Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гапи озод: Ҷавонон, муҳоҷират ва ифротгароӣ чӣ пайванд доранд? ВИДЕО


Матбуоти Русия пайваста аз боздошти муҳоҷирони тоҷике хабар медиҳанд, ки ба гуруҳҳои ифротии исломӣ ҳамроҳ шудаанд. Бисёриҳо ҳарфи матбуоти Русияро тарғиб ва воҳима медонанд. Мақомоти Тоҷикистон гуфтаанд, 85 дар сади ҷавононе, ки ба гуруҳи ба ном “Давлати исломӣ” дар Сурия ва Ироқ ҳамроҳ шудаанд, аз дар Русия мағзшӯи шудаанд.

Радиои Озодӣ дар барномаи “Гапи Озод” ин масъаларо бо ду нафар Фаридун Ҳодизода, таҳлилгари масоили ифротгароӣ ва Иззат Амон, ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирон дар Русия матраҳ кард. Чанд иқтибосе аз суҳбатҳои барномаро инҷост:

Фаридун Ҳодизода: “Бо ҷавонон суҳбат кунед, инҳо фикр мекунанд, ки ҳамавақт ҳақиқатро медонанд. Вале онҳо маънои ҳақиқати зиндагиро намефаҳманд ва муҳимтар аз ҳама дар кишвари мо, як андешаи миллӣ ҳоло нест.”

Иззат Амон: “Муҳоҷирон як қишри норозӣ дар ҷомеа ҳастанд, шабурӯз дар шабакаҳои иҷтимоӣ мешинанд. Шабакаҳои иҷтимоӣ ҳам аз навору суҳбатҳои резидентҳои ҳизбу ҳаракатҳои тундрав зиёд аст ва муҳоҷирон бегуфтугу зери таъсири ин резидентҳо, ин суҳбатҳо мемонанд ва дар фикри пайвастан ба гуруҳҳои тундрав мешаванд.”

Иззат Амон: “Агар мо Тоҷикистонро мисол биёрем, бубинед, ки чӣ қадар маҳдудиятҳо дар роҳи ибодат ба Худо, рафтан ба масҷид мушкил дорад. Яъне мусулмонҳо дар кишвари худашон мушкил бо ҳиҷоби зан доранд, мушкил бо риши мардон доранд, мушкил бо масҷид доранд. Кулли ин мушкилотро доранд, ки сабаб мешавад, ки ҷавонҳои мо ифротӣ шаванд. На танҳо ҷавонон, бузургсолон ҳам метавонанд, ифротӣ шаванд.”

Фаридун Ҳодизода: “Радикализм (ифротгароӣ) дар тамоми дунё ҳаст ва Тоҷикистон аз ин раванд берун нест. Идеяҳои радикалӣ дар тамомӣ дунё ҳаст ва албатта дар як кишвар дунёвӣ ҳаст, дар дигаре сотсиалистӣ ҳаст. Дар мо ҷомеаи исломӣ ҷомаи пӯшидааст, ки ин ҳам бисёр-бисёр хатарнок аст.”

Барномаро худатон инҷо бубинеду назаратонро зераш нависед:

Гапи Озод: Чаро ҷавонони тоҷик бештар дар Русия ифротгаро мешаванд?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:22:13 0:00

Шарҳҳоро бинед (31)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG