Додгоҳи ноҳияи Синои пойтахт як сокини 25-солаи шаҳри Турсунзодаро барои вайрон кардани бакорати ҷияни хурдсолаш ба 11-уним соли зиндон маҳкум кард. Мақомот гуфтанд, Одина Ҳайдарова ба хотири бадном кардани модари духтар бо сабзӣ бакорати ӯро вайрон кардааст.
Назари Ҳайдарова ва вакили мудофеи ӯ дар робита ба ҳукми додгоҳ то ин лаҳза дастрас нест. Аммо ин сокини шаҳри Турсунзода пештар ба Радиои Озодӣ иттиҳоми нисбат эълоншударо "туҳмат" хонда ва онро "талоши интиқомгирии арӯси пешини хонавода" гуфта буд.
Додситонии кулли Тоҷикистон хабар дод, ки ҳукми додгоҳ дар робита ба ин қазия рӯзи 8-уми январи имсол аз сӯи Додгоҳи ноҳияи Сино содир шудааст.
Ба қавли манбаъ, додгоҳ Ҳайдарова Одина Абдулҳодиевнаро бар асоси моддаи 110, қисми 2-и Кодекси ҷиноӣ ё қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ гунаҳкор эълон карда, ӯро ба 11 солу 6 моҳ маҳкум кард. Муттаҳам ҷазоро дар муассисаи ислоҳии низомаш умумӣ адо хоҳад кард.
Дар хабарномаи Додситонии кулл омадааст, ки зани ҷавон барои дар оянда бероҳа кардани духтари хурдсол ва бо ин роҳ бадном кардани модари ӯ дар ҷомеа, қасди бо роҳи пинҳонӣ вайрон намудани пардаи бакорати ҷияни хурдсолашро доштааст.
"Бо ин мақсад, ӯ субҳи 1 августи соли 2020 аз ҳузур надоштани дигар аъзоёни оилаашон истифода бурда, дар манзили истиқоматишон, воқеъ дар шаҳри Турсунзода як адад маҳсулоти полезии сабзиро гирифта ба ҳуҷраи хоби хурдсол М. даромада, ба узви занонаи охирин сабзиро ворид карда, ба узвҳои таносул ва саломатиаш зарари вазнини ҷисмонӣ расонидааст,”- навиштааст дафтари матбуотии додситонии кулл.
Аммо Одина Ҳайдарова, аммаи духтарчаи 4-сола пештар ин иттиҳомро рад карда буд. Ӯ моҳи августи соли гузашта дар суҳбати телефонӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, "зери шиканҷа" гуноҳро ба гардан гирифт, аммо чӣ гуна ва дар куҷо шиканҷа шуданашро нагуфт.
Вай даъво кард, ки "хонаводаи келини собиқ хусумат дорад" ва дар ҳаққи онҳо бадгӯӣ мекунанд. Дар посух ба суоли он ки чӣ гуна кӯдак дар хонаи онҳо "хунрав" шудааст, гуфт: "Вай аз аввал ҳамин хел касал дошт, гурдаҳояш бемор буд ва баъзе вақтҳо чунин мешуд."
Ҳоло дақиқ нест, ки Одина Ҳайдарова то куҷо аз ҳукми додгоҳ розӣ аст ва аз болои он шикоят мебарад ё не.
Модари кӯдаки чаҳорсола рӯзи 20-уми августи соли гузашта ба Радиои Озодӣ гуфта буд, се сол пеш бо ду кӯдак аз шавҳар ҷудо шуд, вале хонаводаи шавҳараш алимент медоданд ва ҳақ доштанд, кӯдаконро бубинанд.
Ин сокини шаҳри Турсунзода афзуд, рӯзи Иди Қурбон наздикони шавҳари собиқаш фарзанди ӯро ба тамошо бурданд, як рӯз занг заданд, ки духтараш бемор аст. "Рафта дидам, ки бемадор хобидааст ва беист хун меравад. Пизишкон гуфтанд, ба номуси духтарам дастдарозӣ шудааст ва ӯро чаҳор соат чарроҳӣ карданд,"-афзуд модари духтарча.
Дар ҳоле, ки наздикони собиқ шавҳари ин зан иттиҳомро рад карданд, модари духтарча мегӯяд, ташхиси тиббиву додгоҳӣ таҷовуз шудани фарзандашро тасдиқ кардааст.
Баъд аз ду ҳафтаи нашри ин матлаб дар Радиои Озодӣ додситонии кулли Тоҷикистон хабар дода буд, ки дар робита ба бадрафторӣ ва дастдарозӣ ба номуси духтари чаҳорсола дар шаҳри Турсунзода ду нафарро дастгир кардаанд, ки онҳо амак ва аммаи духтар ҳастанд.
Созмонҳои "Ташаббуси ҳуқуқӣ" ва "Корвони умед" ки модарро бо вакили мудофеъ таъмин карда, ба ноболиғ ёриҳои дигари ҳуқуқиву равонӣ ва иҷтимоӣ мерасонданд, рузи 12-январ ба Радиои Озодӣ гуфтанд, аммаи духтарчаи ноболиғ ба зиндон маҳкум ва амаки ӯ барои қаллобӣ 26 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст.
Дар Тоҷикистон таҷовуз ба номус, бахусус бо ноболиғон ҷинояти сангин ба шумор меравад ва барои ин кор аз 2 то 20 соли зиндон ё ҳукми абад пешбинӣ шудааст. Ба шумориши созмони "Ташаббуси ҳуқуқӣ" дар як соли охир 12 парвандаи таҷовуз ва дигар ҳаракатҳои бадахлоқона боз шудааст, ки дар онҳо кӯдакон қурбонии амалҳои шаҳвонӣ ё озори ҷинсӣ гаштаанд.
Агар пули накди аз байн раваду ба чояш муомилаи гайринакди ба рох монда шавад на танхо дар бозорхо балки дар тамоми сохторхо, ин боиси кам шудани корупся низ мегардад
Ин оморро аз кучо мегирифта бошанд? Чи хел хисоб кардед мухтарам оморчиён? Ё шумо хам хатмкардаи институти саньат буда бо ягон авлод хещу таборед??? Равгани 5л 63с буд 90-100с Шакар 1кг 6.5м 11с Орд 50кг168с 240с Гушти лахм 54с 67-70с Картош 1.5-2м 2.5-4с Тухм 30шт 24с 35с ..... Асосаш ин кимат шудани нархи сузишвори аст, ки онро ширкати монополи идора мекунад ва агар онхо камтар навсро доранду аз осмон камтар замин фурояд, онхо метавонанд 25-30% нархи сузишвориро кам кунанд, ки ин автомати нархи дигар махсулотро поён барад. Аммо афсус.... осмон баланд, замин сахт, авлод гушна, гушнаи сернашаванда.
Худут коршиноси раками як хасти . Чои ту кор дар СММ
ана намунаи муносибати байни мардхои чину занхои точик. кани нангу номуси он мардхое ки ман точикм гуфта мушт бар кафаси сина мезананд худро шери нар мехисобанд. магар шери нар ичозат медихад ки зани 22 солаи точик барои ... ба назди муйсафеди 68 солаи чини равад???
Шукронаи ана хамин давлат кунед. !...