Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Духтаре "шаби аввал"-и худро ба фурӯш гузоштааст. Масъалаи иқтисодӣ ё ахлоқӣ?


Акс аз сомонаи музоядаи онлайни "шаби аввал"

Як духтари 23-солаи тоҷик аз шаҳри Душанбе бакорати худро дар музоядаи байналмилалии онлайн бо нархи 10 ҳазор доллар ба фурӯш гузоштааст. Cомонаи "Шаби аввал" ауксион ва ё майдони музоядаҳои онлайнии фурӯши бакорат аст. Дар ин пойгоҳ садҳо духтари бокира аз кишварҳои гуногуни ҷаҳон "ҳуқуқи шаби аввал"-ро ба фурӯш мегузоранд.

Ин пойгоҳ ахиран эълони як духтари тоҷикро ба нашр расонд, ки гуфтааст, мехоҳад бакораташро фурӯшад. Дар шарҳи эълони ӯ навиштаанд, "мехоҳам марди сарватмандеро пайдо кунам ва дар оянда зани хубе барои ӯ шавам. Ман духтари гапдаро, меҳрубон ва хуб ҳастам."

Тавре мегӯянд, он чизе, ки қонун манъ накардааст, ҷоиз аст. Аммо аз назари ахлоқӣ ба менталитети мардуми мо рост намеояд.
Саноат Солиева

Духтар миллати худро тоҷик ва аз шаҳри Душанбе муаррифӣ карда, навиштааст 23-сола аст. Хабарнигори Радиои Озодӣ дар пойгоҳи "Шаби аввал" бо духтар мукотибаи кӯтоҳ дошт.

Исми духтар, ҳамон тавр ки худро муаррифӣ кард, ба Радиои Озодӣ маълум аст, вале аз бурдани номаш ба далелҳои ахлоқӣ худдорӣ мекунад. Ӯ дар мукотибаи кӯтоҳ гуфт, оилаашон дар вазъи душвори молиявӣ асту қарздоранд ва "аз ин роҳ мехоҳам оилаамонро аз қарз раҳо кунам".

Аммо мусоҳиби мо ба суолҳои баъдӣ посух нагуфт ва навишт, танҳо бо муштариёни ҷиддӣ "сари кор хоҳад гирифт", ки омодаанд 10 ҳазор доллар ва харҷи сафари ӯро ба шаҳри Дубай ва ё Туркия бидиҳанд.

Гуфт, барои гузаштан аз ташхисҳои тиббӣ, ки бакорати ӯро собит кунад, ҳозир аст, аммо ба шарте ки муштарӣ, харҷҳои ин гуна ташхисро низ пардозад.

Талабгоронидомодҳои хориҷӣ

Аз миёни кишварҳои Осиёи Миёна танҳо аз Тоҷикистон ва Туркманистон якнафарӣ ба чунин мазмун эълон додаанд. Шумори духтарон дар ин пойгоҳ аз Узбекистону Қирғизистон ва Қазоқистон ба маротиб бештар аст. Дар миёни кишварҳои Осиё аз ҳама бештар аз Эрон духтарон дар ин пойгоҳ эълон гузошта, хостори домодҳои хориҷӣ шудаанд, ки ҳозиранд бар ивази "шаби аввал" ба онҳо пул диҳанд.

Нархи бакорат дар ин музояда вобаста ба синну сол аз 3 ҳазор то 1 миллион доллар нархгузорӣ шудааст.

Дар ҳамин ҳол, сомонаи "Шаби аввал", ки бунёдгузораш ширкате дар ҷазираҳои Маршал зикр шудааст, менависад, дар ин додуситад ҳеч масъулият бар дӯш надорад. Ҳам духтарони бокира ва ҳам мардони сарватманди харидор довталабона, яъне бо хоҳиши худ маълумоти хешро дар пойгоҳ ворид мекунанд ва дар сурати зарурат метавонанд, онро пок кунанд.

Ба гуфтаи намояндагони пойгоҳ, ҳама гуна муколамаву аҳду шарт миёни "фурӯшанда ва харидор" сурат мегирад ва сомона дар ин миён масъулият надорад. Маъмурони сомона танҳо бо хоҳиши бонувон аксҳои фиристодаи онҳоро дурустсанҷӣ мекунанд ва дар гӯшаи аксҳои санҷидашуда, тамға мегузоранд, то харидорон ба ҳақиқӣ будани суратҳо бовар ҳосил кунанд.

"На манъ кардааст, на иҷозат додааст"

Саноат Солиева, ҳуқуқшиноси тоҷик ва роҳбари созмони “Фемида”, мегӯяд, мувофиқи қонунгузории Тоҷикистон ин амал ҷиноят шумурда нашудааст.

Саноат Солиева
Саноат Солиева

Ӯ рӯзи 4-уми январ гуфт: "Қонунгузории Тоҷикистон ин амалро на манъ кардааст ва на иҷозат додааст. Тавре мегӯянд, он чизе, ки қонун манъ накардааст, ҷоиз аст. Аммо аз назари ахлоқӣ ба менталитети мардуми мо рост намеояд. Духтари тоҷики мусулмон бояд қадри покдомании худро донад ва шиносад. Ман бо ин қадар таҷрибаи тӯлонии ҳуқуқшиносӣ бори аввал мешунавам, ки духтаре чунин таклиф кардааст."

Солиева афзуд, ҷалби занон ба танфурӯшӣ ва ё маҷбур кардани онҳо аз назари қонун ҷиноят аст ва дар Тоҷикистон мақомот чунин шахсонро ба ҷавобгарӣ мекашанд. Аммо ин ҳолатро ба гуфтаи ӯ на чорчӯбаи қонун, балки аз даричаи ахлоқ ва иффати занон ва мушкилоти иҷтимоие, ки ба сари онҳо меояд, бояд баррасӣ кард.

Мувофиқи қонунгузории Тоҷикистон танфурӯшии шахсони болиғ (аз 18-сола боло) ҷиноят ба ҳисоб намеравад ва танҳо ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ шинохта шудааст. Бино бар моддаи 130-и Кодекси ҳуқуқвайронкуии маъмурӣ “барои машғул шудан ба фоҳишагӣ” шахсро аз 600 то 1200 сомонӣ ҷарима мекунанд. Дар сурати дар давоми як сол содир шудани ин кирдор метавонанд то 2400 сомонӣ ҷарима ва ё то 15 шабонарӯз ҳабс кунанд.

"Шояд аз сараш даҳшатҳои зиёде гузаштааст"

Марям Давлатова, равоншиноси тоҷик, мегӯяд, дар шароити ҷаҳонишавӣ ин амал торафт ба кори маъмулӣ табдил мешавад ва эҳтимол ин духтар аз ин гуна роҳи пул кор кардан огоҳ шудаву онро имконият мешуморад.

Марям Давлатова
Марям Давлатова

Ӯ гуфт: "Мо ҳақ надорем аз ҷиҳати ахлоқӣ рафтори духтарро маҳкум кунем. Танҳо аз нигоҳи равоншиносӣ мегӯям, дар ҷомеаи суннатие, ки мо дорем, барои як духтар бе никоҳ ва тӯй бадани худро фурӯхтан хеле мушкил аст. Шояд аз сараш даҳшатҳои зиёде гузаштааст, ки ӯ ба ин кор розӣ шудааст."

Хонум Давлатова афзуд, ба ҷойи маҳкум кардан агар ҷомеа имкон медошт ба ин гуна духтарон ва оилаҳое, ки дар шароити душвор қарор гирифтаанд, дасти кумак дароз мекард, то ин гуна ҳолатҳо ҷой намедошт.

Дар ҷомеаи суннатии Тоҷикистон ба мавзӯи бокирагии духтарон ҷиддӣ бархӯрд мешавад. Мардум муносибатҳои маҳрамонаи пеш аз арӯсиро қабул надоранд ва дар сурати ифшои ба истилоҳ "нодухтарӣ" арӯсро аз хонаи шавҳар ва ҳатто волидон берун мекунанд.

Барои пешгирӣ аз чунин пешомади нохушоянд, духтарон дар Тоҷикистон пеш аз арӯсӣ аз ташхиси тиббӣ мегузаранд, то бокира будани худро исбот кунанд. Аммо мудофеони ҳуқуқи башар онро дар ҳаққи духтарон таҳқир меҳисобанд ва борҳо аз ҳукумати Тоҷикистон хостаанд, ки ин талаботро бекор кунад.

Шарҳҳоро бинед (90)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG