Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қурбоналӣ Абдуллоев, овозхони шинохтаи тоҷик даргузашт


Қурбоналӣ Абдуллоев мегуфт, ҳанӯз таронаҳои беҳтаринашро насурудааст

Қурбоналӣ Абдуллоев (Қурбоналӣ Абдулло), овозхони шинохта ва ҳунарманди мардумии Тоҷикистон, ки мегуфт ҳанӯз таронаҳои беҳтаринашро насурудааст, рӯзи 11-уми январ дар 57-солагӣ дар Душанбе даргузашт.

Адиби тоҷик Шоираи Раҳимҷон, ки аз ҳоли ӯ хабардор буд, мегӯяд, Абдуллоев давоми ду моҳи охир дар бемористон ва зери дастгоҳи нафасдиҳии сунъӣ қарор дошт. Яке аз пайвандонаш низ гуфт, овозхон дар шифохонаи касалиҳои сироятӣ дар маҳаллаи Зарафшони шаҳри Душанбе бистарӣ буд. Маросими дафнаш 12-уми январ дар шаҳри Ваҳдат баргузор мешавад.

"Табибон мегуфтанд, бо вуҷуди он ки Қурбоналӣ Абдуллоев марҳилаи буҳрониро гузашта буд, ҳолаш сангин буд. Ду ҳафтаи охир дар ҳуҷраи эҳё қарор дошт. Бисёр мехостем ба аёдаташ равем, вале табибон мегуфтанд, ҳанӯз вақташ нест", -- афзуд Шоираи Раҳимҷон.

Муҳаррама Шарифова аз ҳамкасбону дӯстони Қурбоналӣ Абдуллоев, ки ҳамроҳ панҷ таронаи дугона сурудаанд, рӯзи 11-уми январ ба Радиои Озодӣ гуфт, пеш аз беморшавии ҳунарманд ҳамсараш бемории COVID-19-ро аз сар гузаронда буд.

Шарифова гуфт, "тамоми Тоҷикистон медонад, ки ӯ инсони хуб буд. Қабл аз омадан ба ансамбли "Дарё" ном дошт."

Қурбоналӣ Абдуллоев бештар бо иҷрои сурудҳои мардумӣ ва бадеҳахонӣ машҳур аст. "Қишлоқаки ман", "Чашмам масти ту бошад", "Душанбе", "Лайло", "Санамо", "Аввалин ишқам ту будӣ" ва "Чеҳраи хаёл" аз таронаҳои маъруфи ҳунарманд ҳастанд.

Овозхон беш аз 30 сол рӯйи саҳна буд. То соли 2014 дар ансанмбли "Дарё"-и вобаста ба Кумитаи телевизион ва радиои Тоҷикистон фаъолият дошт ва баъдан ба шаҳри Краснодари Русия кӯчид, ҷое, ки наздиконаш кору зиндагӣ мекунанд.

Соле пеш ба Тоҷикистон омад, аммо бо сабаби баста будани марзҳо ва густариши бемории ҳамагир дигар ба Русия рафта натавонист. Чанд моҳ қабл баъзе аз расонаҳо хабар доданд, ки Қурбоналӣ Абдуллоев тарки овозхонӣ кардааст, ҳарчанд дар Ютуб пайваста таронахониҳои ӯ дар иҳотаи пайвандон пахш мешуд.

Муҳаррама Шарифова нахост, дар бораи сабабҳои тарки саҳна кардани Қурбоналӣ Абдуллоев суҳбат кунад, танҳо гуфт, "ин ҳама дарди дили худи ӯ буд. Шояд баъдан ҳамааш маълум шавад."

Панҷ фарзанд дорад, ки яке аз онҳо бо номи Кароматуллоҳи Қурбон роҳи падарро интихоб карда, муҳассили мактаби мусиқӣ аст.

Бори охир ӯ моҳи октябри соли 2020 дар бораи марги фоҷиабори оҳангсоз Диловари Зуҳуриён бо Радиои Озодӣ суҳбат карда буд.

Навори суҳбат бо Қурбоналӣ Абдуллоев. 11 сол пеш:

Қурбоналӣ Абдуллоев дар меҳмонии Ситораборон
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:07:30 0:00

Шарҳҳоро бинед (37)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG