Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Навалний гуфт, 17 январ ба Русия меравад


Акси Навалний аз июли соли 2019
Акси Навалний аз июли соли 2019

Алексей Навалний, як мунаққиди шадидлаҳни Кремл, ки ҳоло дар Олмон бо табобати баъди заҳролудшавӣ машғул аст, дар Твиттер хабар дод, ки ният дорад рӯзи 17-уми январ ба Русия баргардад. Навалний моҳи августи соли 2020 баъди он ки дар ҳавопаймои Русия заҳролуд шуд, барои наҷоти ҷонаш ба беморхонаи Берлин фиристода шуд. Санҷишҳои лаборатории анҷомшуда дар Олмон, Фаронса ва Шведсия тасдиқ карданд, ки Навалний бо заҳри низомии навъи “Новичок” заҳролуд шуд. Ин хулосаро Созмони байналмилалии манъи силоҳҳои кимиёӣ содир кард. Навалний президенти Русия Владимир Путинро дар ташкили ин ҳамла айбдор кард, Кремл ин иттиҳомро рад кардааст.

XS
SM
MD
LG