Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар "ҷазираи демократия" чӣ мегузарад? Нигоҳҳо аз Душанбе ба тағйироти ахир дар Қирғизистон. ВИДЕО


Тарафдорони Содир Ҷабборов дар роҳпаймоии рӯзи 11-уми январи 2021 дар майдони Ала-Тоо, Бишкек

Дар Тоҷикистон ба натиҷаҳои интихоботи Қирғизистон, ки бар асоси он зиндонии собиқ Содир Ҷабборов ба президентӣ расида, бахши аъзами раъйдиҳандагон гузаштан аз низоми порлумониро ба идораи президентӣ беҳтар донистаанд, назарҳои гуногун доранд.

Иддае идораи президентиро дар "ҷазираи демократия" қадаме ба сӯи худкомагӣ номиданд, аммо гуруҳе бовар доранд, ин низом хоси ҳамаи кишварҳои Осиёи Марказист ва Қирғизистон "хатои гузаштаро ислоҳ кард". Интихоботи президентӣ ҳамзамон бо назарпурсӣ дар бораи тағйири сохти давлатдорӣ дар Қирғизистон рӯзи 10-уми январ баргузор шуд.

Қирғизистон, ки имрӯз дар Осиёи Марказӣ ҳамчун як "ҷазираи демократия" ба ҳисоб меравад, намехоҳем, ба "ҷазираи худкома" табдил ёбад, чун таъсири он ба кишварҳои ҳамсоя ҳам мерасад.
Абдумалик Қодиров

Нигоҳ аз Тоҷикистон: Интихобот чӣ гуна гузашт?

Абдумалик Қодиров, таҳлилгари тоҷик, мегӯяд, бо вуҷуди то андозае шаффоф гузаштани интихобот, намешавад онро одилона номид. Ӯ рӯзи 11-уми январ ба Радиои Озодӣ гуфт, "Ҷабборов, ки ба наздикӣ аз маҳбас берун шуд, дар маҷрои талотумҳо ба сари қудрат омад. Аз вазъият, аз манбаъҳои ҳукуматӣ хеле истифода кард ва тавонист ҳукуматро ба даст гирад ва инак президент шавад."

Ба иттилои расмӣ, Содир Ҷабборови 52-сола беш аз 79 дарсади раъйи интихобкунандагонро ба даст овардааст. Баъзе аз рақибонаш аз шароити нобаробар дар маъракаи пешазинтихоботӣ шикоят карданд.

Раиси Анҷумани сиёсатшиносони Тоҷикистон Сайфулло Сафаров ба ин назар аст, ки натиҷаҳои интихобот дар Қирғизистон ба воқеият наздик буд. Вай мегӯяд, "албатта, дар муқобили Ҷабборов номзадҳои дигар низ буданд ва мехостанд ғалаба кунанд. Мазмуни демократия ҳамин аст, аксарият аз болои ақаллият ғолиб меояд ва ақаллият бояд итоат кунад."

Низоми порлумонӣ беҳтар ё идораи президентӣ?

Абдумалик Қодиров
Абдумалик Қодиров

Аммо нигаронии мухолифони Содир Ҷабборов ва ҳамандешонаш аз он аст, ки онҳо ҷонибдори тақвият додани нақши президент ҳастанд ва мехоҳанд, дар Қирғизистон низоми порлумониро бо раёсати ҷумҳурӣ иваз кунанд.

Ҳамроҳ бо интихоботи президентӣ дар Қирғизистон рӯзи 10-уми январ раъйпурсии тағйири низоми идории он кишвар низ сурат гирифт. Ба иттилои расмӣ, бештар аз 10 дарсад ба ҷонибдорӣ аз мудирияти порлумонӣ раъй дода, 81 дарсади раъйдиҳандагон шакли мудирияти президентиро интихоб кардаанд. Низоме, ки дар кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ солҳо боз таҷриба мешавад ва ҳомиёни ҳуқуқ аз такрори он дар Қирғизистон нигаронанд.

Абдумалик Қодиров, таҳлилгари тоҷик, низ мегӯяд, талошҳои раиси ҷумҳури тозаинтихоби Қирғизистон барои табдили низоми порлумонӣ ба президентӣ қадаме ба сӯйи худкомагист, ки барои ҷомеаи ин кишвар пайомадҳои хуб надорад.

"Қирғизистон, ки имрӯз дар Осиёи Марказӣ ҳамчун як "ҷазираи демократия" ба ҳисоб меравад, намехоҳем, ба "ҷазираи худкома" табдил ёбад, чун таъсири он ба кишварҳои ҳамсоя ҳам мерасад", -- гуфт ӯ.

Сайфулло Сафаров
Сайфулло Сафаров

Назари сиёсатшиноси тоҷик Сайфулло Сафаров бар хилофи ин аст: "Сохти порлумонӣ, чӣ хеле дар вақташ гуфта будем, барои Қирғизистону Тоҷикистон ва баъзе аз кишварҳои Осиёи Марказӣ сохти хуб нест ва ба зарари онҳо тамом мешавад. Дар ин ҳолат қувваҳои гуногуни сиёсӣ дар порлумон байни худ низоъ ба вуҷуд меоранд ва оромиро халалдор мекунанд. Халқи қирғиз фаҳмидааст, ки ин корашон ғалат буд ва онҳо бояд ислоҳ шаванд."

Гузориши видеоиро дар ин ҷо бинед:

Дар се моҳ аз маҳбас ба курсии президенти Қирғизистон. Дар Душанбе дар ин бора чӣ мегӯянд?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:33 0:00

Ҳоло дар Қирғизистон барои ислоҳи Қонуни асосӣ дастбакор шудаанд. Содир Ҷабборов гуфт, раъйпурсӣ барои тағйири Конститутсияи он кишвар то моҳи июни имсол баргузор хоҳад шуд.

"Сокинон мудирияти президентиро интихоб карданд. Акнун шӯрои конститутсионӣ тарҳи нави Конститутсияро таҳия ва порлумон рӯзи баргузории раъйпурсиро таъйин мекунад. Низоми интихоби вакилони порлумон ҳам тағйир меёбад. Нисфи порлумон аз ҳисоби низоми якмандатӣ ва нисфи дигар тибқи рӯйхати ҳизбӣ интихоб мешавад. Фикр мекунам, ин масъала то моҳи июн ҳал хоҳад шуд", -- гуфт ӯ.

Бо марз чӣ хоҳад шуд?

Дар ҳоле ки сиёсатшиносон аз фоидаву зиёни низоми ҳукуматдорӣ суҳбат мекунанд, мардуми одӣ дар Тоҷикистон дар фикри ҳарчи зуд ҳал шудани баҳсҳои марзӣ бо Қирғизистон ҳастанд. Тоҷикистону Қирғизистон солҳо боз наметавонанд, садҳо километр марзи худро таъину аломатгузорӣ кунанд ва ин вазъ боис ба задухӯрд ва инчунин ҳалокату захмӣ шудани даҳҳо нафар аз ду тараф шудааст.

Марат Мамадшоев, коршиноси тоҷик, мегӯяд, умедвории сокинонро дарк мекунад, вале ба назари ӯ, "мисли пештара гуфтушунидҳо дар масоили марзӣ идома мекунанд. Бовар надорам, дигаргуние дида шавад. Шояд барои ҳамсояҳо бо Содир Ҷабборов забон ёфтан осонтар шавад."

Интихоботи зудҳангом дар Қирғизистон баъди он баргузор шуд, ки дар тирамоҳи соли 2020 интихоботи порлумонӣ боис ба буҳрони сиёсӣ ва истеъфои ҳукумату президенти он кишвар шуд. Дар интихоботи порлумонии тирамоҳи соли гузашта ҳизбҳое пирӯз эълом шуданд, ки ба президенти вақти Қирғизистон Сооронбой Ҷеенбеков наздик дониста мешуданд. Нерӯҳои дигари сиёсӣ натиҷаҳои интихоботро эътироф накарданд ва ба нишони эътироз ба кӯча баромаданд.

Дар авҷи эътирозҳо дар шаҳри Бишкек Ҷеенбеков истеъфо дод. Содир Ҷабборов аз даъвогарони асосии курсии президентии Қирғизистон шуд. Ӯро дар шаби аввали эътирозҳо (5 ба 6-уми октябри 2020) ҷонибдоронаш аз зиндон озод карданд.

Шарҳҳоро бинед (7)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG