Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Pfizer ва BioNTech барои тақсими ваксина аз Амрико иҷозат хостанд


Ширкати дорусозии Pfizer ва шарики олмониаш BioNTech барои гирифтани иҷозатномаи истифода аз ваксинаи зидди коронавирус дар Амрико дархост додаанд. Дархости онҳо рӯзи 20-уми ноябр супурда шудааст. Масъулони ширкатҳо гуфтанд, пас аз чанд соати дарёфти иҷозатнома омодаи тақсими ваксина хоҳанд буд. Алберт Бурла, мудири иҷроияи ширкати Pfizer, гуфтааст, ҷойи хушҳоливу ифтихор аст, ки аз идораи ғизо ва доруи Иёлоти Муттаҳида хостаанд, иҷозати истифода аз ваксинаро диҳад. То ҳол рӯшан нест, ин идора кай тасмими худро эълон мекунад. Аммо мақомҳои бахши тандурустии Амрико хушбин ҳастанд, ки муҷаввизи истифода аз ваксинаи зидди коронавирус ба ширкатҳои Pfizer ва BioNTech дар моҳи декабри имсол дода хоҳад шуд.

XS
SM
MD
LG