии "Амонатбонк"-и Тоҷикистон барканор ва раиси Бонки Миллии Тоҷикистон таъин шуд.

Баъзе аз вакилони порлумон соли 2017 дар яке аз иҷлосияҳо Бонки Миллиро барои пардохт нашудани амонатҳои мардум сахт танқид карда, хостори истеъфои ӯ шуда буданд. Ӯ дар гузашта дар мансаби муовини вазири молия ва муовини раиси вилояти Суғд кор кардааст.

Шарҳҳоро бинед (20)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG