Дар чанд ҷумла
Узбекистон теъдоди зиндон ва маҳбусони худро эълом кард
Дар Узбекистон аз ҳар 100 ҳазор нафар 68 кас дар зиндон ё дигар муассисаҳои ислоҳӣ адои ҷазо мекунанд. Дар ин бора рӯзи 11-уми январ дар ҷаласаи Кумита порлумони Узбекистон дар умури дифоъ ва амният хабар дода шуд.
Бино ба иттилои расмӣ, дар ин кишвар 18 зиндони дорои низоми сахт, 25 муассисаи ислоҳӣ ва 11 боздоштгоҳи муваққатӣ фаъолият мекунад.
Бар пояи омори Вазорати умури дохилии Узбекистон, дар зиндонҳои он кишвар беш аз 22 ҳазор зиндонӣ нигаҳдорӣ мешавад. Беш аз 14 ҳазори онҳо дар зиндонҳои низомашон сахт адои ҷазо мекунанд.
"Барои таъмини шаффофияти шароити нигаҳдории маҳбусон ва пешгирӣ аз шиканҷаву зуровариҳо дар ҳамаи зиндонҳо, муассисаҳои ислоҳӣ ва боздоштгоҳҳои муваққатӣ 3280 дурбини назоратӣ насб шудааст", - гуфта мешавад дар иттилоияи расмӣ.
Ҳамаи хабарҳои имрӯзро дар инҷо бихонед
Мянмарро ба наслкушии ақаллияти мусулмон гунаҳкор карданд
Додгоҳи Байнулмилалии Адлия (ICJ), ки вобастаи Созмони Милал аст, Мянмарро барои наслкушии камшуморон ё ақаллияти мусулмони роҳинҷа, ки соли 2017 рух додааст, масъул донист. Ин қарор рӯзи 19-уми ноябр содир шуд.
Додгоҳ муайян кардааст, ки нерӯҳои амниятии Мянмар ҳангоми амалиёти низомӣ дар аёлати Ракҳайн даст ба куштор, таҷовуз ва рафтори дигари хушунатомези ғайринизомиён, аз ҷумла кӯдакон, задаанд.
Бар асоси арзёбии ҳайати таҳқиқотии Созмони Милал, дар натиҷаи ин амалиёт дастикам 10 ҳазор кас кушта шуда, зиёда аз 700 ҳазор аз кишвар гурехтаву аксаран дар Бангладеш паноҳ бурдаанд.
Юдзи Ивасава, раиси Додгоҳи Байнулмилалии СММ, ҳангоми эълони қарор гуфт, низомиёни Мянмар ҳазорон намояндаи роҳинҷаро кушта, даст ба хушунати ҷинсӣ задаанд.
Додгоҳ Мянмарро муваззаф кард, ки ба осебдидагон ҷуброн пардозад. Ин қарор ниҳоӣ буда, бозбинӣ нахоҳад шуд, аммо имкониятҳои маҷбур кардани давлати Мянмар ба иҷрои он маҳдуданд.
Гамбия моҳи ноябри соли 2019 алайҳи Мянмар даъво пешниҳод карда, мақомоти ин кишварро ба наслкушӣ муттаҳам карда буд. Муҳокимаҳои асосии парванда моҳи январи соли 2026 баргузор шуданд.
Мақомоти Мянмар ин иттиҳомҳоро рад мекарданд.
Ба навиштаи Reuters, қарори додгоҳ метавонад ба баррасии парвандаҳои дигари марбут ба эҳтимоли наслкушӣ таъсир расонад, аз ҷумла даъвои Африқои Ҷанубӣ алайҳи Исроил дар мавриди амалиёти низомӣ дар Навори Ғазза. Исроил иттиҳоми наслкуширо рад мекунад.
"Ҳоло бо мансабдорон машғуланд." Сарнавишти хонаҳои ҷанҷолӣ дар Ҷайҳун
Сокинони деҳаи Гулрез дар ноҳияи Ҷайҳун, ки видеои вайрон кардани чанд хона дар он баҳси зиёдро дар шабакаҳои иҷтимоӣ барангехт, мегӯянд, мақомот раванди тахрибро боздоштаанд. Аммо рӯшан нест, то кай.
Соҳибони баъзе аз хонаҳо рӯзи 20-уми ноябр ба Радиои Озодӣ гуфтанд, мақомоти расмӣ ҳоло бо мансабдороне сарукор доранд, ки ба сохтмони хонаҳо иҷоза дода буданд. Эҳтимол меравад, онҳо ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.
Мусоҳибони мо аз тарси пеш наомадани мушкилӣ хостанд, ки номашон бурда нашавад. Яке аз онҳо видеоеро фиристод, ки дар он дида мешавад, хонаҳо бо ҳамон андаке вайронии оғози тахриб мондаанд.
Сокинон мегӯянд, қариб панҷ сол пеш заминро гирифта, хона сохтанд ва ҳукумат ҳам дар ин муддат чизе нагуфт.
Ҳукумати ноҳияи Ҷайҳун дар вилояти Хатлон дар вокунише ба ҷанҷол дар бораи вайрон кардани хонаҳо гуфт, Муҳаммад Азимов, фарде, ки дар замини кишоварзӣ хона сохтааст, ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашида шуд.
Ҳарчанд ҳоло маълум нест, ки бо ин хонаҳо чӣ мешавад, аммо яке аз соҳибони онҳо дар видеое, гуфт, ки бо дастури мақомот худашон бояд хонаҳоро вайрон кунанд. Ба гуфтаи мақомот, қарори раиси ноҳияи Ҷайҳун дар бораи бартараф кардани қонунвайронкуниҳо моҳи октябр қабул шудааст ва зоҳиран бояд иҷро шавад.
Зери вокуниши ҳукумат дар Фейсбук, корбарони зиёде кормандони ҳукуматро гунаҳкор кардаанд. Яке аз онҳо навиштааст: “Мақомоти маҳаллӣ куҷо нигоҳ мекарданд? Сармеъмору масъули кумитаи замин... куҷо буданд? Наход ҳамин қадар "қонунвайронкунӣ"-ро надида бошанд ё нашунида бошанд? Чӣ балое, ки ояд, балогардон мардуми камбағалу одӣ... Инҷо фикр мекунам айб - айби худи масъулон аст, аз кумитаи замини ноҳия сар карда, то ҷамоату маҳалла...”
Масъалаи қонуншиканӣ ҳангоми хонасозӣ ва ё тақсими замин дар Тоҷикистон яке аз доғтарин мушкилот ба ҳисоб меравад ва садҳо нафар барои ин қонуншиканиҳо аз ҷумла то ба раисони ноҳияҳо ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашида шудаанд.
Панҷ моҳ гузашт. Ҷасади сарбози тоҷикро ҳанӯз наёфтаанд
Масъулони Идораи ҳолатҳои фавқулода дар Хатлон гуфтанд, ки ҷустуҷӯйи як сарбоз дар рӯди Омӯ беш аз панҷ моҳ боз идома дорад, аммо то кунун ягон нишони ӯ ро наёфтанд.
Мирзобобур Мирраимови 20-сола, сарбози Нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон, 24-уми июни имсол дар ноҳияи Қубодиён, дар марз бо Афғонистон, нопадид шуд.
Идораи ҳолатҳои фавқулода дар Хатлон рӯзи 19-уми ноябр дар эъломияе гуфт, "сарбоз ҳангоми шустани дастонаш ба дарё афтода, ғарқ шуд.”
Мирзораҳим Мирраимов, падари сарбоз, рӯзи 4-уми ноябр дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфта буд, ки “ба ғарқ шудани писараш бовар надорад”.
Ӯ ҳамзамон иддао карда буд, ки маъмурони наҷот писарашро намеҷӯянд ва аз мақомот хост, мурда ё зиндаи фарзандашро пайдо кунанд.
Идораи ҳолатҳои фавқулода дар Хатлон гуфтааст, аз рӯзи ҳодиса то 19-уми ноябр даҳ бор, ҳар дафъа аз 10 то 15 рӯз, ҷасади сарбозро дар рӯди Омӯ ҷустуҷӯ карданд, вале “бинобар баланд будани сатҳ ва суръати тези ҷараёни об” натиҷае ба даст наоварданд.
Мирзобобур Мирраимов ду сол пеш аз ноҳияи Ҷаббор Расулови вилояти Суғд ба сафи нерӯҳои марзбонӣ пайваста будааст.
Тоҷикистон бо Афғонистон марзи дарозе дорад ва рӯдхонаи Панҷ қисме аз онро аз ҳам ҷудо мекунад. Дар гузашта чанд мавриди ғарқ шудани марзбонони тоҷик дар ин рӯдхона сабт шудааст.
Аз ҷумла, рӯзи 24-уми июл афсари 23-сола Ёраҳмад Қурбоналиев ва марзбони қаторӣ Билол Каримови 19-сола дар наздикии дидбонгоҳе дар ноҳияи Фархори вилояти Хатлон дар рӯдхонаи сероб ғарқ шуда, пайкарашон баъди чанд рӯз ёфт шуд.
Ҷаҳонгир Давлатов, афсари 26-солаи Нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон, низ моҳи августи имсол ҳангоми оббозӣ дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин дар дарёи Панҷ ғарқ шуда, ҷон дод.
Марги сарбозон дар артиш ҳамасола сабт мешавад. Радиои Озодӣ дар як соли охир дар бораи марги тақрибан даҳ сарбоз хабару гузориш нашр кард. Аксар пайвандони онҳо аз шева ва шароити хидмат норозӣ буданд.
Дар пайи ҳалокати чанд сарбоз, раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон моҳи майи имсол аз мақомоти интизомӣ ва бахусус фармондеҳони нерӯҳои мусаллаҳ хост, ки масъалаи тартибу низомро дар воҳидҳои ҳарбӣ бисёр ҷиддӣ бигиранд.
9 кушта ва даҳҳо захмӣ дар мавҷи нави ҳамлаҳои Русия ба Украина
Русия шаби 19 ба 20-уми ноябр ба Киев ва минтақаҳои дигари Украина бо садҳо мушаку паҳпод ҳамла кард. Дар натиҷа, дастикам 9 нафар кушта ва даҳҳо тани дигар захмӣ шудаанд.
Раисҷумҳури Украина ин ҳамларо "яке аз бузургтарин ҳамлаҳо" номид ва гуфт, Маскав "зиёда аз 400 паҳпод ва беш аз 110 мушак, аз ҷумла 27 мушаки баллистикӣ" истифода кард.
Владимир Зеленский дар шабакаи "X" навишт, "русҳо ҳамчунин аз мушакҳои ҳомили бомби хӯшаӣ истифода намуданд."
"Путин пас аз мулоқоти камсамар дар Чин ва нокомии талоши ӯ барои ба гунае "аз нав кашидани" харитаи ҷаҳон, ин ҳамларо ба таври бисёр намоишӣ анҷом дод," – афзуд ӯ.
Шаҳрдори Киев Виталий Кличко гуфт, дар пойтахти Украина ҳафт нафар кушта ва 17 кас захмӣ шуд.
Ду нафари дигар дар натиҷаи ҳамлаҳои Русия дар вилояти ғарбии Лвов ҷон бохтаанд.
Сергей Коретский, сарвазири Украина, мегӯяд, ҳамлаҳои охири Русия ба зербундёҳои муҳими пойтахт, аз ҷумла пулҳо, низ осеб расондаанд.
Дар ҳамин ҳол, Денис Сиеник, муовини сафири Украина дар Вашингтон, 20-уми ноябр ба Радиои Озодӣ гуфт, маҳдудиятҳое, ки ба истифодаи низоми моҳвораии Starshield-и ширкати SpaceX аз ҷониби Украина таъсир мерасонанд ва барои дифои ҳавоии ин кишвар муҳим ҳастанд, ҳамоно боқӣ мондаанд.
Украина борҳо аз халал дар кори Starshield шикоят кардааст, вале мақомоти Иёлоти Муттаҳида ин иддаоро намепазиранд.
Шурӯи як барномаи $78-миллионӣ байни Тоҷикистону Амрико
Иҷрои як ёддошт байни Тоҷикистон ва Амрико дар бахши тандурустӣ, ки барои панҷ сол ва бо сармояи 78 миллион доллар дар назар аст, оғоз шудааст.
Вазорати тандурустии Тоҷикистон гуфт, ин маросим 19-уми ноябр дар Душанбе ва бо ҳузури Кристофер Ландау, муовини вазири корҳои хориҷии Иёлоти Муттаҳида, сурат гирифт.
Ёддошт моҳи апрели имсол имзо шуда, Амрико дар панҷ соли оянда ба Тоҷикистон 38 миллион доллар хоҳад дод. Тоҷикистон ҳам ваъда додааст, ки дар ин муддат барои беҳтар кардани сифати хидматрасонии тиббӣ 40 миллион доллар ҷудо мекунад.
Барнома бештар барои мубориза алайҳи ВИЧ ё вируси норасоии масунияти одам ва сил пешбинӣ шудааст.
Абдухолиқ Амирзода, муовини вазири тандурустӣ, 19-уми ноябр гуфтааст, "ин ёддошт имкон фароҳам меорад, то хидматрасониҳои тандурустиро тақвият бахшем ва тавонмандии кишварро дар самти пешгирӣ ва ошкор кардани саривақтӣ ва вокуниш ба таҳдидҳои саломатӣ беҳтар намоем."
Ёддошти байни Тоҷикистон Амрико дар доираи барномаи “Аввал Амрико”, стратегияи маъмурияти президент Доналд Трамп ва бо ҳадафи ҳифзи сиҳати одамон дар саросари ҷаҳон қабул шудааст.
Путин баъди поёни сафараш дар Чин ба Душанбе омад
Владимир Путин, раисҷумҳури Русия, рӯзи 19-уми ноябр ва баъд аз поёни сафараш дар Чин ба Тоҷикистон омад.
Юрий Ушаков, ёвари Путин, гуфт, раҳбарони Тоҷикистону Русия мавзӯъҳои "рушди минбаъдаи шарикии стратегӣ" ва мушкилоти байналмилалӣ ва минтақаиро баррасӣ хоҳанд кард.
Ин боздиди дуюми раисҷумҳури Русия аз Тоҷикистон дар як соли охир аст.
Сафари серӯзаи раҳбари Русия дар моҳи октябри соли 2025 барои Тоҷикистон дардсисарсоз шуд.
Он вақт аз Душанбе ҳамчун узви Додгоҳи Байналмилалии Ҷиноӣ тақозо шуда буд, ки Путинро боздошт ва барои муҳокима супорад.
Тоҷикистон дар посух гуфт, ин корро карда наметавонад ва мавриди накӯҳиши зиёд қарор гирифт. Дар иваз Душанбе имсол ҷараёни беруншавии Тоҷикистонро аз Додгоҳи Байналмилалӣ оғоз намуд.
Дар зимн, раҳбарони Амрико, Чин ва Русия дар як эъломияи муштарак гуфтаанд, Додгоҳи Байналмилалии Ҷиноӣ ва сохторҳои дигари монанд “набояд аз салоҳиятҳои худ суистифода кунанд”.
Нишасти якҷояи Доналд Трамп, Си Ҷинпин ва Владимир Путин рӯзи 19-уми ноябр дар Чин гузашт.
“Барои рафтан ба ҷанг маҷбур карданд.” Боздошти 50 хориҷӣ дар Қазон
Ба гузориши бахши русии Радиои Озодӣ, мақомоти Русия ҳудуди 50 хориҷиро, ки дар миёнашон шаҳрвандони Тоҷикистон низ будаанд, дар фурудгоҳи шаҳри Қазон (Тотористон) барои рафтан ба ҷанг маҷбур кардаанд.
Манбаъ бо такя ба саҳифаи "Осторожно, новости" дар Телеграм рӯзи 18-уми ноябр навишт, ин афрод се рӯз дар боздошт буда, бархе барои имзои қарордод бо Вазорати дифои Русия зери фишор қарор гирифтаанд.
Шумораи дақиқи шаҳрвандони Тоҷикистон гуфта нашудааст. Ба навиштаи "Осторожно, новости" дар Телеграм, ба шаҳрвандони Тоҷикистон шарт гузошта шудааст, ки барои рафтан ба ҷанги Украина қарордод имзо мекунанд ё онҳоро ба Маркази нигаҳдории муваққатӣ мебаранд.
Як тан аз дӯстони муҳоҷири ихроҷшуда гуфтааст, дӯсташ ба ин розӣ нашуд ва ӯро аз Русия берун карданд.
Шоҳидони ҳодиса ба "Осторожно, новости" гуфтаанд, ҳодиса як ҳафта пеш рух дод ва онҳоро се рӯз азият додаанд. Онҳо нақл кардаанд, ки рӯи фарши сард хобиданд ва барояшон хӯроки дуруст ҳам надодаанд.
Хадамоти матбуоти фурудгоҳи Қазон ба нашрияи маҳаллии InKazan гуфтааст, маълумоти нашршуда воқеият надорад. Маъмулан мақомоти Русия ба хабарҳои монанд чунин вокуниш мекунанд.
Аз замони ҳамлаи Русия ба Украина дар соли 2022 ҳазорҳо шаҳрванди Тоҷикистон бо роҳҳои гуногун ба ҷанги зидди Украина ҷалб шудаанд. Хабари кушта ва нопадид шудани беш аз сад шаҳрванди Тоҷикистон расонаӣ шудааст.
“Зистан мехоҳам”, тарҳи давлатии Украина мегӯяд, исми беш аз 5 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистонро пайдо кардааст, ки бо артиши Русия қарордод баста, дар ҷанги зидди Украина иштирок кардаанд.
Ду духтару як писар. Таваллуди сегоник дар ноҳияи Рӯдакӣ
Як модари ҷавон дар ноҳияи Рӯдакӣ сегоник – ду духтару як писар – ба дунё овардааст.
Бино ба гузориши “Насими айём”, рӯзномаи расмии ноҳия, навзодон “баъди нигоҳубини зарурӣ бо вазъи хуби саломатӣ аз Шифохонаи марказии ноҳия ба хона ҷавоб дода шуданд.”
Меҳрона Аҳмадова, модари навзодон, сокини деҳаи Чорсӯ будааст ва ба гуфтаи табибон “ҳолаш хуб аст”.
Дар гузориш омадааст, ки навзодон тақрибан ду ҳафта пеш ба дунё омада, мақомоти расмии ноҳияи Рӯдакӣ ба табрики модари ҷавон рафтаанд.
Онҳое, ки ҷуфтро мешиносанд, дар шабакаҳои иҷтимоӣ навиштаанд, падару модари тифлон донишҷӯ ва иҷоранишин ҳастанд ва зоҳиран ба ёрӣ эҳтиёҷ хоҳанд дошт.
Таваллуди сегоник бисёр кам иттифоқ меафтад ва дар Тоҷикистон дар чанд соли гузашта панҷ модар сегоник ба дунё овардаанд.
Дар гузашта дар Тоҷикистон таваллуди чаҳоргоник ва панҷгоник низ сабт шуда, дар баъзе маврид мақомот ба хонаводаи онҳо манзилу ҷиҳоз додаанд.
Як шашгонике, ки моҳи январи соли 2023 дар вилояти Суғд ба дунё омад, ҳамагӣ чанд соат умр дид.
Таҳқиқи нав дар бораи вазъи занони обистан дар Тоҷикистон
Як таҳқиқ дар Тоҷикистон маълум кардааст, ки аз даҳ зан танҳо шаш нафар дар давраи бордорӣ ё обистанӣ пайваста зери назари пизишкон қарор мегиранд.
Пойгоҳи илмии Bioengineer хулосаи донишмандон аз Аврупо ва Тоҷикистон, аз ҷумла Тина Лаатикайнен, Меҳрӣ Шоисматуллоева, Адолат Нарзуллоева ва Дилрабо Юнусовро дар ин бора 16-уми ноябр нашр кард.
Муҳаққиқон гуфтаанд, дар моҳҳои март ва апрели соли 2023 корти тиббии 428 зан дар ҳафтаи 36-уми бордорӣ ва 393 зани дигар омӯхта шуд, ки ба зоишгоҳ бо нишонаҳои мушкилӣ дар давраи бордорӣ ё бо вазни сангини кӯдак дар батн оварда шудаанд.
Маълум гардидааст, ки ин занҳо аз назорат нагузашта, бемориҳое чун вазни бадан, фишор ва сатҳи глюкозаи хун боис ба пайомадҳои нохушоянде барои саломати модару кӯдак гардидааст.
"Дар ташхиси ибтидоӣ духтурон ҳарчанд фишори хуни беморро муттасил месанҷанд, аз ташхиси саривақтии нишондодҳои дигар худдорӣ мекардаанд. Чунин камбуд дар ташхисҳои маъмулӣ мавриди нигаронии ҷиддӣ аст," -- гуфтаанд донишмандон.
Фишори баланди хун ва ё баръакс камхунӣ аз намунаҳои душвории занон дар давраи бордорӣ дар Тоҷикистон дониста мешавад.
Вазорати тандурустӣ мегӯяд, дар шаш моҳи аввали соли 2026 наздик ба 122 ҳазор тифл ба дунё омад.
Қаблан Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт дар як омори худ гуфта буд, ки дар Тоҷикистон аз миёни ҳар 100 ҳазор модар ҳангоми таваллуд 24 нафар мефавтанд. Дар чанд маврид, ки Радиои Озодӣ низ дар бораи онҳо гузориш додааст, наздикони занони фавтида хатои пизишконро сабаби марги онҳо номбар кардаанд. Мақомот на ҳамаи ин даъвоҳоро мепазиранд.
Баррасии аҳволи Замин дар Туркия. Кишварҳо чӣ мехоҳанд?
Як нишасти Созмони Милал дар мавриди ҳифзи муҳити зист бо иштироки раҳбарони кишварҳои ғарбию аврупоӣ, инчунин, мухатассисони соҳаву фаъолон, ки 9-уми ноябр дар Анталияи Туркия оғоз шуд, ҳанӯз ҷараён дорад.
Ҳадафи ҷаласа ин аст, ки наздик ба 200 кишвари сайёра дар масоили муҳиме мисле дурнамои истифода аз нафту ангишт, маблағгузорӣ ба кишварҳои дар ҳоли рушд ва вокуниш ба ҳушдорҳои илмӣ дар бораи афзоиши ҳарорати сайёра ба як мувофиқа бирасанд.
Дар ин нишаст ҳайате аз ҳукумат ва фаъолони муҳитзистии Тоҷикистон ҳам ширкат доранд. Тоҷикистон, ки дар баробари селу биёбоншавӣ ва дигар пайомадҳои гармшавии иқлим осебпазир аст, барои иҷрои нақшаи миллии зистмуҳитияш, ба навиштаи “Азия-Плюс”, то соли 2035 ба беш аз бист миллиард доллар ниёз дорад. Вале дарёфти чунин ёриҳо то рафт душвортар мешавад.
Бунёдгузориши гурӯҳи экологии “Макони дурафтода” Тимур Идрисов рӯзи 17-уми ноябр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ҳанӯз ҳеч қароре ба даст наомадааст ва аз рӯйи таҷрибаи солҳои пешин шояд дар охирин рӯзҳову соатҳои ҷаласа чизе ҳосил шавад.
“Тоҷикистон бо мақсади пешбурди масоили ҳифзи пиряхҳову захираҳои обӣ омадааст. Тоҷикистон ба ташаббуси Қирғизистону Қазоқистон ҳамроҳ шуд, ки мехоҳанд дар қарори ниҳоии ҷаласа як бахши ҷудогонае дар бораи кишварҳои кӯҳманзар ворид шавад, вале дареғ ин чиз дастгирӣ наёфт," -- афзуд ӯ.
Тимур Идрисов мегӯяд, кишварҳои пешрафта бояд то соли 2035 дастгирии кишварҳои нодор ва дар ҳоли рушдро то 120 миллиард доллар афзоиш диҳанд ва “аз ин рӯ, талош мекунанд, аз афзоиши хароҷот пешгирӣ кунанд.”
Бо ин вуҷуд, ба гуфтаи ӯ, “мавқеи Тоҷикистон бисёр хуб аст, масъалаҳои вобаста ба пиряхҳову обро пеш бурда, талош дорад бо ёфтани сармоя ба мутобиқшавӣ рӯ оварад.”
Дар ҳамин ҳол, ба навиштаи хабаргузории “Рейтерс”, ширкатдорони ҷаласаи Созмони Милал бояд то фарҷоми он дар рӯзи ҷумъа, 20-уми ноябр, ба қароре бирасанд, ки баёнгари иродаи аксар ширкатҳои ҷаҳон бошад.
Дар баррасӣ дастикам ду тарҳ аст. Як тарҳ мегӯяд, кишварҳои сайёра бояд розӣ шаванд, ки тадриҷан ба истифодаи сӯзишвории безарар гузаранд ва тарҳи дуюм мегӯяд, бояд якбора ва пурра аз истифодаи чунин мавод даст кашанд. Маълум нест, ба чунин як ҳадафе даст меёбанд ё на.
Як мавзӯи ҳалношудаи дигар пешниҳоди Туркия аст, ки мегӯяд, дар саросари ҷаҳон меъёри истифода аз барқ то соли 2035 то 35 дарсад расонида шавад ва ниҳоят, ёриҳои пулӣ ба кишварҳои дар ҳоли рушд барои мутобиқ шудани онҳо ба тағйироти иқлим ҳам бояд ҳалли худро ёбад.
Моҳи октябр дар як гузориши СММ таъкид шуд, ки сатҳи гармшавиии иқлими сайёра аз марзи 1,5 дараҷаи Селтсия гузаштааст ва ин ҳамон меъёре мебошад, ки имкон медиҳад, пайомадҳои сангини тағйироти иқлимро дар ин ҳад боздошт. Бо болотар шудани ҳарорати миёнаи сайёра оқибатҳо ҳам сангинтар мешаванд.
FT: "Русия аз содиркунанда ба воридкунандаи сӯзишворӣ табдил меёбад"
Русия дар моҳи октябри имсол ба миқдори рекордӣ ба воситаи роҳи баҳрӣ бензин ворид кардааст.
Маҷаллаи Financial Times бо такя ба маълумоти ширкати таҳлилии Kpler дар ин бора хабар дод.
Ин нашрия навишт, ки ҳамлаҳои паҳподҳои Украина ба корхонаҳои коркарди нафти Русия зарари ҷиддӣ расонда, боис ба коҳиши иқтидорҳои истеҳсолӣ дар ин кишвар шудаанд.
“Русия ба оҳистагӣ мавқеи худро аз як маркази бузурги содироти сӯзишворӣ ба бозори ҳарчи муҳимтари воридот табдил медиҳад. Ин як гардиши қобили таваҷҷуҳ аст,” – навиштааст Financial Times аз қавли яке аз таҳлилгарони Kpler.
Бино ба гузоришҳо, Русия сӯзишвориро тавассути роҳи баҳрӣ аз Марокашу Туркия, Ҳиндустон ва Миср мегирад. Ин кишвар ҳамчунин аз Беларус ва Қазоқистон сӯзишворӣ ворид кардааст.
Русия дар моҳи феврали соли 2022 ба хоки Украина таҷовуз кард ва даргирии ду тараф аз он замон идома дорад. Маскав пайваста ниҳодҳои энержии Украинаро ҳадаф қарор медиҳад. Украина дар посух ҳамлаҳояшро ба корхонаҳои коркарди нафт ва анборҳои сӯзишворӣ дар Русия бештар намудааст.
Дидору гуфтугӯи Кристофер Ландау бо раисҷумҳури Тоҷикистон
Кристофер Ландау, муовини котиби давлатӣ ё вазири умури хориҷии Амрико, бо раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дидору гуфтугӯ кардааст. Ин мулоқот рӯзи 18-уми ноябр дар шаҳри Душанбе гузашт.
Ду тараф "ҳолати кунунӣ ва дурнамо"-и ҳамкории Тоҷикистон ва Иёлоти Муттаҳида, аз ҷумла дар бахши саноати кӯҳиро баррасӣ кардаанд.
"Рушди ҳамкории судманд бо ширкатҳои амрикоӣ дар соҳаҳои технологияҳои иттилоотӣ ва зеҳни сунъӣ аз ҷумлаи бахшҳои ояндадори шарикии ду кишвар арзёбӣ гардид," – навиштааст дафтари матбуоти президенти Тоҷикистон.
Ҷонибҳо масъалаи мубориза бо ифротгароиву терроризм, таҳдидҳои сайберӣ ё киберӣ, қочоқи маводи мухаддир ва аслиҳа ва ҳамчунин ҷиноятҳои созмонёфтаи фаромарзиро баррасӣ кардаанд, аммо дар ҳоли ҳозир ҷузъиёти он дастрас нест.
Додугирифти Тоҷикистон ва Амрико зиёд нест, аммо Иёлоти Муттаҳида ҳар сол ба воситаи барномаҳои гуногун ба Душанбе миллионҳо доллар мадад мекунад. Соли 2025 ширкатҳои Тоҷикистону Амрико бо ҳам ба маблағи беш аз 3 миллиард доллар созишнома имзо карданд.
Кристофер Ландау аз Тоҷикистон ба Туркманистон ва Туркия хоҳад рафт. Сафари ӯ ба ин се кишвар дар ҳолест, ки низои Амрико ва Эрон, як кишвари ҳамсояи Туркманистону Туркия ва шарики муҳими фарҳангию сиёсии Тоҷикистон поён наёфтааст.
Дар Вашингтон даъватҳо ба хатми ин низоъ ҳарчи баландтар садо медиҳанд. Маълум нест, оё ин мавзуъ дар суҳбати Кристофер Ландау бо раисҷумҳури Тоҷикистон ҳам баррасӣ шудааст ё не. Ҳадди ақал дар хабарномаҳои расмӣ дар ин маврид ягон ишора нашудааст.
Муовини котиби давлатии Амрико дар Душанбе аз чӣ хоҳад гуфт?
Муовини котиби давлатӣ ё вазири корҳои хориҷии Амрико бо сафари корӣ ба Душанбе меояд.
Қарор аст, Кристофер Ландау бо мақомоти баландпояи Тоҷикистон ва ҳам бахши хусусӣ дидору гуфтугӯ кунад.
Вазорати корҳои хориҷии Амрико дар изҳороте гуфт, Ландау дар бораи тақвияти ҳамкориҳо бо Тоҷикистон, рушди иқтисодӣ ва ҳуши маснӯӣ суҳбат хоҳад кард.
Бино ба ин изҳорот, дипломати баландпояи амрикоӣ инчунин дар бораи ҳамкорӣ дар бахши амнияту тандурустӣ, тиҷорат, ҳифзи ёдгориҳои фарҳангӣ ва сармоягузорӣ барои “эҷоди фурсатҳои нав” изҳори назар мекунад.
Ландау баъд аз Тоҷикистон ба Туркманистону Туркия хоҳад рафт. Ин сафар то 20-уми ноябри идома мекунад.
Сафари Ландау ба ин се кишвар дар ҳолест, ки низои Амрико ва Эрон, як кишвари ҳамсояи Туркманистону Туркия ва шарики муҳими фарҳангию сиёсии Тоҷикистон поён наёфтааст.
Дар Вашингтон даъватҳо ба хатми ин низоъ ҳарчи баландтар садо медиҳанд. Дар барномаи расмии сафари Кристофер Ландау ҳеч ишорае аз эҳтимоли баррасӣ шудани мавзӯи низоъ бо Эрон ба чашм намерасад.
Ҳафтаи гузашта ҳукумати Амрико эълон кард, ки таҳрими баҳрии Эрон натиҷаҳои хуб медиҳад ва барои такмил намудани таҳрими Ҷумҳурии Исломӣ қатъ ё маҳдуд намудани вуруди молу коло ба воситаи дарёи Хазар ва марзҳои заминии шимоли Эрон аҳамият дорад.
"Сафари корӣ." Владимир Путин ба Тоҷикистон меояд
Владимир Путин, раисҷумҳури Русия, ки барои ҷанги тақрибан панҷсолааш дар Украина зери танқиду таҳримҳои зиёди байнулмилалист, бо сафари корӣ ба Тоҷикистон меояд.
Вазорати корҳои хориҷии Русия дар эъломияе гуфт, сафар бо даъвати президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзҳои 19-20 ноябр анҷом хоҳад шуд.
Ҷониби Тоҷикистон дар ин маврид ҷузъиёт надодааст.
Мақомоти Русия гуфтанд, “ду тараф рушди минбаъдаи шарикии стратегӣ ва ҳампаймонӣ байни Русияву Тоҷикистон, инчунин, масъалаҳои байнулмилалӣ ва минтақаӣ”-ро баррасӣ хоҳанд кард.
Путин ва Раҳмон рӯзи 12-уми ноябр дар ҳошияи нишасти Созмони Паймони Амнияти Дастҷамъӣ (ОДКБ) дар Маскав низ дидору гуфтугӯ ва аз ҳамкориҳо ситоиш карданд.
Дар бештар аз чор соли охир дар бораи маҷбурӣ аз Русия ба ҷанги Украина бурда шудани ҳазорҳо шаҳрванди Тоҷикистон хабар расидааст, аммо мақомот дар Душанбе дар ин бора чизе намегӯянд.
Мунаққидон шеваи муносибати Маскав бо Душанбе, ба вижа тарзи бархӯрд ба муҳоҷирони корӣ ва озору азияти онҳо ва инчунин сукути мақомоти тоҷикро дар ин маврид танқид мекунанд.
Владимир Путин, раисҷумҳури Русия, моҳи октябри соли 2025 дар Тоҷикистон буд.
Он замон Додгоҳи Байналмилалии Ҷиноӣ, ки Путинро ба ҷиноятҳои ҷангӣ, аз ҷумла ихроҷи ғайриқонунии кӯдакон аз минтақаҳои ишғолии Украина муттаҳам мекунад, аз Тоҷикистон хоста буд, ки ӯро дастгир кунад. Аммо ҳукумати Тоҷикистон ин дархостро иҷро накард ва чанде пеш вакилони порлумон узвияти кишварро дар ин додгоҳ қатъ карданд. Созмонҳои байнулмилал ин амали Тоҷикистонро таҳти танқид қарор доданд.
Эстония аз моҳи декабр гузаргоҳҳоро бо Русия мебандад
Эстония аз 1-уми декабри имсол гузаргоҳҳои сарҳадияшро бо Русия мебандад.
Вазири корҳои хориҷии Эстония ин тасмимро посух ба кӯшиши харобкорие донист, ки ба ақидаи Таллин, дар паси он Раёсати Асосии Иктишофии Русия (ГРУ) меистад.
"Русия бояд дарк кунад, ки рафтори душманона нисбат ба Эстония бе пайомад нахоҳад монд. Бастани гузаргоҳҳои марзӣ имкониятҳои Русияро барои пеш бурдани фаъолияти душманона дар Эстония кар ва имкониятҳои моро барои пешгирии нақзи таҳримҳо бештар мекунад," -- навишт Маргус Тсахкна.
Вай афзуд, дар бораи ин қарор аллакай шарикон дар Финландия, Латвия ва Литва огоҳ карда шудаанд.
Рӯзи 15-уми ноябр дар Эстония бо гумони кӯшиши оташ задани корхонаи Threod Systems, ки ҳавопаймоҳои бесарнишин истеҳсол мекунад, ҳашт шаҳрванди Латвия боздошт шуданд.
Раҳбари Хадамоти амнияти дохилии Эстония Марго Палласон гуфт, идораи зиддиҷосусии кишвараш даст доштани Русияро дар ин ҳодиса тасдиқ кардааст.
Ба қавли ӯ, амалиётро Раёсати Асосии Иктишофии Русия ё ГРУ ҳамоҳанг мекард.
Аз ин пеш, рӯзи 15-уми август, дар корхонаи Milrem Robotics дар Таллин, ки мошини ҷангӣ истеҳсол мекунад ва бо Украина ҳамкорӣ дорад, сӯхтор сар зад. Бо гумони даст доштан дар сӯхтор ду кас боздошт шуданд. Эстония дар ин ҳодиса низ Русияро муттаҳам кард.
Гуфтугӯ