Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бе ҷойи кор ва бе рухсатӣ. Зиндагии як сокини Тоҷикистон – аз замони Шӯравӣ то имрӯз


Ҷунайдуллоҳи Нарзулло

Корҷӯӣ, корёбӣ, маош, нафақа – зиндагии як тоҷикистонӣ имрӯзҳо маъмулан дар атрофи ин калимаҳо мечархад. Оморҳои расмӣ нишон медиҳанд, ки аз ҷамъияти тақрибан 9,5-миллионии кишвар ҳамагӣ ҳудуди 50 ҳазор кас ҳамчун бекор сабт шудаанд.

Ба илова, мақомоти Тоҷикистон ҳамасола аз ташкили даҳҳо ҳазор ҷои корӣ хабар медиҳанд. Ҳарчанд ин оморҳо шубҳаи зиёдеро ба бор овардаанд, дар ин миён касоне ҳастанд, ки бо пошхӯрии Шӯравӣ – наздики 30 сол аст, дар Тоҷикистон расман кор накардаанд ва дар поёни моҳ маош нагирифтаву солона ба рухсатии меҳнатӣ нарафтаанд...

ОХИРИН ҶОЙИ КОРӢ – СОЛИ 1987

Ҷунайдуллоҳи Нарзулло, сокини 58-солаи ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ, дар оғози тирамоҳи имсол ба суроғи дафтарчаи меҳнатиаш ба идораи бойгонии ноҳия рафт. Ходими бойгонӣ бо зеру рӯ кардани бастаҳои ҳуҷҷатҳои чанггирифта дар зарфи қариб як соат дафтарчаи меҳнатии ӯро пайдо кард.

"Рангу шакли дафтарча аз ёдам рафта буд. Тасаввур мекунед, аз соли 1987 ба ин тараф онро надида будам. Вақте ба дастам доданд, ҳисси ҷавониву умед дубора маро фаро гирифт. Гуиё ба идораи дигар мебарам ва бо хотири ҷамъ ба кор мепардозам", -- нақл мекунад Ҷунайдуллоҳи Нарзулло.

Вале ин сокини ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ на барои ба кори дигар рафтан, балки барои исботи даъвояш, ки мегӯяд, аз соли 1992 ба ин сӯ дар Тоҷикистон ҷое барояш кор пайдо нашудааст, дафтари меҳнатиашро аз бойгонӣ суроғ кард.

Суҳбати мо дар яке аз рӯзҳои моҳи октябри соли 2020 дар манзили Ҷунайдуллоҳи Нарзулло, ки ӯро пайвандону ҳамдеҳагон "Сӯфӣ" садо мекунанд, дар деҳаи Ғалабаи ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ сурат гирифт.

"Соли 1976 буд, 13-14-сола будам. Маҷбурӣ дар колхоз саҳм доданд. Пахтакорӣ мекардем. Саҳар ба мактаб мерафтем, баъди дарс ба кори колхоз. 40-42 сӯми Шӯравӣ моҳона мегирифтам ва падарам ба харҷи рӯзгори оилаи сефарзанд сарф мекард", - ба ёд овард ӯ.

Ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ дар замони Шӯравӣ ва чанд соли аввали истиқлол номи Куйбишевро дошт. Аввалин ҷойи кори Ҷунайдуллоҳи Нарзулло ҳам дар колхози ба номи “Москва”-и ноҳияи Куйбишев буд. Вай мегӯяд, то хатми мактаб дар ҳамон колхоз ва бо маоши 40-сӯмӣ кор кардааст. Ба гуфтааш, баробари мардону занон саҳм дошта, зери боду борон ва гармиҳои тоқатфарсои тобистони ҷануби кишвар кор мекард, аммо нисфи маоши колхозчиёни дигарро мегирифт.

"Соли 1981 ба артиш рафтам ва 1983 баргаштам. Дубора дар ҳамон колхози маҳалли зист ба кор даромадам. Ин дафъа маош зиёдтар шуда буд. Соли 1985 аз колхози Москва ба совхози Илич кӯчидем. Дар совхози Илич тракторчӣ шудам. Замин нарм мекардам, пахта мекоштем, дору медодем. Ҷиддият буд, назорат буд, талаб буд ва маош буду хурсандиву беғамӣ. Баъди якуним солаш хаткашон шудам", -- нақл кард ӯ.

Ҳангоми кор дар колхоз
Ҳангоми кор дар колхоз

АЗ КОЛХОЗЧИИ ҚАТОРӢ ТО БРИГАДИРӢ

Пас аз ним соли хаткашонӣ, баҳори соли 1987 хабар ёфтааст, ки низоми колхозҳову совхозҳо тағйир хӯрда ва ташкили бригадаи хонаводагӣ мумкин шудааст. Ӯ мегӯяд, шоми он рӯз дар ҳалқаи хонавода ин хабарро нақл ва исрор варзид, ки бригадаи хонаводагӣ ташкил кунанд. Падар ризоят додааст ва онҳо дар 25 га замин бригадаи хонаводагӣ ташкил кардаанд.

Ҷунайдуллоҳи Нарзулло гуфт: "Аз 14 фарзанд 9 нафар дар ҳавлии падар мезистем. Идеяи ташкили бригадаро ман овардам, вале вақте ҳама кор рӯ ба роҳ шуд, падарам бародари аз ман як сол хурдро бригадир интихоб кард. Хеле сахт расида буд, аммо коре карда намешуд ", -- бо ханда нақл мекунад ҳамсуҳбати мо.

Аммо ин аввалин ва охирин “зарбаи равонӣ” набуд, ки дар он даврони бригадаи хонаводагӣ хӯрд: “Дар соли аввал 92 дарсади нақшаро иҷро кардем ва пахтаи босифат супоридем. Мақомоти совхозу ноҳия “Жигулии 06” тақдим карданд. Ҳуҷҷати ронандагии тракторро доштам, лекин аз мошини сабукравро на. Ин бор ҳам мошинро дар ихтиёри бародари аз ман хурдӣ супориданд. Пас аз чанд муддат ҳуҷҷати ронандагии мошини сабукрав гирифтаму пушти фармони мошин нишастам”, -- мегӯяд Ҷунайдуллоҳи Нарзулло.

Дар ниҳоят, соли 1990 ӯро сардори бригадаи оилавӣ таъйин мекунанд. Ва баландтарин маошро ҳам дар бригада ӯ соҳиб мешавад. Он маош аз 150 то 200 сӯмро ташкил медод: "Ҳарчанд бригадир будам, пеш-пеши трактор медавидам, аз пушташ дар чангу хок ғӯтида, роҳ мерафтам, ки алафҳои бегонаро хуб пок кунад, замин беҳтар нарм шавад, нуриҳои минералӣ ба ҳамаи буттаҳо расад... Ва дар иваз моҳонаи хуб мегирифтем. Ба ҳама харҷи рӯзгор мерасид. Ҳатто як қисми онро дар “Сбербанк”-и Шӯравӣ амонат монда будам. Албатта, ин амонатгузорӣ маҷбурӣ буд."

Вай аз ҳисоби бригадирӣ як дафъа ба сайри Самарқанду Бухоро ва як дафъаи дигар ба “Минвод” (Минеральные воды, шаҳре дар минтақаи ҷанубии Русия, ки бо обҳои табобатиаш дар даврони Шӯравӣ маъруф буд, муаллиф) ба истироҳат рафтааст. Ин ду ҳодиса дар соли 1991 рух додаанд.

Ҳамон гуна ки офтоб баъди расидан ба авҷ ба сӯи ғуруб ҳаракат мекунад, хушҳоливу саодати одамӣ ҳам ҳамчунин аст. Бино ба нақли бригадири пешин, соли 1992 ҳам дар 25 га замини бригадаи оилавӣ пахта кишт карда буданд. Аз қазо он сол ҳосил ниҳоят хуб буд, аммо ночида монд.

