Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

НАТО: "Хуруҷи шитобзада аз Афғонистон хатарнок аст ва хавфи нобудии дастовардҳо вуҷуд дорад"


Дабири кулли НАТО мегӯяд, агар нерӯҳои байналмилалӣ шитобзада Афғонистонро тарк кунанд, хатари аз байн рафтани дастовардҳои ду даҳсолаи гузашта вуҷуд дорад. Ба қавли ӯ, муттаҳидон дар ин паймон дар мавриди Афғонистон бар сари дуроҳии мушкил қарор гирифтаанд.

Йенс Столтенберг рӯзи 30-юми ноябр дар як нишасти онлайнӣ бо хабарнигорон ҳушдор дод, ки берун рафтани саросемавор аз Афғонистон хатарнок аст.

Ӯ афзуд: "Агар дар Афғонистон бимонем, бо хатари ҳузури душвори низомӣ дар вазъияти бӯҳронӣ ва хушунатҳои афзоянда рӯбарӯ хоҳем шуд. Аммо агар Афғонистонро тарк кунем, бо хатари нобудии дастовардҳои ду даҳсолаи гузашта рӯбарӯ мешавем. Ҳамчунон муҳим аст, то нагузорем Афғонистон лонаи амн барои террористони байналмилалӣ шавад."

Қарор аст, рӯзҳои 1-2-юми декабр вазирони корҳои хориҷии НАТО нишасти муштарак баргузор кунанд. Афғонистон яке аз мавзӯъҳои меҳварии ин нишаст хоҳад буд.

Дабири кулли НАТО мегӯяд, фурсати таърихӣ барои сулҳ дар Афғонистон ба миён омадааст, аммо ӯ афзуд, гуфтугӯҳо шикананда ҳастанд, аммо бояд дар натиҷаи он сулҳ ба даст биояд.

Наздик ба ду моҳ аст, ки намояндагони ҳукумати Афғонистон ва гурӯҳи Толибон дар Доҳа --пойтахти Қатар нишасти ғайрирасмиашонро оғоз карданд, аммо то ҳанӯз хабаре аз оғози гуфтугӯҳои расмӣ нест.

Дабири кулли паймони НАТО таъкид кард, ки пас аз ҳосил шудани ин боварӣ, ки Толибон ба ваъдаашон амал мекунанд, хушунатҳоро коҳиш медиҳанд ва оташбасро мепазиранд, берун рафтани нерӯҳои вақти зиёд нахоҳад гирифт.

Йенс Столтенберг афзуд, ки шумораи нерӯҳои аврупоӣ ва дигар муттаҳидон дар Афғонистон коҳиш нахоҳад ёфт. Дабири кулли НАТО мегӯяд, "Амрико ахиран тасмим гирифт, ки шумораи нерӯҳояшро дар Афғонистон коҳиш диҳад, аммо маъмурияти омӯзишии нерӯҳои байналмилалӣ иборат аз муттаҳидони аврупоӣ ва дигар кишварҳои муттаҳид идома меёбад".

Пеш аз ин Кристофер Миллер, сарпарасти Вазорати дифои Амрико гуфта буд, ки бо дастури раиси ҷумҳур Доналд Трамп шумораи сарбозони кишвараш дар Афғонистон то нимаи моҳи январ аз 4500 ба 2500 тан коҳиш хоҳад ёфт.

Дабири кулли НАТО мегӯяд, пас аз он, ки Ҷо Байден, раиси ҷумҳури мунтахаби Амрико маросими савгандро ба ҷо овард, аз ӯ даъват мекунад то барои иштирок дар як нишасти ин паймон ба Бруссел биояд ва дар мавриди ҳузури оянда дар Афғонистон андешаашро баён намояд.

Йенс Столтенберг нагуфт, ки ин нишаст кай баргузор хоҳад шуд. Аммо дар бархе гузоришҳо пеш аз ин омада буд, ки бо беҳбуд ёфтани вазъияти коронавирус, шояд нишасти сарони НАТО дар моҳи феврал баргузор шавад.

Шарҳҳоро бинед (5)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG