Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Танқиди монополияҳо. Низоъ дар сулола ё эълони хостҳо?


Назди яке аз бозорҳои фуруши маҳсулоти сохтмонӣ дар Душанбе
Назди яке аз бозорҳои фуруши маҳсулоти сохтмонӣ дар Душанбе

Дар Тоҷикистон бори нахуст аз минбари баланди расмӣ масъалаи рақобати солим ва мушкили монополия ё инҳисори бозорӣ дохилӣ садо дод. Вале коршиносони мустақил шубҳа доранд, ки ҳукумат дарвоқеъ мехоҳад, ин мушкилро ба таври ҷиддӣ ҳал кунад.

Беамалии ниҳодҳои танзимкунандаи бозор сабаби асосии набудани рақобати солим дар байни ширкатҳои маҳалливу хориҷӣ барои истеҳсоли мол ва кору хидматрасонӣ номида шуд.

Рақобатро худи бозор муайян мекунад ва онеки аз усулҳои рақобати солим канор меравад, наметавонад дар бозор зиёд тоб биёварад.

Ин хулосаро раиси палатаи болии порлумон ва шаҳрдори пойтахт, писари калонии президенти Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ дар ҷаласаи ғайринавбатии чоруми Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олӣ рӯзи 9-уми декабр матраҳ кард.

Тавре хабаргузории миллии “Ховар” навишт, кумитаҳои дахлдори Маҷлиси миллӣ вазифадор шуданд, қонунгузории кишварро дар робита ба инҳисор, иҷозаи баъзе намудҳои фаъолият, хариди молу кору хидматрасониҳо ва ҳамчунин масъалаҳои зиддиинҳисорӣ биёмӯзанд. Дар сурати зарурат пешниҳодҳоро барои таъмини рақобати солим дар бозори истеъмолӣ ва шиддат бахшидани масъулияти ниҳодҳои ваколатдори давлатиро омода кунанд.

Масъалаи монополӣ кардан ё дар қабзаи худ гирифтани бозори Тоҷикистон хеле вақт аст, ки дар доираҳои коршиносӣ ва расонаҳо баҳс мешавад, вале он акнун бори аввал тайи солҳои дароз дар сатҳи раиси порлумон баррасӣ шуд.

Ин баҳсҳо дар пасманзари якбора боло рафтани нархи маҳсулоти ниёзи аввал сар заданд. Яке аз далелҳои асосии ин вазъи бозорро коршиносон набуди рақобати солим ва ҳузури инҳисорталабҳои калон медонанд, ки ҳам ба нарху наво таъсир мерасонанд ва ҳам рушди кишоварзиро дар кишвар бозмедоранд.

Оё ин буҳрон ба тасмимҳои ҳукуматдорон таъсир мегузорад, ки муносибати худро бо монополияҳо бознигарӣ кунанд, ё ҳукумат танҳо бори дигар хостҳои амалинашавандаи худро эълом дошт?

"ХОСТҲО ҲАСТШАВАНДААНД"

Шариф Раҳимзода, мудири Пажуҳишгоҳи иқтисод ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бар ин аст, ки ҳадафҳои раиси маҷлис дар мавриди солимгардонии рақобат дар бозори дохилии Тоҷикистон комилан иҷрошавандаанд.

“Рақобатро худи бозор муайян мекунад ва касе, ки аз усулҳои рақобати солимро риоя намекунад, наметавонад дар бозор зиёд тоб биёварад, зеро он ҷо муштарӣ ба сифат ва арзиш таваҷҷӯҳ мекунад, на ба номи ин ё он ширкат”,--мегӯяд Раҳимзода.

Аммо омори расмӣ бозгӯи он аст, ки дар бозори дохилии Тоҷикистон ҳарчӣ бештар монополизатсия ё пойбанди бозигарони калон мешаванд.

Дар рӯйхати ниҳоди зиддимонополӣ 98 субъекте қайд шудаанд, ки мавқеи яккатозиро дар бозор ишғол кардаанд. Тавре хабаргузории “Азия-Плюс” менависад, шумораи ин гуна шахсони ҳуқуқӣ (ширкатҳо) ва воқеӣ (соҳибкорони инфиродӣ) дар қиёс бо оғози соли 2013 то 48 дарсад боло рафтааст: он замон дар рӯйхат 63 инҳисорталаб (монополист) буд.

Ширкати мобилии Бабилон
Ширкати мобилии Бабилон

Дар миёни онҳо ширкатҳои мухобиротӣ: ҶСП "Индиго Тоҷикистон" (Tcell), ҶСП "ТТ-Мобайл" (МегаФон Тоҷикистон), ҶСП "Вавилон Мобайл" ва ҶММ "Таком" (ZetMobile, Beeline-и пештара); ширкатҳои муштараки тоҷикиву чинии истеҳсолкунандаи семент: "Ҷунгтсай Моҳир семент", "Хуаксин Ғаюр семент", "Хуаксин Ғаюр Суғд семент"; воридкунандагони маҳсулоти нафтӣ: ҶММ “Газпромнефт-Тоҷикистон”, ҶММ “Сеганҷ” ва Оҷонсии захираҳои моддии назди ҳукумати ҶТ, ҶММ “Ширкати сӯхтфурӯшӣ” (Топливозаправочная компания), ки дар бозор ба воридот ва фурӯши керосини ҳавонавардӣ машғул буданд.

РӮЙХАТЕ, КИ ҲАМАРО ДАР БАР НАМЕГИРАД

Ҷолиб аст, ки дар рӯйхати зикршуда номи ширкатҳое, ки пештар дар таҳқиқҳои рӯзноманигорон зикр шуда, ба хешовандони Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон тааллуқ доранд, хеле каманд.

Як шореҳи иқтисодӣ аз Душанбе ба шарти набурдани номаш гуфт, ки бисёре аз ширкатҳои марбут ба доираҳои наздиҳукуматӣ бидуни андозу пардохтҳои дигар ба тиҷорат машғуланд ва аз ин рӯ рақамҳои воқеӣ дар бораи онҳо вуҷуд надорад. “Миёни онҳое, ки марбут ба доираҳои наздик ба ҳукуматанду дар рӯйхат ном бурда шудаанд, мешавад “Сеганҷ”-ро ном гирифт, ки 40 дарсади бозори маҳсулоти нафтиро дар ихтиёр дорад, “Сомон Эйр”, ки ба рӯйхати инҳисорҳои табиӣ ворид шудааст ва ҳам ҶММ “Ширкати сӯхтфурӯшӣ”,--шарҳ медиҳад ҳамсуҳбати мо.

МОНОПОЛИЯҲОИ МАШҲУР

Дар миёни инҳисорталабҳо ҳамчун ширкати аз ҳама пурсарусадо “Фароз”-ро номбар кардан мумкин аст, ки марбути Шамсулло Соҳибов, домоди президент буд ва моҳи марти имсол дар мавриди барҳамхӯрданаш эълон нашр шуд. Ин ширкат корхонаҳои бахшҳои сердаромаде, чун нақлиёт, сохтмон, савдо, филизот (металлургия), сайёҳӣ, тиҷорати меҳмонхонаҳо, тандурустӣ, маорифу расонаҳо ва бонкдориро дар ихтиёр дорад.

Шамсулло Соҳибов, домоди Эмомалӣ Раҳмон
Шамсулло Соҳибов, домоди Эмомалӣ Раҳмон

Пештар дар ихтиёри Радиои Озодӣ санаде қарор гирифт, ки нишон медиҳад, 46 ширкате, ки ба “Фароз” тааллуқ доранд, кори худро давом дода истодаанд. Дар миёни онҳо "Коммерсбонки Тоҷикистон", корхонаи "Хишти Душанбе", “Нахустин ширкати бимаи миллӣ”, “Фароз Конч Семент”, корхонаи "Фулузоти Тоҷикистон" ва ду ширкати асосии нақлиётии “ТоҷикВнештранспорт” ва "ТоҷикНақлиёт" буданд.

Eurasianet.org бо истинод ба манбаъҳои худ навишта буд, ки воридоти маводи сӯхт ба Тоҷикистонро даҳҳо ширкат анҷом медиҳанд, вале аксари онҳо вобаста ба Шамсулло Соҳибов ҳастанд. Онҳое, ки бо ӯ нестанд маҷбуранд “доля бидиҳанд” ва арзиши маҳсулотро поин набаранд, то ширкатҳои ӯ рақобатпазир бошанд.

Ҷолиб ин аст, ки чопхонаи "Нашриёти муосир", ки пештар вобастаи “Фароз” буд, дар тендери чопи китоби “Тоҷикон” баранда шуд ва 13,5 млн доллар кор кард, дар ҳоле, ки ширкатҳои дигар барои нашри ин китоб маблағҳои ба маротиб камтарро пешниҳод карда буданд. Аммо ин шикатҳо раҳ наёфтанд, ки дар ин бора Озодӣ таҳқиқоте анҷом дода буд.

Дар бораи ширкатҳои дигари инҳисории бозори Тоҷикистон, ки ба хонаводаи раисҷумҳур пайванд мехӯранд, дар матлабҳои худ расонаҳои байналмилалӣ ва мухолифони Эмомалӣ Раҳмон ишора карда буданд. Дар миёни онҳо ширкати дорусозии “Сифат-Фарма”-ро ном бурда буданд, ки ба домоди дигари раисҷумҳур Ашраф Гулов марбут дониста шуда буд. Ҳамчунин аз ширкати тавзеъкунандаи “Таджеро”, ки 60% маҳсулоти хӯроквории кишварро ворид мекунад, ширкати “Ошногрупп” низ ёд шуда буд, ки марбути қудои президент Бег Сабур аст ва ба фурӯши интернет дар кишвар машғул аст.

САМАРИ ИНҲИСОР

Ҳукумати Тоҷикистонро борҳо барои онки ба ширкатҳои алоҳида ба таври сунъӣ шароити рушду шукуфоӣ муҳайё мекунад, гунаҳкор донистаанд. Аз ҷумла, дар ин бора дар як таҳқиқоти Маркази таҳқиқоти фасодкорӣ ва ҷиноятҳои созмонёфта (OCCRP) гуфта шуда буд.

Коршиносон мегӯянд, ки инҳисоргаройӣ дар бахшҳои гуногуни иқтисод ба боло рафтани нархи ҳамешагии ҳама молу хидматрасониҳо оварда мерасонад.

Дар ҳоли ҳозир дар Тоҷикистон нархи аз ҳама болотарини билети ҳавопаймо, бензин ва дигар маводи сӯхт, фоизҳои баландтарини бонкӣ ва гаронтарин интернет дар минтақа ба назар мерасад. Ин дар ҳолест, ки даромади мардум дар минтақа аз ҳама пасттар аст.

ҲУКУМАТ ОМОДАИ МУБОРИЗА АСТ?

Агар коршиносони наздик ба давлат ҳукуматро қодир ба ин медонанд, ки метавонад бо инҳисорталабҳои бузург мубориза кунад, таҳлилгарони мустақил инро як пешниҳоди “содалавҳона” мехонанд.

Иқтисоддони тоҷик Акбар Усмонов ҳангомаҳои мубориза бо инҳисоргароиро ба интиқоли қудрат марбут медонад.

“Дар ҳоли ҳозир раванди таъини мавқеъ дар ҷараён аст. Аз ҳама муҳим барои Рустами Эмомалӣ ба даст гирифтани назорат бар бозингарони калидӣ дар ин хонаводаи бузург аст, ки бахшҳои иқтисодиеро чун ҳавонавардӣ, воридоти маводи сӯхт ва гози моеъ, дорусозӣ ва воридоти маҷмуъии доруворӣ, истихроҷи тило, коркарди алюминий, истеҳсол, коркард ва фурӯши пахта, роҳҳои пулакӣ, воридоти маҳсулоти хӯрокӣ, воридоти бору коло аз Чин ва ғайраро инҳисорӣ кардаанд. Тобеъ шудани ин гуруҳҳо ба манофеи давлатӣ дардисари бузурге аст”,-- тахмин мезанад ҳамсуҳбати мо.

Ба гуфтаи ӯ, дар кишвар мухолифини воқеӣ нестанд, аз ин рӯ ин гуна масоил метавонанд ё хеле зуд ҳал шаванд, ё дар кунҷе ҳалношуда боқӣ монанд.

XS
SM
MD
LG