Дар чанд ҷумла
Дар ИМА аввалин бор дар қариб 70 сол ҳукми қатли як зан ба иҷро даромад
Дар ИМА бо қарори мақомоти федеролӣ аввалин бор дар муддати қариб 70 соли охир ҳукми қатли як зани гунаҳгоршуда дар ҷинояти сангин ба иҷро даромад. Рӯзи 13-уми январ ба бадани Лиза Монтгомерии 52-сола дар зиндони аёлати Индиана аз роҳи сӯзандору маҳлули кушандаро ворид карданд. Талошҳои вакили дифояш барои пешгирӣ аз ин қарор бо баҳонаи ин ки ин зан муддати тӯлонӣ мавриди озори ҷинсӣ қарор гирифта, мушкилоти равонӣ доштааст, нодида гирифта шуд.
Лиза Монтгомери соли 2007 ба ҳукми қатл маҳкум шуд. Ӯро дар рабудани як зане айбдор карданд, ки дар батнаш тифли 8-моҳа дошт. Тафтишот гуфт, ки ин зан қурбонии худро буғӣ карда кушт ва тифли батни ӯро берун баровард. Кӯдаки ин зан зинда монд.
Дар ИМА давоми 17 соли ахир ҳукмҳои қатл иҷро нашудааст, вале президент Доналд Трамп ин таҷрибаро дубора барқарор кард. Дар ин муддат, бо қарори ҳукумати ИМА, 10 ҳукми қатл иҷро шудааст. Президенти мунтахабр Ҷо Байден гуфтааст, ки иҷрои ҳукми қатлро бозмедорад.
Ҳамаи хабарҳои имрӯзро дар инҷо бихонед
“Хонаҳоро ба болоямон чаппа мекунанд.” Эътироз дар Ҷайҳун
Як гурӯҳ аз мардуми деҳаи Гулрез дар ноҳияи Ҷайҳун (Қумсангири собиқ) ба зидди вайрон кардани хонаҳояшон бархостаанд.
Ин ҳодиса рӯзи 9-уми ноябр рӯй дод.
Сокинони норозӣ мегӯянд, қариб панҷ сол пеш заминро қонунӣ гирифта, хона сохтанд ва ҳукумат ҳам дар ин муддат чизе нагуфта буд.
Дар чанд навор, ки дастраси Радиои Озодӣ шуд, як зан худро сипар кардааст, то хонаашро аз тахриб шудан ҳифз кунад. Садои доду гиря ва овози булдозер ҳам шунида мешавад.
"Бачаҳоямон дар хидмати сарбозӣ. Мо ҳақ надорем, ки дар 12 сотих зиндагӣ кунем? Инаш дар артиш, онаш дар хидмати давлат. Чаро хонаҳоямонро чаппа мекунанд? Мо ба ин ҳақ надорем?" – гуфтааст як зан дар наворе, ки корбарон ба мо фиристоданд. Номи ӯ дар ҳоли ҳозир барои Радиои Озодӣ маълум нест.
Як сокини дигари деҳаи Гулрез, ки номаш ба далели амниятӣ ошкор намешавад, 11-уми ноябр гуфт, "мақомоти ноҳия соли 2022 ба мо гуфтанд, ки ҳамин мавзеъро обод карда, хона созед ва зиндагӣ кунед. Ҳатто ваъда доданд, ки барои бачаҳои мо мактаб месозанд. Ҳоло маҷбур доранд, ки аз ин ҷо бикӯчем."
Ҳукумати ноҳияи Ҷайҳун дар вокунише, ки рӯзи 11-уми ноябр дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шуд, сокинонро ба сохтмони ғайриқонунии манзил аз соли 2023 муттаҳам кардаст. Дар ин вокуниш гуфта шудааст, ки хонаҳо бояд тахриб шаванд.
Баъзе аз корбарон дар шабакаҳои иҷтимоӣ навиштаанд, ки чаро дар замони сохтани хона ва гузарондани сими барқ касе монеъ нашуд ва танҳо пас аз чанд сол онҳоро ғайриқонунӣ дониста, дар фасли сардӣ сокинонро аз хона маҳрум мекунанд?
Фахриддин, яке аз корбарон, дар Фейсбук навиштааст, “чаро нозири милиса, мутахассиси Идораи замин, сармеъмор, прокуратура ва ҳукумати ноҳия пеш аз сохтмони худсарона ё ба шаҳрвандон фурӯхта шудани манзилҳои ғайриқонунӣ чораандешӣ накарда, аз ин ҳолатҳо пешгирӣ накарданд?”
Мақомот дар вокуниши расмии худ нагуфтаанд, ки чаро аз қабл пеши роҳи сохтмони манзилро дар ин ҷо нагирифтаанд. Онҳо мегӯянд, тахриби хонаҳо идома дорад ва нисбат ба як нафар бо гумони қаллобӣ, ғайриқонунӣ додани қитъаи замин ва худсарона гирифтану сохтани хона парванда боз кардаанд.
Бори аввал нест, ки тахриби хонаҳои мардум дар заминҳои, ба гуфтаи мақомот, ғайриқонунӣ доғ мешавад. Дар гузашта чунин ҳодисаҳо дар ноҳияҳои Варзобу Рӯдакӣ, Файзобод ва минтақаи Кӯлоб расонаӣ шудааст. Раиси пешини Маҷлиси намояндагон, Шукурҷон Зуҳуров, соли 2011 баъзе аз раҳбарони маҳаллиро дар тақсими ғайриқонунии заминҳои обӣ масъул дониста буд.
Дар ин миён сокинон ҳам пул харҷ мекунанд ва ҳам дар охир бе хонаву дар мемонанд. Мисли гурӯҳе аз мардуми деҳаи Гулрез дар ноҳияи Ҷайҳун, ки ҳоло намедонанд дар фасли сармо бо кӯдакон ба куҷо паноҳ баранд.
Эҳтимоли маҳдудияти кори муҳоҷирон дар 8 минтақаи Русия
Мақомоти Русия қасд доранд, ки дар соли 2027 муҳоҷирони кориро аз ҳаққи ронандагӣ дар Мордовия, Чувашия, Тотористон, Удмуртия, Свердловск, Оренбург, Уляновск ва минтақаи мухтори Еврейск маҳрум кунанд.
Нашрияи русии "Ведомости" рӯзи 9-уми ноябр навишт, ки маҳдудияту монеаҳои нав ба он шаҳрвандони Тоҷикистон ва Узбекистон, ки бо "патент" кор мекунанд, дахл хоҳад кард.
Дар бораи зарурати қабул шудани чунин маҳдудиятҳо шарҳи комиле дастрас нест.
Танҳо мақомоти Мордовия зиёд шудани тасодуф ё садамаҳои нақлиётиро бо иштироки хориҷиҳо далел овардаанд. Ба гуфтаи онҳо, дар солҳои 2024 ва 2025 дар ин минтақа 24 садама бо иштироки ронандаҳои хориҷӣ рух дода, дар натиҷа шаш нафар ҷон бохтанд.
Мансабдорони шаҳри Санкт-Петербург низ моҳи октябр гуфта буданд, ки мехоҳанд манъи таксиронии хориҷиҳоро, ки барои соли 2026 амал мекунад, дар соли 2027 ҳам дароз кунанд.
Думаи давлатӣ ё порлумони Русия дар ду-се соли охир даҳҳо қонун ва муқаррароти зидди муҳоҷиронро қабул кард.
Дар шаш моҳи аввали соли 2026 дар ин кишвар ҳузури 1,1 миллион нафар аз Узбекистон ва 495 ҳазор нафар аз Тоҷикистон сабт шудааст. Ин рақам дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта то 18 дарсад камтар аст.
Ҳю Вилямсон: Тоҷикистон ошкоро машварати СММ-ро нодида мегирад
Дидбони Ҳуқуқи Башар (Human Rights Watch), созмони муътабари байнулмилалӣ, рӯзи 10-уми ноябр аз ҳукумати Тоҷикистон хост, ки ба нақз ё поймоли пайвастаи ҳуқуқи мардум дар кишвар поён диҳад.
Мақомоти Тоҷикистон рӯзи 5-уми ноябр дар Шӯрои Ҳуқуқи Башари Созмони Милал аз пешрафтҳо дар бахши риояи ҳуқуқи сокинон дар панҷ соли охир ситоиш карданд. Аммо баъзе аз кишварҳои узви СММ хостанд, ки Душанбе барои ҳифзи ҳуқуқи мардум ва хотима додан ба саркӯби мухолифони ҳукумат чораҳои бештару фаврӣ андешад.
Раҳоии рӯзноманигорону ҳуқуқдонҳо ва фаъолони зиндонӣ; таъмини озодии баён; мубориза бо хушунат ва ба ҷавобгарӣ кашидани омилони саркӯб дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз хостаҳои онҳо буд.
Ҳю Вилямсон, намояндаи Дидбони Ҳуқуқи Башар (Human Rights Watch) барои кишварҳои Аврупо ва Осиёи Марказӣ, рӯзи 10-уми ноябр дар баёнияе гуфт, “Тоҷикистон ошкоро машварати Созмони Милалро нодида мегирад, ки ҳуқуқу озодиҳои мардумаш осеб мерасонад. Ин кишвар бояд ин имкониятро барои қабули машварати ҷомеаи байнулмилалӣ ва хотима додан ба поймоли пайвастаи ҳуқуқи инскон истифода барад.”
Аз ин пеш, соли 2021, вазъи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон дар Шӯрои Ҳуқуқи Башари Созмони Милал баррасӣ шуда буд. Он ҳангом ҳукумат аз 234 машварат 172 тавсияро пазируфт. Аммо, ба гузориши Дидбони Ҳуқуқи Башар (Human Rights Watch), ҳукумат машваратҳои калидиро иҷро накард ва вазъи ҳуқуқи инсон дар панҷ соли охир “ба таври назаррас бад шуд”.
Музаффар Ашӯриён, вазири адлияи Тоҷикистон, рӯзи 5-уми ноябр дар Женева таҳияи тарҳи нави Кодекси ҷиноӣ; то 15 сол сангинтар шудани ҷазо барои шиканҷа; ҷорӣ кардани ҷазо барои хушунати хонаводагӣ; татбиқи қонуни афв нисбат ба беш аз 18 ҳазор нафар; бекор шудани ҷазо барои “лайк” дар шабакаҳои иҷтимоиро намунаҳои иҷрои машваратҳои пешина номид.
Кишварҳои узви Созмони Милал низ Тоҷикистонро барои қабули Конвенсия дар бораи ҳуқуқи маъюбон; Стратегияи миллии ҳифзи ҳуқуқи инсон то соли 2038 ва қонун “Дар бораи баробарӣ ва аз байн бурдани ҳама шаклҳои табъиз” ситоиш карданд. Аммо намояндаи Олмон гуфт, ҳамоно “аз саркӯби ҷомеаи шаҳрвандӣ, рӯзноманигорон, ҳомиёни ҳуқуқи инсон, созмонҳои динӣ ва мухолифони сиёсӣ ва мустақил набудани додгоҳҳо” нигарон аст.
Баъзе аз кишварҳои дигар аз Тоҷикистон хостанд, ки таъқиби мухолифони сиёсӣ, созмонҳои ғайриҳукуматӣ, фаъолон ва рӯзноманигоронро бас кунад, озодии баён ва озодии расонаҳоро ҳифз намояд ва ҷазои қатлро пурра аз байн барад. Дар Тоҷикистон ба иҷрои ҳукми қатл "моратория" эълон шудааст ва дар ҳоли ҳозир ба ҷойи он зиндони якумрӣ медиҳанд.
Бразилия, Фаронса ва Ҳолланд дар навбати худ аз Тоҷикистон хостанд, ки рӯйдодҳои солҳои 2021-2022 дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро, ки мақомот аз байн бурдани гурӯҳҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ, аммо мардум саркӯби ғайринизомиён медонанд, ҳамаҷониба таҳқиқ кунад. Дар амалиёти нерӯҳои давлатии Тоҷикистон дар Хоруғу Рӯшон тақрибан 40 нафар кушта шуданд.
Дидбони Ҳуқуқи Башар мегӯяд, “ҳамчунин, тибқи гузоришҳо, пулис зиёда аз 200 эътирозгар, аз ҷумла 205 сокини вилоятро, ки дар солҳои 2021 ва 2022 дар мурофиаҳои баста ба зиндон маҳкум шуданд, худсарона боздошт ва шиканҷа кардааст.”
Беш аз даҳ кишвари узви Созмони Милал аз Тоҷикистон даъват карданд, ки ба ваъдаҳои худ вафо кунад ва ба созмонҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ имкон диҳад, ки бидуни монеа кор кунанд.
Эстония, Лаҳистон (Полша), Португалия ва Украина аз Тоҷикистон хостанд, қонунгузории худро дар мавриди мубориза бо терроризм низ ба меъёрҳои байнулмилалии ҳуқуқи инсон мутобиқ гардонад. Намояндаи Лаҳистон гуфт, “таърифҳои аз ҳад васеи таҳдидҳои террористӣ ва ифротгароӣ метавонанд ба маҳдудияти номутаносиби ҳуқуқи инсон оварда расонанд.”
“Тоҷикистон ба кишварҳои узви Созмони Милал гуфт, ба меъёрҳои ҷаҳонии ҳуқуқи инсон пурра вафодор аст, аммо ин садоқатро дар амал нишон надодааст. Агар Тоҷикистон аз гап ба амал гузарад, барои поён додан ба нақзи ҳуқуқ қадамҳои мушаххас бардорад, эътибори он дар арсаи байнулмилалӣ хоҳад афзуд,” – хулоса кард Ҳю Вилямсон, намояндаи Дидбони Ҳуқуқи Башар (Human Rights Watch) барои кишварҳои Аврупо ва Осиёи Марказӣ.
Раисҷумҳури Тоҷикистон барои ширкат дар ҷаласаи СПАД ба Русия рафт
Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, барои ширкат дар ҷаласаи Созмони Паймони Амнияти Дастҷамъӣ (СПАД) ба Маскав рафт.
Ин нишаст рӯзи 11-уми нобяр таҳти раёсати Владимир Путин, президенти Русия, ки барои ҷанги тақрибан панҷсолааш дар Украина зери танқиду таҳримҳои зиёди байнулмилалист, мегузарад.
Раҳбарони Беларус, Қазоқистон ва Қирғизистон низ дар ҷаласа ширкат мекунанд, аммо сарвазири Арманистон Никол Пашинян ҳузур нахоҳад дошт. Ӯ ду сол пеш гуфта буд, ки кишвараш мехоҳад аз узвияти Созмони Паймони Амниятӣ берун равад.
Дафтари матбуоти Кремл рӯзи 9-уми ноябр дар эъломияе гуфт, сарони кишварҳои узв дар баробари масоили корӣ, мушкилоти байнулмилалӣ ва минтақаиро баррасӣ хоҳанд кард. Имзои чанд санад, инчунин, эъломияи стратегияи зиддитеррористии СПАД барои то соли 2030 дар назар аст.
Қарор аст, дар поёни ҷаласа раҳбарии давраии Созмони Паймони Амнияти Дастҷамъӣ барои соли оянда ба дӯши Тоҷикистон гузошта шавад.
Тоҷикистон ва Русия шарикони муҳими стратегӣ ба ҳисоб мераванд. Ҳарчанд робитаҳои сиёсии ду кишвар хуб арзёбӣ мешаванд, муҳоҷирони тоҷик пайваста аз саркӯбу пайгард ва нақзи ҳуқуқи худ дар Русия шикоят мекунанд.
Созмони Паймони Амнияти Дастҷамъӣ пас аз пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ таъсис ёфта, ҳоло Арманистону Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия ва Тоҷикистонро дар бар мегирад. Ин созмонро баъзан ба нотавонӣ барои пешгирӣ аз муноқиша байни аъзои худ ва ҳимояти манофеи онҳо танқид мекунанд. Арманистон пештар созмонро танқид карда буд, ки дар ҷанги Озарбойҷону Арманистон бар сари Қаробоғи Кӯҳӣ “вазифаҳои худро иҷро накард.” Нахустин ва то ҳол ягона мавриди истифода аз нерӯҳои сулҳхоҳи СПАД моҳи январи соли 2022 дар Қазоқистон анҷом шуд; замоне ки Қосимҷомарт Тоқаев дар пайи эътирозҳои зиддиҳукуматӣ ва бетартибиҳо аз СПАД кумак хоста буд.
“Натиҷаи низоъ, гармӣ ва хушксолӣ.” Ҳосили ками писта дар Эрон
Ҷангу даргирӣ, хушксолӣ ва гармои бепешина ҳосили пистаро дар Эрон ба таври чашмрас коҳиш додааст. Дар натиҷа, содироти ин навъи маҳсулот ба Чин низ ба маротиб кам шуда. Чин пистаро асосан аз Иёлоти Муттаҳида ва Эрон мехарад.
Бино ба иттилое, ки Шӯрои байнулмилалии меваҳои хушк моҳи июн нашр кард, истеҳсоли ҷаҳонии писта дар соли 2026-2027 қариб ба 701 ҳазор тонна хоҳад расид. Ин рақам нисбат ба соле пеш 36 дарсад камтар буда, бори аввал дар чор соли охир аз як миллион тонна поин омад.
Шаҳри Рафсанҷон дар вилояти Кирмон пистазори Эрон ба ҳисоб меравад. Ин кишвар дар умум қариб 600 ҳазор ҳектор боғи писта дорад. Дарахтони писта дар Эрон маъмулан аз моҳи апрел то моҳи май гул мекунанд. Ҳосил дар моҳи августу сентябр ҷамъоварӣ мешавад.
Яке аз бунёдгузорони Анҷумани пистакорони Эрон мегӯяд, дар ду соли охир дарахтони писта ҳам дар марҳилаи гулкунӣ ва ҳам дар давраи нашъунамои мева аз ҳарорати баланд осеб дидаанд. Ин ҳолат ба бисёре аз дарахтон зиён расонда, ба ҷамъоварии ҳосили хуб таъсир гузоштааст.
Беҳрӯз Огоҳ, яке аз муассисони Анҷумани пистакорони Эрон ба хабаргузории Рейтерс гуфтааст: "Гармии шадид дар моҳи апрел на танҳо ба ҳосили соли гузашта, балки бештар аз он ба ҳосили имсола зарари ҷиддӣ расонд. Маҳз ба ҳамин далел Эрон имсол ҳамагӣ ҳудуди 120 ҳазор тонна ҳосил дорад. Ҳол он ки мо бояд тақрибан 240-250 ҳазор тонна ҳосил мегирифтем."
Бо боло рафтани нархҳо ва фишор ба занҷираи таъминот, баъзе аз ширкатҳо шеваи хариди худро дигар кардаанд. Онҳо акнун на танҳо мағзи тайёри писта, балки онро бо пӯсташ низ мегиранд ва роҳҳои нави коркарди онро меҷӯянд.
Ян Ҷуан, мудири як ширкати чинӣ гуфтааст: "Бо дар назар гирифтани душвориҳои ҳозира дар занҷираи таъминот, мо пистаро бо пӯсташ мехарем ва сипас роҳҳои нави ҷудо кардани мағзи онро пайдо мекунем. Мо шабакаҳои нави таъминотро рушд медиҳем, ки ҳам аз лиҳози нарх ва ҳам аз назари дастрасӣ барои мо фоидаовар хоҳанд буд."
Аз додгоҳе дар Олмон хостаанд, Дилмурод Эргашевро аз ёд набарад
Як гурӯҳ аз фаъолон ва ҳомиёни ҳуқуқи инсон дар Олмон бо баргузории ҳамоиши эътирозӣ аз Додгоҳи шаҳри Дюсселдорфи ин кишвар хостаанд, ки нисбат ба сарнавишти фаъоли зиндонии тоҷик Дилмурод Эргашев бетараф набошад.
Ӯ, ки беш аз даҳ сол дар шаҳри Клевеи Олмон мезист, моҳи ноябри соли 2024 аз ин кишвари аврупоӣ ба Тоҷикистон ихроҷ карда шуд ва дар Душанбе бо гуноҳи, ба гуфтаи мақомот, “даъвати оммавӣ барои фаъолияти ифротгароӣ”, ҳашт сол зиндонӣ гардид.
Эътирози фаъолон ва ҳомиёни ҳуқуқи инсон дар Олмон 9-уми ноябр баргузор шуд. Онҳо дар даст шиор ва аксҳои Дилмурод Эргашевро доштанд. Фарҳод Одинаев, як фаъоли мадании тоҷик, низ дар ин ҳамоиш буд ва рӯзи 10-уми ноябр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, мақомоти додгоҳ дар охир онҳоро ба ҳузур пазируфтаанд.
Додгоҳи Дюсcелдорф соле пеш мурофиаи то куҷо қонунӣ будани ихроҷи фаъоли зиндонии тоҷик Дилмурод Эргашев аз Олмон ба Тоҷикистонро оғоз кардааст. Вакили мудофеи ӯ талаб дошт, ки Эргашев аз Тоҷикистон ба Олмон баргардонда шавад. Фарҳод Одинаев мегӯяд, вакил рӯзи 9-уми ноябр низ далели, ба қавли вай, нодуруст ронда шудани Дилмурод Эргашевро дигарбора ба додгоҳ пешниҳод кард.
Видеоро дар инҷо бинед:
Дилмурод Эргашеви 43-сола узви пешини "Гурӯҳи 24" ва Ҷунбиши ислоҳот ва рушд, ду созмони мухолифи ҳукумати Тоҷикистон аст. Созмонҳои ҳомии ҳуқуқ дар гузашта аз ҳукумати Олмон хоста буданд, ки ӯро ба Тоҷикистон нафиристад, чун мумкин аст, барои ақидаҳои худ азобу шиканҷа шавад. Худаш низ дар фурудгоҳ рагҳои дасту пойи худро бурид, вале ин кор монеи ихроҷаш нашуд.
Олмон аз соли 2015 ба ин тараф ба макони кор ва паноҳҷӯии шуморе аз шаҳрвандони Тоҷикистон табдил шудааст. Ба маълумоти расмӣ, то охири моҳи августи соли 2026 тақрибан 13 ҳазор тоҷикистонӣ дар ин кишвари аврупоӣ қарор дошта, аз аввали имсол 27 нафар ба Душанбе ронда шудаанд. Тақрибан ҳазоур сад нафари дигар бояд қаламрави Олмонро тарк кунанд.
Бо вуҷуди танқиди созмонҳои байнулмилалӣ, аз ҷумла Дидбони Ҳуқуқи Башар (Human Rights Watch), мақомоти Олмон дар солҳои охир чанд фаъоли мухолифонро ба Тоҷикистон рондаанд. Билол Қурбоналиев ва Асадулло Бобоев аз ҷумлаи онҳо ҳастанд. Аввалӣ соли 2024 ва баъди ихроҷ аз Олмон ба Тоҷикистон, ба 10 сол зиндон маҳкум шуд. Дувумиро дар Тоҷикистон 17 сол аз озодӣ маҳрум кардаанд.
Боздиди як намояндаи баландпояи Иттиҳоди Аврупо аз Тоҷикистон
Нишасти навбатии Иттиҳоди Аврупо ва Осиёи Марказӣ баҳори соли 2027 дар Тоҷикистон баргузор хоҳад шуд. Йозеф Сикела, комиссари Иттиҳоди Аврупо дар умури шарикии байнулмилалӣ, дар ин бора иттилоъ дод.
Ӯ, ки бо сафари расмӣ ба Душанбе омадааст, рӯзи 9-уми ноябр ва пас аз мулоқот бо раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон гуфт, равобити миёни Иттиҳоди Аврупо ва Тоҷикистону кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ “амиқ, муҳим ва стратегӣ” мешавад.
Дафтари матбуоти президенти Тоҷикистон дар баёнияе гуфт, ки ду ҷониб ҳамкориҳоро дар бахши энержӣ ва иқтисоди “сабз”, дигаргуншавии иқлим, нақлиёту долонҳои минтақавӣ ва бозорҳои Аврупо баррасӣ карданд.
Комиссари Иттиҳоди Аврупо дар умури шарикии байнулмилалӣ дар як паёми ҷудогона ба Радиои Озодӣ гуфт: "Барои намуна, тарҳи нерӯгоҳи барқи обии "Роғун", ки барои Тоҷикистон аҳамияти миллӣ дорад, яке аз лоиҳаҳои асосии стратегияи сармоягузории "Global Gateway"-и Иттиҳоди Аврупо мебошад. Мо онро якҷоя бо Бонки сармоягузории Аврупо пеш бурда истодаем. Иттиҳоди Аврупо маблағгузории ин лоиҳаро омода мекунад."
Видеоро дар инҷо бинед:
"Тарҳи "Себзор", ки аллакай барои 430 000 аҳолии Тоҷикистон нерӯи барқ медиҳад, аз намунаҳои дигар аст. Ин маънои рӯшноӣ дар хонаву мактабҳо ва беморхонаҳоро дорад. Энергияи тоза барои Иттиҳоди Аврупо аҳамияти ниҳоят муҳим дорад. Самтҳои дигар низ ҳаст. Масъалаи нақлиёт дар аст, ки дар он Тоҷикистон, бахусус дар доираи Долони Миёна (Транскаспий) метавонад нақши бисёр муҳим бозад," -- афзуд Йозеф Сикела.
Маълум нест, оё дар дидору мулоқоти намояндаи баландпояи аврупоӣ бо раҳбари Тоҷикистон мавзӯи ҳуқуқи башар ва озодии баёну хабарнигорони зиндонӣ матраҳ шуд ё на.
Ин дар ҳолест, ки дар ҷаласаи рӯзи 5-уми ноябр дар Шӯрои ҳуқуқи башари Созмони Милал (Женева) маҳз дипломатҳои кишварҳои аврупоӣ аз Тоҷикистон мурооти ҳуқуқи инсонро тақозо карданд.
Дар ин ҷаласа аз Тоҷикистон тақозо шуд, ки омилони саркӯби эътирозҳоро дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар солҳои 2021-2022 ба ҷавобгарӣ кашида, хабарнигорони зиндониро билофосила озод кунад.
Иттиҳоди Аврупо дар бештар аз 35 сол дар доираи тарҳҳои гуногун ба Тоҷикистон дастикам як миллиарду дусад миллион евро кумак кардааст. Ба ҷуз ин, ба гуфтаи мақомоти Иттиҳоди Аврупо, Тоҷикистон аз барномаҳои минтақаӣ ва сармоягузориҳо, аз ҷумла ташаббусҳое, ки тавассути барномаи Global Gateway сарморягузорӣ мешаванд, низ баҳра мегирад.
Зарбаи Украина ба яке аз калонтарин полоишгоҳҳои нафти Русия
Зарбаҳои паҳподии Украина дар шаби 9-уми ноябр сабаби сӯхтор дар дувумин калонтарин полоишгоҳи нафти Русия дар шаҳри Кириши (наздикии Санкт-Петербург) шуд.
Дар ин бора волии вилоятии Ленинград Александр Дрозденко хабар дод.
Вай гуфт, аз густариши сӯхтор пешгирӣ шуд, аммо як зан дар зери шикастпораҳои паҳпод ба ҳалокат расид.
"Украина бо 113 ҳавопаймои бесарнишин зарба зад," -- афзуд Дрозденко. Тасдиқи мустақилонаи ин иттилоъ имконпазир нест.
Полоишгоҳи Кириши, ки соле то 20 миллион тонна нафти хомро коркард мекунад, пештар ҳам ҳадафи ҳамлаи паҳподии Украина қарор гирифта буд.
Дар ҳамин ҳол, Вазорати энержии Украина гуфт, ки Русия дар ҳафтаи гузашта ба бахши энержии ин кишвар 128 ҳамла анҷом додааст.
Навор дар Инстаграм:
Русия моҳи феврали соли 2022 ба хоки Украина ҳамла кард ва даргирии ду тараф аз он замон идома дорад. То кунун миллионҳо нафар дар Украина бехонаву дар ва паноҳҷӯ шуда, манзилу иншооти зиёде вайрон гаштааст. Маскав ҷанги худро дар қаламрави Украина амалиёти вижаи низомӣ, аммо Украинаву ҳампаймонҳои ғарбияш таҷовуз ба хоки ин кишвар меноманд.
Ҳалокати як шаҳрванди дигари Тоҷикистон дар ҷанги Украина
Зиёвиддин Муродов, шаҳрванди 53-солаи Тоҷикистон, дар ҷанги Русия алайҳи Украина кушта шудааст.
Яке аз хешовандонаш, ки дар Русия қарор дорад ва ба сабаби амниятӣ номаш фош намешавад, гуфт, ин сокини деҳаи Порвени шаҳри Панҷакент "ҳамагӣ се моҳ пеш ба таври қарордодӣ ба ҷанг рафта буд".
"Азбаски аз одамон қарздор буд, ихтиёрӣ бо Вазорати дифои Русия шартнома баста, ба Украина рафт. Ду ҳафта пеш хабари кушта шуданаш дар як амалиёт расид," – афзуд мусоҳиби мо рӯзи 9-уми ноябр.
Кӯшиши мо барои тамос бо наздикони Зиёвиддин Муродов дар Тоҷикистон то ин дам бенатиҷа буд.
Мусоҳиби Радиои Озодӣ дар Русия гуфт, "ҳамсараш барои бурдани пайкар (ҷасад)-и Зиёвиддин ба шаҳри Калуга рафтааст. Қарор аст, рӯзи 10-уми ноябр тобутро бо ҳавопаймо ба Хуҷанд ва аз онҷо ба Панҷакент баранд." Вале ӯ дар бораи чӣ қадар ва аз киву чӣ гуна қарздор шудани Зиёвиддин Муродов маълумот надод.
Русия дар моҳи феврали соли 2022 ба хоки Украина таҷовуз кард ва садҳо муҳоҷири тоҷикро ҳам бо таҳдиди ихроҷу зиндон ё бо ваъдаи маоши калону тақдими шаҳрвандӣ ба ин ҷанг бурд.
То кунун хабари кушта шудани беш аз сад тоҷикистонӣ дар ҷанги Русия алайҳи Украина расонаӣ гаштааст. Бархе дигар ба дасти низомиёни украинӣ асир афтода, хоҳони раҳоӣ ҳастанд. Радиои Озодӣ аз аввали имсол дар бораи кушта шудани дастикам шаш шаҳрванди Тоҷикистон гузориш дод.
Ҳадди ақал яке аз онҳо, Олимҷон Бердиев, ба ваъдаи тақдими шаҳрвандӣ ба артиши Русия ва сипас ҷанг рафтааст. Наздиконаш гуфтанд, хабари марги ӯро баъди беш аз ёздаҳ моҳи бедарак буданаш фаҳмиданд, аммо то ҳол пайкар ё ҷасадашро ба Тоҷикистон наовардаанд.
Қонунҳои Тоҷикистон барои ширкат дар ҷангҳои хориҷӣ аз 12 то 20 сол зиндон муқаррар кардааст, вале мақомот мегӯянд, нисбат ба касе барои ширкат дар ҷанги Украина парвандаи ҷиноятӣ боз накардаанд. Вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода моҳи июл гуфт, "мо ягон ҳисобот намебарем ва дар ин масъала ягон уҳдадорӣ ҳам надорем."
Ба иттилои тарҳи давлатии “Зистан мехоҳам” дар Украина, мақомоти Русия аз соли 2022 то кунун зиёда аз 5 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистонро бо ваъдаи маоши баланду тақдими шаҳрвандӣ ва ё таҳдиди ба зиндон андохтан ё ихроҷ аз қаламрави ин кишвар ба артиш ва ширкат дар ҷанги Украина ҷалб кардаанд.
Дар ҳамин ҳол, гурӯҳи ҳакерӣ ё рахнагарии Silent Crow бо такя ба маълумоте, ки аз пойгоҳҳои Идораи омори Русия ба даст овардааст, талафоти ҷонии ин кишварро дар ҷанги тақрибан панҷсола дар Украина 450 ҳазору 100 нафар ҳисоб кардааст. Тасдиқи мустақилонаи ин маълумот имконпазир нест.
Расонаҳои “Медиазона” ва Би-би-сӣ ва гурӯҳи ихтиёриён аз оғози ҷанг бар асоси манбаъҳои боз номи 285 ҳазору 881 кушташударо рӯйхат кардаанд. Ричард Найтон, сардори Ситоди кулли нерӯҳои Бритониё, моҳи сентябри имсол изҳор дошт, ки теъдоди низомиёни кушташудаи Русия аз ним миллион кас гузаштааст.
Ба ҳисоби Ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳи Украина, шумораи кушташудагон ва захмиёни Русия дар ҷанг беш аз 1 миллиону 600 ҳазор нафарро ташкил медиҳад.
Русия моҳи феврали соли 2022 ба хоки Украина ҳамла кард ва даргирии ду тараф аз он замон идома дорад. То кунун миллионҳо нафар дар Украина бехонаву дар ва паноҳҷӯ шуда, манзилу иншооти зиёде вайрон гаштааст. Маскав ҷанги худро дар қаламрави Украина амалиёти вижаи низомӣ, аммо Украинаву ҳампаймонҳои ғарбияш таҷовуз ба хоки ин кишвар меноманд.
Нотаи Қирғизистон ба Русия: шаҳрванди моро ба ҷанг набаред
Вазорати корҳои хориҷии Қирғизистон бо ирсоли нота ё ёддошти расмӣ аз ҳукумати Русия хостааст, як шаҳрванди кишварро, ки дар яке аз қисмҳои низомии Русия аст, ба ватанаш баргардонад.
Бино ба гузориши бахши Осиёи Марказии Радиои Озодӣ, сухан дар бораи Элистон Токтогулови 21-сола меравад, ки гуё аз роҳи фиреб ӯро ба артиши Русия бурдаанд.
Хешовандони ҷавон рӯзи 3-юми ноябр бо нашри як видео гуфтанд, ки мақомоти Русия Элистонро маҷбур кардаанд, бо Вазорати дифоъ қарордод бандад. Сипас ӯро барои тамрин ба шаҳри Воронеж бурдаанд, то ба ҷанги Украина фиристанд.
Боястан Қуштарбек, бародари ҷавон дар видео мегӯяд, Элистон дар Инстаграм ҷойи кор меҷуст ва дар онҷо бо як қирғизистонии муқими Русия ошно шудааст. Ба ӯ коре бо музди то 110 000 рубл пешниҳод карда, билети Маскавро ҳам харидаанд. Ҳангоми иқомат дар меҳмонхона шабона афроди дигаре омада, ӯро бурда ва латукӯб кардаанд.
Ба гуфтаи бародараш, азбаски Элистон забони русиро намедонист, санадеро имзо кардааст ва ӯро баъди ин ба тамрингоҳи Воронеж бурдаанд. Дар Вазорати умури хориҷии Қирғизистон гуфтаанд, сафорати кишвар дар Маскав ба мақомоти Русия нома фиристода ва хостааст, қазияро тафтиш кунанд ва афродеро, ки ин дар ин амал даст доранд, ба ҷавобгарӣ кашанд.
Маълум нест, чӣ қадар аз шаҳрвандони Қирғизистон дар ҷанги Украина ширкат мекунанд, аммо бино ба иттилои як пойгоҳи интернетии давлатии Украина бо номи "Зистан мехоҳам", то кунун ширкати бештар аз 2200 шаҳрванди Қирғизистон дар ҷанги Украина собит шудааст.
Дар умум ба иттилои пойгоҳ, Русия бештар аз 20 400 шаҳрванди кишварҳои Осиёи Марказӣ, Тоҷикистону Узбекистон, Қазоқистону Қирғизистон ва Туркманистонро ба ҷанги Русия ҷалб кардааст.
Бар асоси гуфтаи масъулони пойгоҳи “Зистан мехоҳам”, аз соли 2022 то кунун ҷалби зиёда аз 5 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон ба артиши Русия барои ширкат дар ҷанги Украина маълум шудааст.
Тарҳи ихроҷи даҳҳо афғонистониро аз Амрико боздоштаанд
Пас аз ҳушдори чанд қонунгузори амрикоӣ ва созмонҳои ҳомии ҳуқуқи инсон, як додраси федеролӣ дар Ню-Йорк қарори ихроҷи эҳтимолии даҳҳо афғонистониро аз Иёлоти Муттаҳида то 7-уми ноябр боздошт.
Ба гуфтаи ҳомиёни ҳуқуқ, бозгардондани ин афрод ба Афғонистон ё Покистони ҳамсоя метавонад ҷонашонро дар хатар гузорад.
Кристофер Ҷорҷ, муовини ёвари раиси Идораи муҳоҷират ва гумруки Амрико (ICE), изҳор дошт, ки барои анҷоми чунин амалиёт дар ин ҳафта “ягон парвози чартерӣ” дар назар нест. Вай дар айни замон дар бораи нақшаҳои эҳтимолии оянда тафсилот надод.
Созмони иҷтимоии AfghanEvac, ки дар Калифорния ҷойгир аст, гуфта буд, ҳукумати Амрико барои рондани беш аз 150 афғонистонӣ омода мешавад.
Азбаски Иёлоти Муттаҳида бо "Толибон" муносибати расмии дипломатӣ надорад, наметавонад ихроҷи боздоштшудагонро ба Афғонистон ташкил кунад. Ба ҷойи ин, онҳо ба Покистон фиристода мешаванд ва сипас Исломобод онҳоро ба Афғонистон мефиристад.
Пас аз тасарруфи Кобул аз сӯи гурӯҳи тундрави “Толибон” дар моҳи августи соли 2021 даҳҳо ҳазор афғонистонӣ аз кишвари худ фирор карданд.
Муҷозоти Нилуфар Ҳамидова, як зани блогер дар Узбекистон
Як зани блогерро дар Узбекистон ба ҳафт шабонарӯз ҳабс маҳкум кардаанд.
Додгоҳи ноҳияи Юнусобод дар Тошканд Нилуфар Ҳамидоваро ба майдаавбошӣ гунаҳкор донист.
Ин зан пас аз нашри наворе дастгир шуд, ки бо домани кӯтоҳ дар кӯча ибораи “боз ҳам мехоҳам”-ро ба забон овардааст.
Ҳарчанд дар охири навор маълум мешавад, ки Нилуфар Ҳамидова бо ин роҳ маҳсулоти ороиширо таблиғ мекард, навори ӯ сару садои зиёд ба вуҷуд овард.
Корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ рафтори занро дорои хусусияти шаҳвонӣ номида, аз мақомот хостанд, ки вокуниш нишон диҳанд.
Дертар Вазорати корҳои дохилии Узбекистон видеои узрхоҳии Нилуфар Ҳамидоваро нашр кард. Маълум нест, он таҳти чи шароит сабт шудааст.
Аз ин пеш, дар моҳи апрел, навори мулоқоти Нилуфар Ҳамидова дар яке аз мактабҳои вилояти Тошканд боис ба норозигии корбарон шуда буд.
Даҳҳо ҳазор муҳоҷирро маҷбурӣ аз Русия берун кардаанд
Раиси Думаи давлатӣ ё порлумони Русия гуфт, додрасҳои ин кишвар дар нуҳ моҳи имсол 63,5 ҳазор хориҷиро, ки ба қавли ӯ қонунро поймол кардаанд, маҷбурӣ ихроҷ намуданд.
Ба иттилои Вячеслав Володин, ҳамчунин теъдоди қарорҳо дар бораи манъи вуруди муҳоҷирон ба Русия афзоиш ёфтааст.
"Дар 8 моҳи соли 2026 нисбат ба беш аз 260 ҳазор муҳоҷир қарор дар бораи манъи вуруд ба кишвар қабул шуд. Ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли 2025 беш аз 75 дарсад зиёд аст," – навишт Вячеслав Володин рӯзи 6-уми ноябр дар шабакаҳои иҷтимоӣ.
Аз 3-юми ноябр дар Русия баҳонаҳои аз ин кишвар берун кардани шаҳрвандони хориҷӣ ё муҳоҷирон аз 22 то 45 афзуда шуд.
