Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Путин: Вазъ дар кишварҳои узви СПАД "мушкил дошт"


Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия. 2-юми декабри 2020

Раиси ҷумҳури Русия гуфт, вазъ дар кишварҳои узви Созмони Паймони Амнияти Дастҷамъӣ "ором набуд" ва дар гузашта низ "мушкил дошт". Владимир Путин рӯзи 2-юми декабр дар ҷаласаи онлайни сарони кишварҳои узви СПАД аз таҳаввулоти ахир дар Қаробоғи Кӯҳӣ ва Белорусу Қирғизистон ёдовар шуд.

"Вазъ дар минтақаи зери масъулияти СПАД дар гузашта ҳам бемушкил набуд ва дар умум ҳалношуда монд. Манзури ман низои мусаллаҳона дар минтақаи Қаробоғи Кӯҳӣ аст, ки моҳи сентябр бо иштироки як кишвари узви СПАД рӯ зад. Маълум аст, барои хатми хунрезиҳо, оташбаси комил ва шурӯи ҷараёни барқарорсозӣ дар Қаробоғи Кӯҳӣ мудохилаи фаъоли Русия зарур шуд", -- гуфт ӯ.

Путин ба таҳаввулоти Белорус ва вазъи сиёсии Қирғизистон ҳам ишора кард. Белорус баъд аз интихоботи президентии 9-уми август шоҳиди эътирозҳои густарда аст. Мухолифон мегӯянд, дар интихоботе, ки Лукашенкоро баранда эълон карданд, тақаллуби густарда сурат гирифтааст.

Дар Қирғизистон низ баъд аз эълони натиҷаҳои интихоботи порлумонии моҳи октябр норозиён ба хиёбонҳо баромаданд ва дар натиҷа раиси ҷумҳур ба истеъфо рафт ва ҳоло кишвар мунтазири интихоботи нави порлумониву президентӣ аст.

ТАСМИМИ САНГИН

Дар пайи низои шашҳафтаина миёни нирӯҳои Арманистону Озарбойҷон бар сари минтақаи ҷудоиталаби Қаробоғи Кӯҳӣ рӯзи 9-уми ноябр ду кишвар бо миёнравии Русия созиши оташбас имзо карданд.

Созише, ки дар ниҳоят мояи қаноатмандии Озарбойҷон шуд, вале вазъи сиёсии Арманистон ва ҳукумати нахуствазир Никол Пашинянро ба як бӯҳрон гирифтор кард.

Пашинян рӯзи 2-юми декабр дар ҷаласаи сарони кишварҳои узви СПАД бори дигар Озарбойҷонро ба шурӯи ҷанг ва марги одамон гунаҳкор кард.

Владимир Путин дар ҷаласа аз Пашинян пуштибонӣ кард ва гуфт, раҳбарияти Арманистон "барои хатми ҷанг ва ба манфиати мардум бояд тасмимҳои сангине қабул мекард". Вай аз кишварҳои узви СПАД даъват кард, ки барои мардуми Қаробоғи Кӯҳӣ ёриҳои башарии худро дареғ надоранд.

САНГАНДОЗИИ ЛУКАШЕНКО БА СӮИ МУХОЛИФОНУ ҒАРБ

Ҷаласаи сарони СПАД-ро Александр Лукашенко, ки норозиёне истеъфояшро талаб доранд, барои сангандозӣ ба самти мухолифону Ғарб истифода кард. Лукашенко, ки дар ғасби қудрат ва хушунат ба зидди эътирозгарон муттаҳам мешавад, аз минбари созмони ба раҳбарии Русия ба президентони дигари узви СПАД гуфт:

"Мусаллам аст, ки бояд ба ҳам омада, бо назардошти дарси ҳаводиси гузашта (дар Белорус), амалҳои ояндаи худро баррасӣ кунем, то аз такрор шудани онҳо пешгирӣ шавад. Ҳеч кас набояд дар чунин шароит ором бошад, эҳтимол ҳамаи мо инро дарк мекунем."

Дар ҷаласаи рӯзи 2-юми декабр Путин аз Тоҷикистон барои, ба гуфтааш, “саҳм дар пешгирӣ аз таҳдидҳои кишварҳои ҳамсоя, аз ҷумла, қочоқи маводи мухаддир ва террористон” ситоиш кард.

Ӯ гуфт, Русия ва Тоҷикистон дар оянда низ ҳамроҳ бо истифода аз имкониятҳои сохтори низомие, ки дар қаламрави Тоҷикистон аст, барои муқобила бо ин таҳдидҳо амал хоҳанд кард. Манзури Путин пойгоҳи 201-уми Русия аст, ки дар ҳайати 7 ҳазор низомӣ дар хоки Тоҷикистон ҷойгир буда, азимтарин пойгоҳи низомиаш дар хориҷ аз ин кишвар ба шумор меравад.

РАҲМОН: "БО НИГАРОНӢ... ПАЙГИРӢ МЕКУНЕМ"

Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон, дар суханронии худ аз таҳдидҳои афзояндаи гурӯҳҳои террористиву ифротгаро ва қочоқбари маводи мухаддир гуфт ва ба зарурати чораҳои иловагӣ дар марз бо Афғонистон таъкид кард. Ӯ бо ишора ба хушунатҳои афзоянда дар кишвари ҳамсоя гуфт, "аз таҳаввулоти ин кишвар бо нигаронӣ... пайгирӣ мекунем".

Инчунин, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2020-ро "соли афзоиши бесобиқаи хатару таҳдидҳо" номид ва гуфт, бемории коронавирус боис ба болоравии бекорӣ ва таҳдид ба амнияти ғизо мешавад.

Раҳбарии даврии СПАД дар соли 2021 ба Тоҷикистон гузашт.

Ба узвияти СПАД, ки як созмони сиёсию низомии минтақавӣ ба шумор меравад, Арманистону Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия ва Тоҷикистон шомил ҳастанд. Як вазифаи ин созмон ёрии низомӣ ба кишварҳои узв аст, ки дар шароити хатари ҷанг қарор доранд.

Баъзе аз таҳлилгарон нишастҳои раҳбарони СПАД ва ИДМ-ро, ки асосан кишварҳои Шӯравии пешинро дар бар мегирад, клуби раҳбарони худкома меноманд. Дар ин нишастҳо ба масъалаи ҳуқуқи башар, демократияву интихоботҳои шаффоф ва озодиҳои сиёсиву эътиқод расидагӣ намешавад.

Шарҳҳоро бинед (2)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG