Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"600 миллион сомонӣ аз даст меравад." Андозе, ки борҳо "ноодилона" хондаанд, бекор нашуд


Акс аз бойгонӣ

Як навъи молиёт дар Тоҷикистон, ки баъзе аз созмонҳои байналмилалӣ онро "ноодилоона" ва коршиносон "такрори андозҳои дигар" хондаанд, имсол ҳам бекор нашуд. Вакилони Маҷлиси Намояндагон ҳафтаи ҷорӣ ризоят доданд, ки тасмими бекор кардани андоз аз истифодабарандагони роҳ то 31-уми декабри соли 2021 ба таъхир гузошта шавад.

Мақомот гуфтанд, дар замони пандемияи коронавирус наметавонанд ин андозро аз байн бибаранд. Баъзе аз сокинон мегӯянд, онҳо низ дар аҳди коронавирус ба пуштибонӣ ниёз доранд ва бояд ҳукумат ба ваъдааш, ки гуфта буд ин навъи молиётро то охири моҳи декабри имсол бекор мекунад, вафо мекард.

Карим Гулмуродзода, муовини вазири молияи Тоҷикистон, гуфт, дар сурати лағви ин навъи андоз буҷаи соли оянда беш аз 600 миллион сомониро аз даст хоҳад дод. Вай рӯзи 2-юми декабр дар ҳузури вакилони порлумон гуфт: "Аз ин маблағ воридоти 510,6 миллион сомонӣ ба буҷаи ҷумҳуриявӣ ва 105,1 миллион сомонӣ ба буҷаҳои маҳаллӣ ба нақша гирифта шудааст."

Ин навъи андозро асосан ширкатҳои боркашонӣ ва соҳибони нақлиёт месупоранд. Таъхири бекор кардани он дар ҳолест, ки рӯзи 3-юми декабр чанде аз масъулони ширкатҳои нақлиётӣ ба Радиои Озодӣ гуфтанд, дар шароити пандемия, ки даромадашон ба таври чашмрас кам шудааст, ба кумаку дастгирӣ ниёз доранд.

Толиб Саидов, раиси ширкати "Файзимоҳ", мегӯяд, дар пайи хуруҷи бемории коронавирус ҳеч имтиёз ё дастгирие нисбат ба онҳо пешбинӣ нашуд. Ӯ афзуд, андоз аз истифодабарандагони роҳҳои автомобилгардро сари вақт пардохт мекунанд, вале корашон, ки мисли пешина нест, барояшон мушкил аст.

"Қариб 3,5 ҳазор сомонӣ андоз месупорем. Сарҳадҳо бастааст, кори зиёд нест. Сабукӣ пешниҳод нашуда истодааст, дигар чӣ кор кунем?" -- мепурсад ӯ.

Олимҷон Бобоев, иқтисоддони тоҷик, мегӯяд, андоз аз истифодабарандагони роҳҳои автомобилгард, ин андози дукарата ба ҳисоб меравад ва бино бар ин борҳо масъалаи бекор намудани он ба миён гузошта шудааст. "Аз як базаи андозгузорӣ як бор андоз мегиранд, ду бор не. Аммо дар ин ҷо аз як база ду бор андоз гирифта мешавад. Инро барҳам додан лозим буд, вале ба буҷа, ки маблағ даркор шудааст, тамдид карданд", -- шарҳ дод ӯ.

Андоз аз истифодабарандагони роҳҳои автомобилгард дар оғози соли 2018 бояд бекор мешуд, аммо он замон масъулони Вазорати молияи кишвар гуфтанд, "бо бекор шудани он ба буҷаи давлатӣ 360 миллион сомонӣ ворид намегардад, ки дар натиҷа ба маблағгузорӣ намудани иншооти муҳими аҳамияти стратегидошта, монеа эҷод менамояд."

Бо пеш овардани чунин далел, муҳлати бекор намудани ин навъи андоз то соли 2020 дароз карда шуд ва ин навбат низ иҷро нагардид.

Низоми андози Тоҷикистон борҳо аз сӯи созмонҳои молии ҷаҳонӣ интиқод шудааст. Коршиносони Бонки Ҷаҳонӣ мегӯянд, баъзе аз навъҳои андоз, аз ҷумла андоз аз истифодабарандагони роҳ одилона нестанд. Мақомот на ҳамаи ин интиқодҳоро қабул доранд ва аммо мегӯянд, бо ислоҳи Кодекси андоз дар пайи ислоҳи вазъ мебошанд.

Дар ҳамин ҳол, соҳибкорони тоҷик мегӯянд, дар шароити ҳозира бояд ҳар гуна ислоҳот дар Кодекси андоз бояд ба нафъи онҳо бошад. Рӯзи 3-юми декабр намояндагони Вазорати молия гуфтанд, тарҳи ислоҳи Кодекси андоз дар баррасии идораҳо қарор дорад ва дар раванди ислоҳи он манфиати соҳибкорон ба назар гирифта мешавад.

Ҳукумати Тоҷикистон баъди беш аз як моҳи тасдиқи мавҷудияти бемории COVID-19 барои коҳиши таъсири паҳншавии он ба чанд соҳа, аз ҷумла соҳибкорон сабукӣ дод. Муҳлати он то сентябр буд, вале дубора дароз нашуд.

Тибқи иттилои расмӣ, дар 6 моҳи аввали имсол ҳудуди 30 ҳазор соҳибкори тоҷик кори худро қатъ намудаанд. Ба иттилои масъулони Кумитаи андоз, таъсири пандемияи коронавирус ва тоб наовардан ба рақобат аз омилҳои қатъи кори соҳибкорон мебошад. Аммо баъзе аз иқтисоддонҳо барҳам хӯрдани кори соҳибкоронро ба молиёти аз ҳад зиёд, баҳра ё фоизи баланди қарзҳои бонкӣ, санҷишҳои беасос, инҳисор ё монополия, рақобати носолим дар бахши тиҷорату истеҳсолот ва дигар монеаҳои сунъӣ рабт медиҳанд.

Шарҳҳоро бинед (18)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG