Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Баҳовуддин дар артиш аз гап задан монд". Волидонаш гуфтанд, дар гулӯяш оби ҷӯш рехтаанд, мақомот рад мекунанд


Баҳовуддин Юсупов, сарбози тоҷик
Баҳовуддин Юсупов, сарбози тоҷик

Волидони як сарбоз дар Тоҷикистон иддао доранд, ки пас аз ним моҳи даъват ба артиш фарзандашон "аз гап задан мондааст" ва дар ҳолати вазнин ӯро дар Беморхонаи бемориҳои рӯҳии ноҳияи Рӯдакӣ бистарӣ кардаанд.

Баҳовуддин Юсуфов, сокини 26-солаи деҳаи Чапаеви ҷамоати Заргари ноҳияи Кӯшониён (Бохтари собиқ), рӯзи 20-уми октябр ба сафи артиш ҷалб шудааст ва дар як қисми низомӣ, воқеъ дар ноҳияи Ҳисор қарор доштааст.

Абдулҳафиз Юсупов, падари сарбоз, рӯзи 29-уми ноябр ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳаждаҳ рӯз пеш хабар ёфт, ки писарашро бистарӣ кардаанд. Ӯ гуфт, вақте ба дидани писараш ба беморхона рафт, ӯ сӯҳбат карда наметавонист, "аммо ишора мекард, ки сар ва даҳонаш осеб дидааст".

Мақомот мегӯянд, зоҳиран ин ҷавон қабл аз ҷалб шуданаш ба артиш бемор будааст ва ин масъаларо тафтиш доранд.

“Лабҳои писарам сиёҳ шуда буд. Вақте пиёлаи оби ҷушро тарафаш бурдам, тарсид ва ишора кард, ки обро дур кунем. Сахт аз оби ҷуш метарсад. Тамоман гап намезанад ва вақте пурсидам, ки чӣ гап шудааст, фақат ишора кард, ки сараш осеб дидааст ва ба тарафи ҳалқаш ишора кард”,--гуфт ӯ.

Ин мард аз шарҳи бештари қазияи писараш худдорӣ кард. Меҳрубон Юсупов, бародари ин сарбоз, ки дар Русия дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор дорад, иддао кард, ки бародарашро лату куб кардаанд.

Ӯ гуфт, то ҷое ӯ хабар пайдо кардааст, бародарашро лату куб кардаанд ва оби ҷушомадаро дар даҳонаш рехтаанд. Иддаое, ки масъулони қисми низомӣ рад мекунанд.

Як масъули ин қисми низомӣ дар ноҳияи Ҳисор, ки худро “капитан Ғозиев” муаррифӣ кард, дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, “сарбоз пеш аз ҷалбаш ба артиш беморӣ доштааст ва ӯро ҳоло ба госпитал бурдаанд”.

Ӯ иддаои лату куб ва оби ҷӯш рехтан ба гулуи сарбозро рад кард.

“Ин ҳамааш гап аст, ин хел нашудааст. Ҳар чизе бошад, қонун муайян мекунад. Падару модараш бояд муроҷиат кунанд, ба онҳо мегӯянд, ки чӣ шудааст. Ба телефон ман чизе гуфта наметавонам”,--гуфт ӯ.

Волидайни ин сарбоз мегӯянд, воқеан вазъи сиҳатии писарашон пеш аз ҷалб шудан ба сафи артиш хуб набуд, вале пизишкон хулоса додаанд, ки ӯ сиҳат аст. Меҳрубон Юсуфов, бародари ин сарбоз гуфт, панҷ сол пеш дар як занозании тасодуфӣ миёни ҷавонони деҳ аз сараш зарб хӯрда буд ва зуд-зуд табобат мегирифт. Ӯ гуфт, ки бо вуҷуди беморӣ бародарашро дар ноҳияи Хуросон "облава" карданд ва ба артиш бурданд.

“Бемор буд, вале ба ин ҳад набуд, ки гап зада натавонад. Мо маълумотномаи бемориашро пешниҳод карда будем, ки сараш осеб дидааст ва табобат мешавад, бар артиш набаред, лекин бурданд. Писари мо ба пойи худ ба хизмат рафта буд”,--гуфт Абдулҳафиз Юсупов, падари ин сарбоз.

Дар Тоҷикистон дар ду навбат, баҳор ва тирамоҳ ҷавонони сини 18 то 27 соларо барои хидмат дар артиш ҷалб мекунанд.

Ҳамасола даҳҳо ҳолати бо зур ё “облава” бурдани ҷавонон ба артиш расонаӣ мешавад. Лату куби сарбозон ва ҳалокати онҳо дар қисмҳои низомӣ низ сабт мешавад.

"Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ" – як созмони ҳомии ҳуқуқи сарбозон мегӯяд, аз соли 2015 то 2019 ба онҳо ҳудуди даҳҳо ҳолати лату куб шудани сарбозон ва даҳ ҳолати марги сарбозон дар қисмҳои низомӣ ошкор шудааст ва аксари онҳо дар пайи бадрафторӣ ё азияти сарбозон рух додааст.

Аз ҷумла, моҳи ноябри соли 2018 Додгоҳи ҳарбии вилояти Хатлон Сафармаҳмад Боқизодаи 20-соларо барои аз беэҳтиётӣ паррондани ҳамхидматаш Алӣ Мирзоеви 26-сола аз озодӣ маҳрум кард. Моҳи июни соли гузашта Додгоҳи ҳарбии Хатлон сарбоз Мӯҳсинхӯҷа Султоновро, ки дар қатли ҳамхидматаш Ҳасан Каримов айбдор дониста мешуд, ба 10 соли зиндон маҳкум намуд.

Додгоҳи низомии Хатлон моҳи октябр низ як афсар ва се сарбозро барои “ба марг расонидани рамазон Зоиров, сарбози як қисми низомӣ дар ноҳияи Абдураҳмонӣ Ҷомӣ аз нӯҳ то ҳафт солӣ аз озодӣ маҳрум кард.

XS
SM
MD
LG