Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сӯхтор дар ноҳияи Рӯдакӣ. Як хона ба коми оташ рафтааст. ВИДЕО


Сӯхтор дар хонаи як сокини ноҳияи Рӯдакӣ
Сӯхтор дар хонаи як сокини ноҳияи Рӯдакӣ

Шоми 12-уми январ манзили як сокини деҳаи Сомониёни ноҳияи Рӯдакӣ сӯхтааст. Ин маҳалла дар канори шаҳри Душанбе ва дар рӯ ба рӯи "Деҳқонбозор"-и пойтахт қарор дорад.

Як корбари Радиои Озодӣ бо фиристодани навор аз ҷойи ҳодиса гуфт, "сабаби сар задани сӯхтор бухории барқӣ будааст". То ба ҳол мақомот дар бораи ҳодиса ва иллати сар задани он хабар надодаанд.

Ба мушоҳидаи корбари Радиои Озодӣ, "оташнишонҳо дер расиданд ва пас аз расидан ҳам баъзе аз мошинҳо об надоштанд." Дар гузашта низ баъзе аз сокинон аз таъхир ва беоб будани мошинҳои оташнишонӣ шикоят кардаанд, аммо мақомот ҳамвора чунин иддаоро рад карда, гуфтаанд, ба амалиёт бо омодагӣ мераванд.

"Бино бар чӯбӣ будани баъзе аз қисматҳои хона оташ зуд паҳн шуд ва хомӯш карданаш душвор шуд. Ин хона пурра сӯхта нобуд шуд ва моликон қариб ҷиҳозеро аз дохил берун кашида натавонистанд", -- гуфт корбари Радиои Озодӣ.

Ӯ афзуд, оташ ба хонаҳои ҳамсоя низ расид ва бо ёрии сокинони маҳалла хомӯш карда шудааст. Сӯхтор тақрибан соати шаши шоми 12-уми январ сар зада, то соати 9-и шаб хомӯш карда шудааст.

Навори фиристодаи корбарро дар ин ҷо бинед:

Як хона дар ноҳияи Рӯдакӣ сӯхтааст
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:00:52 0:00

XS
SM
MD
LG