Акнун муҳоҷиронро метавонанд барои итоат накардан ба талаби полису марзбон, нашри маводи таҳқиркунандаи шахс дар интернет, вайрон кардани тартиботи ҷамъиятӣ, таҳқири артиш, даъват ба ҷорӣ кардани таҳрими зидди Русия, табъиз ва маҳдуд кардани озодии инсон низ метавонанд ҷарима баста, аз Русия ихроҷ кунанд.
Қарору маҳдудиятҳои нав барои муҳоҷирон бо ин тамом намешаванд ва аз 1-уми январи соли 2027 баъзе аз қонунҳои нав, масалан, пардохти ҳатмии молиёт (андоз) барои ҳамсар ва фарзандони муҳоҷирон ҳам ба иҷро медарояд.
"Танҳо ду кас зинда монд." Афзоиши фишор ба зиндониёни тоҷик дар Русия
Зиндониёни тоҷик дар як муассисаи ислоҳии шаҳри Волгогради Русия мегӯянд, пас аз расонаӣ шудани вазъи вазнинашон, фишор ба онҳо барои рафтан ба артиш бештар шуд. Ба нақли онҳо, ки номашон ба далели амниятӣ ошкор намешавад, мақомоти Русия дар як ҳафтаи охир ду маҳбуси тоҷикро ба ҷанги Украина бурдаанд.
Радиои Озодӣ рӯзи 30-юми октябр хабар дода буд, ки ҳудуди 160 зиндонӣ аз Осиёи Марказӣ, ки дар миёнашон 60 шаҳрванди Тоҷикистон низ ҳаст, барои рафтан ба ҷанги зидди Украина зери фишор ҳастанд.
Идораи зиндонҳои Волгогради Русия дар вокуниш ба ин хабар рӯзи 31-уми октябр навишт, ҳеч кас маҷбурӣ ба ҷанг бурда намешавад ва хабари расонаҳо дар ин бора асос надорад.
Яке аз зиндониёни тоҷик рӯзи 5-уми ноябр ба Радиои Озодӣ хабар дод, ки ҳамчунон зери фишор ҳастанд. Ӯ гуфт, "шаби 3-юми ноябр ду шаҳрванди Тоҷикистон, ки сокини вилояти Хатлон ҳастанд, ба фишору азият тоб наоварда, қарордод имзо карданд ва ба ҷанг бурда шуданд. Онҳо тақрибан як сол дар шароити сахт нигаҳдорӣ мешуданд."
Номи ду зиндонӣ барои Радиои Озодӣ маълум аст, вале ба хотири амнияти нафаре, ки бо мо суҳбат кард, фош карда намешаванд.
Ба нақли ҳамсуҳбати мо, дар як соли гузашта беш аз 100 маҳбус, ки дар миёнашон тақрибан 40 шаҳрванди Тоҷикистон будааст, ба ҷанг бурда шудаанд. "Аз ин гурӯҳ танҳо ду нафар зинда монд, ки онҳо ҳам дасту по надоранд," -- гуфт мусоҳиби мо.
Дар сафорати Тоҷикистон дар Маскав рӯзи 6-уми ноябр ба зангҳои пайдарпай ва мактуби Радиои Озодӣ посух надоданд.
Зиндониёни тоҷик мегӯянд, онҳоро барои идомаи ҷазо ба ватан баранд ё аз ҳаққашон ҳимоят кунанд, ки онҳо дар ҷанги кишвари бегона кушта нашаванд.
Русия дар ҷанги васеъмиқёсе, ки аз соли 2022 алайҳи Украина пеш мебарад, ҳазорон шаҳрванд ё зодагони Тоҷикистонро ҷалб карда, то кунун хабари кушта шудани садҳо нафари онҳо расонаӣ шудааст.
Як масъули “Зистан мехоҳам”, тарҳи давлатии Украина, дар як ҳамоиши онлайнӣ дар миёнаҳои моҳи октябр гуфт, маълумот пайдо кардаанд, ки Русия аз аввали ҷанг бо беш аз 5 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон барои ширкат дар ҷанги зидди Украина қарордод бастааст. Ӯ гуфт, шояд шумораи воқеӣ аз ин бештар бошад, вале ин маълумотест, ки онҳо дастрас ва собит кардаанд.
Русия наздик ба панҷ сол боз зидди Украина меҷангад ва аксари созмону кишварҳои ғарбӣ ҳамлаи Русияро таҷовуз дониста, онро маҳкум кардаанд. Дар Тоҷикистон барои ширкат дар ҷангҳои хориҷӣ ҷазои сахт пешбинӣ шудааст, вале то кунун касеро барои иштирок дар ҷанги Украина ҷазо надодаанд.
Теъдоди бузи морхӯр дар Тоҷикистон ба 7 ҳазор расидааст
Кумитаи ҳифзи муҳити зист гуфтааст, саршумори бузи морхӯр, гаронтарини бузи кӯҳӣ дар Тоҷикистон ба 7 ҳазор расид.
Ин ниҳод рӯзи 4-уми ноябр дар саҳифааш дар Фейсбук навишт, дар солҳои 1990 ҳамагӣ наздик ба 500 сар морхӯр ҳисоб шуда буд.
Нархи шикори як сар чунин буз дар Тоҷикистон зиёда аз 400 ҳазор сомонист.
Кумитаи ҳифзи муҳити зист талошҳоро барои пешгирӣ аз шикори ғайриқонунӣ як далели афзоиши саршумори ҷонвари нодир донистааст.
Бузи морхӯр дар Тоҷикистон дар ҳудуди ноҳияи Шамсиддин Шоҳин (Шӯроободи пешин) ва ҳудуди ноҳияи Дарвози Тоҷикистон зиндагӣ мекунад.
Соли гузашта ҳукумати Тоҷикистон иҷозаи шикори 20 сари онро дода буд.
Маъмулан иҷозатномаро барои шикори Морхӯр хориҷиён мехаранд.