Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рақиби дигари Баҳодур Усмонов дар бокс аз майдон маъюс рафт


Баҳодур Усмонов дар гузашта чандин нишони пирӯзӣ ба гардан овехтааст.
Баҳодур Усмонов дар гузашта чандин нишони пирӯзӣ ба гардан овехтааст.

Баҳодур Усмонов, муштзани маъруфи тоҷик, дорандаи роҳхат ба Бозиҳои тобистонаи олимпӣ дар Токио, дар ҳайати дастаи Мурат Гассиев дар мусобиқаи бокси ҳирфаӣ («Лига Ставок. Кубок Матч! Боец») дар шаҳри Сочии Русия пирӯз шуд.

Муштзани тоҷик дар ҳайати дастаи Мурат Гассиев дар дувумин рақобати худ дар доираи мусобиқаи дастаӣ, ки 8-уми январ дар Сочи доир гардид, дар вазни то 64 кило бар Гусейн Магомедов аз тими Султон Иброҳимов ғалаба кард.

Қувваозмоӣ дар вазни аввали ниммиёна чор раунд идома ёфт ва ҳисоб баробар - 38:38 шуд. Аз рӯи натиҷаи раунди чорум доварон пирӯзиро насиби Усмонов донистанд.

— Мехоҳам ба клуби Гассиев, ки ба ман имкони ширкат дар ин мусобиқаро дод, изҳори сипос намоям. Ба мураббиёни шахсии худ ташаккур мегӯям, — гуфт Усмонов баъди рақобат дар барномаи «Матч ТВ».

Дастаи Гассиев дар финал тими Иброҳимовро бо ҳисоби 4:1 шикаст дод. Ба ин тартиб, дастаи Гассиев баъди натиҷагирии мусобиқаи бокси ҳирфаӣ («Лига Ставок. Кубок Матч! Боец»), ки дар Сочи 8-уми январ ба поён расид, бо ҳашт имтиёз мақоми аввалро касб кард. Дастаи Султон Иброҳимов ҷойи дувум ва тими Дмитрий Бивол ҷойи севумро соҳиб шуданд.

Маблағи ҷавоизи мусобиқа дар Сочи 10 миллионов рублро ташкил медод. Ба дастаи ғолиб 4 миллион рубл супурда шуд. Барои ҷойи дувум 3 миллион, барои ҷойи севум 2 миллион ва барои ҷойи чорум 1 миллион рубл тақдим гардид.

Бояд гуфт, ки Баҳодур Усмонов дар ҳарсе қувваозмоии худ дар бокси ҳирфаӣ ғолиб шуд. Ӯ дар аввалин рақобаташ дар доираи мусобиқаи Shamo Boxing Promotions, ки 24-уми декабри соли гузашта дар Маскав доир гардид, дар вазни сабук (61,23 кг) бар Вилдан Минасови русиягӣ ғалаба кард. Қувваозмоӣ шаш раунд идома ёфт ва Баҳодур аз рӯи имтиёзҳо пирӯзӣ ба даст овард.

Усмонов дар доираи мусобиқаи дастаӣ дар Сочи дар ҳайати тими Мурат Гассиев дар вазни то 64 кило пеш аз Гусейн Магомедов бар Эмир Басиров ғалаба карда буд. Қувваозмоӣ чор раунд идома ёфт ва ҳисоб баробар - 38:38 шуд. Аз рӯи натиҷаи раунди чорум пирӯзӣ насиби Усмонов гардид.

Баҳодур Усмонов, қаҳрамони феълии бокси ҳаваскорӣ дар Осиё, ба Олимпиадаи Токио, ки тобистони имсол баргузор хоҳад шуд, роҳхат гирифтааст. Ӯ дар феҳристи даҳ варзишгари беҳтарини соли 2020, ки онро Анҷумани хабарнигорони варзишии Тоҷикистон бар асосии назархоҳии намояндагони расонаҳои хабарӣ тартиб дод, мақоми аввалро касб намуд.

Баҳодур Усмонов мегӯяд, тасмим гирифт дар бокси ҳирфаӣ низ ширкат варзад, ки тибқи қоидаҳои нав барои дар Бозиҳои олимпии Токио дар бокси ҳаваскорӣ ширкат варзидани ӯ халал намерасонад.

Баҳодур Усмонов, ки моҳи марти соли гузашта дар мусобиқаи интихобии олимпӣ дар минтақаи Осиё/Уқёнус дар шаҳри Аммони Урдун дар даври бокс-офф дар вазни то 63 кило миёни мардон бар варзишгари эронӣ Ашкон Ризоӣ бо ҳисоби 5:0 пирӯз шуд, соҳиби роҳхат ба Олимпиадаи Токио-2020 гардид.

Дастоварди бузурги варзишии соли 2019 низ ба ин муштзани 23-солаи тоҷик марбут аст. Ӯ дар қаҳрамонии бокси Осиё дар шаҳри Бангкоки Тайланд ба унвони қаҳрамонӣ даст ёфта, бо медали тилло сарфароз гашт.

XS
SM
MD
LG