“Оташи ҷанг ба ноҳияи Куйбишеви пешин ҳам расид. То шукуфтани пахта меҳнат карда будем. Дашт аз пахтаи шукуфта мисли барф сафедӣ мекард. Ҷанг хушку тарро якҷо месӯхт. Мо маҷбур шудем, ки хонаву дарро тарк кунем ва ба ҷои амн паноҳ барем. Диламон барои меҳнатамон месӯхт, аммо ҷон ширинтару азизтар буд”, -- гуфт Ҷунайдуллоҳи Нарзулло.

Вақте дар баҳори соли 1993 дубора ба макону манзили худ баргаштанд на аз пахта пай буд ва на аз ашёи рӯзгор. Мошин, гову мол ва қисме аз ашёи рӯзгорро дар 6-7 моҳи дарбадарӣ талаф дода буданд. Зиндагӣ дар соли 1993 қариб ки аз сари нав шуруъ шуд ва он ҳам бо сахтӣ.

Дафтарчаи меҳнатие, ки пас аз чанд сол аз идораи бойгонӣ гирифта шуд
Дафтарчаи меҳнатие, ки пас аз чанд сол аз идораи бойгонӣ гирифта шуд

БРИГАДИРИ ПЕШИН КОР МЕҶӮЯД

Ҷунайдуллоҳи Нарзулло дигар дар ҷое кор пайдо накард ва дар соли 1994 озими Русия шуд. Аввал дар шаҳри Тюмен, баъд шаҳри Санкт-Петербург ва дертар шаҳри Маскав, дар маҷмуъ то соли 2008, муҳоҷирӣ кард. Саргузашти ин давраи зиндагонии вай бо таҷрибаи аксари муҳоҷирони кории тоҷик монанд аст.

Ҳар боре аз ҳиҷрат ба ватан меомад, кор меҷуст, то дар ватан соҳиби луқмаи нон шавад. Ҳар бор дар ниҳояти ноумедӣ дубора озими Русия мешуд. Вай аз соли 2008 ба ин сӯ дигар ҳиҷрат намекунад, зеро писарони муҳоҷираш нафақаи зиндагии ӯро таъмин мекунанд. Ҳарчанд то расидан ба нафақа ҳоло 7 соли дигар дар пеш дорад, 28 сол аст, ки дар ватани худ ҷои кори расмие пайдо намекунад ва музду моҳонаи мураттаб надорад.

“Бори охир соли 2018 талош кардам, ки ҳадди ақал дар шаҳри Душанбе ба кирокашӣ машғул шавам. Ҳамаи ҳуҷҷатҳои лозимиро муҳайё кардам, вале аз ташхиси тиббӣ нагузаштам. Гуфтанд, ки биноият кам шудааст”, - гуфт мусоҳиби мо.

“Кори хонаро мекунам. Гӯсфандбониву алафдаравӣ. Барои ғузапоя шуда, дар хоҷагиҳои деҳқонӣ каланд мекунем. Вале музду моҳонае надорад ва кори доимиву пайваста ҳам нест. Ҳадди ақал як кори нигаҳбониву боғбонӣ ҳам намешавад пайдо кард, ки сабаби рӯзгузаронӣ ва пӯшонидани нисфе аз харҷҳо шавад”, - бо таассуф мегӯяд ӯ.

Ҳарчанд талошҳояш дар мавриди пайдо кардани кор натиҷае ба бор наовардаанд, Ҷунайдуллоҳи Нарзулло ҳанӯз дар ҷустуҷӯи кор аст. Умеди пайдо кардани машғулияти доимӣ, гирифтани музди меҳнат, рухсатии меҳнатӣ ва дигар имтиёзҳои иҷтимоӣ ва дар ниҳоят бо сари баланд ба нафақа баромадан ҳанӯз дар дилаш ҷӯш мезанад.

Агар оморҳои расмӣ дар мавриди теъдоди бекорон ва таъсиси ҷойҳои корӣ дуруст мебуд, Ҷунайдуллоҳи Нарзулло ва афроде амсоли вай ҳатман соҳиби ҷойи кор мешуданд...

Шарҳҳоро бинед (3)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
Ин баҳс баста шудааст.

Шояд инҳо ҳам писандатон ояд

XS
SM
MD
LG