Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Маҳмурод Одинаев ба "даъвати ом ба тундгароӣ" айбдор мешавад


Tajikistan -- Mahmurod Odinaev, deputy head of social democratic party of Tajikistan

Ба зидди Маҳмурод Одинаев, муовини боздоштшудаи раиси Ҳизби сотсиал – демократи Тоҷикистон ва яке аз фаъолони шабакаҳои иҷтимоӣ, айби нав эълон шудааст.

Додситонии шаҳри Ҳисор ӯро ба "Даъвати оммавӣ барои амалӣ кардани фаъолияти экстремистӣ" муттаҳам кард. Маҳмурод Одинаевро пештар ба авбошӣ гумонбар карда буданд.

Дар Додситонии шаҳри Ҳисор далели боз шудани парвандаи навро шарҳ надоданд, аммо тасдиқ карданд, ки ба зидди Маҳмурод Одинаев бо ду моддаи Кодекси ҷиноӣ парванда кушодаанд ва баррасиашро додситон Икром Мирзошарифзода ба уҳда дорад.

Пайвандони Маҳмурод Одинаев рӯзи 14-уми январ ба Радиои Озодӣ гуфтанд, масъулони Додситонии Ҳисор як ҳафта пеш онҳоро дар бораи айби нав хабардор карданд. Онҳо мегӯянд, далелеро дар ин замина намебинанд.

Иттиҳоми наве, ки Додситонии Ҳисор нисбат ба Маҳмурод Одинаев эълон кардааст, аз панҷ то 10 сол зиндонро дар назар дорад.

Одинаевро рӯзи 5-уми декабри соли гузашта дар ҳудуди шаҳри Душанбе дастгир карданд. Намояндагони Додситонии кулли Тоҷикистон гуфтанд, ба зидди ӯ 20-уми ноябр бо гумони "авбошӣ" парванда кушода буданд ва бо сабаби он ки ба бозпурсӣ ҳозир нашуд, маҷбурӣ боздошт карданд.

Мақомот ӯро ба он муттаҳам карданд, ки рӯзи 29-уми октябри соли 2020 бо ҳамсари собиқаш Меҳрнигор Ризоева ва писараш Ҳабибулло Одинаев дар комиссариати ҳарбии шаҳри Ҳисор "тартиботи ҷамъиятиро дағалона вайрон карда, нисбат ба намояндагони ҳокимияти давлатӣ таҳдид, зӯроварӣ ва суханҳои қабеҳро раво дидааст."

Маҳмурод Одинаев он замон иддао дошт, ки баръакс кормандони комиссариати ҳарбӣ писараш Ҳоҷиакбр Одинаевро, ки биноиаш суст аст, зӯран ба артиш ҷалб кардаанд.

Раҳматилло Зойиров, раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон, дар аввал боздошти баҳсбарангези муовинашро барномарезишуда номид, аммо 12-уми декабри соли гузашта дар Фейсбук навишт, ки дастгир шудани Одинаев сабаби "хусусӣ" дошт.

Назари Зойиров ба эълони айби дувум нисбат ба муовини боздоштшудааш дастрас нест. Гузашта аз ин, Маҳмурод Одинаев вакили мудофеи мустақил надорад ва маълум нест, худи ӯ дар ин бора чӣ мавқеъ дорад.

Пайвандонаш мегӯянд, ӯ ҳоло дар боздоштгоҳи рақами яки шаҳри Душанбе аст.

Маҳмурод Одинаев пеш аз боздошт фаъолияти мақомот ва ҳукумати Тоҷикистонро танқид мекард ва моҳи ноябр дар Фейсбук навишт, ки мардумро ба тазоҳурот даъват мекунад.

Ӯ ягона узви баландпояи Ҳизби мухолифи сотсиал-демократ нест, ки дар солҳои ахир боздошт мешавад. Пеш аз ин мақомот Бузургмеҳр Ёров ва Шӯҳрат Қудратов, аз фаъолони ҳизбро боздошт ва ба зиндон маҳкум кардаанд. Ёров ҳанӯз дар зиндон аст, Шӯҳрат Қудратов баъди адои қариб чаҳор соли зиндон озод шуд.

Айни замон Шайхмуслиҳиддин Ризоев, писари Маҳмурод Одинаев дар боздошт аст ва ба авбошӣ муттаҳам мешавад. Писари дигари ӯ, Ҳабибулло Ризоев, низ ба авбошӣ гумонбар аст, аммо бо шарти берун нарафтан аз маҳалли иқомат дар озодӣ аст.

Мухолифон боздошту эълони иттиҳом ба зидди Маҳмурод Одинаев ва писаронашро тарҳрезишуда меноманд ва бештар ба фаъолиятҳои сиёсӣ ва танқидҳои пайвастааш аз кори ҳукумат рабт медиҳанд.

Рӯзи 13-уми январ Созмони Дидбони Ҳуқуқи Башар низ дар гузорише Тоҷикистонро ба "зиндонӣ кардани мунаққидони ҳукумат, аз ҷумла фаъолони мухолифон ва журналистон бо ангезаҳои сиёсӣ" танқид кард. Мақомот ба дурустии кори худ ва сиёсӣ набудани қазияҳо таъкид доранд.

Шарҳҳоро бинед (8)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG