Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Дар авҷи Баҳманмоҳи хунин сактаи дил шуд." Нигоҳе ба кору зиндагии Аҳмад Бобоқулов. АКС


Аҳмад Бобоқулов. Ин аксро духтараш Дилором Бобоқулоа дар ихтиёри Радиои Озодӣ гузошт

Бо гузашти замона калимаи "республика" бо "ҷумҳурӣ" иваз шуд, вале ҳеч нерӯе наметавонад, онро аз суруди машҳури Аҳмад Бобоқулов берун кунад. Садои сарояндаи маъруф калимаро дар таърихи фарҳангу мусиқии Тоҷикистон абадӣ сабт кард.

Аммо на танҳо бо ин тарона, балки бо осори пурборе номи Ҳунарманди шоистаи Иттиҳоди Шӯравӣ Аҳмад Бобоқулов мондагор аст, ки 17-уми январ аҳли фарҳанги Тоҷикистон 90-солагияшро ҷашн мегирад. Ин ҷашн ҳамчунин дар дили онҳое, ки акнун дар гӯшаву канори ҷаҳон ба сар мебааранд, низ баргузор мешавад.

Истеъдоди фавқулодаи Аҳмад Бобоқуловро баъди 30 соли даргузашти ӯ мусиқишиносони имрӯза ҳам арҷ мегузоранд. Оҳангсози насли ҷавони Тоҷикистон, раиси ҷашнвораи ҷаз Ҷасур Халилов ӯро “Садои тиллоии Тоҷикистон” номид, ки ба гуфтааш, “мушкилтарин таронаҳо аз операҳои ҷаҳонӣ, эҷодиёти оҳангсозони миллӣ ва хориҷиро бомуваффақият иҷро мекард ва дар хондани “Шашмақом” ҳам ҳунари волое дошт”.

Халилов мегӯяд, “имрӯз ҳам исми Аҳмад Бобоқулов ба ҳайси ҳунарманди бузург ёд мешавад ва таронаҳояш дар дили мардум ва ҳам мусиқишиносон ҷойгоҳи хосе дорад”.

Амирбек Мӯсоев, раиси Иттифоқи оҳангсозони Тоҷикистон, гуфт, Аҳмад Бобоқулов муассиси мактаби овозхонии академӣ буд. "Нақши баёдмондании дигарашон иҷрои суруди "Республикаи ман", суруди халқии "Чархофалак" ва "Чину чин" аст. Баъд аз иҷрои он кас, ин фикри шахсии ман аст, то ҳол нафаре ба мисли Аҳмад Бобоқулов иҷро накардааст", -- шарҳ дод ӯ.

Мӯсоев мегӯяд, таронаи "Республикаи ман" беш аз 55 сол аст, ки зинда аст ва ин оҳангро танҳо бо номи Аҳмад Бобоқулов мешиносанд.

"Аз беҳтарин тенорҳои Тоҷикистон буданд"

Аҳмад Бобоқулов
Аҳмад Бобоқулов

Оҳангсози маъруф Толиб Шаҳидӣ мегӯяд, Аҳмад Бобоқуловро аз замони ҳамкориҳо бо падараш Зиёдулло Шаҳидӣ хуб ба ёд дорад ва истеъдоди ӯро ба вижагии садояш рабт медиҳад: "Аҳмад Бобоқулов яке аз беҳтарин тенорҳо (қавитарин садои мардона дар овозхонӣ), яъне беҳтарин овозҳои профессионалие буданд, ки мо дар Тоҷикистон доштем. Он кас дар “Шашмақом”, оркестри симфонӣ, оркестри асбобҳои миллӣ бисёр хуб мехонданд... Мешавад гуфт, дар ҳама жанрҳо касбӣ, нотакрор буданд."

Шаҳидӣ гуфт, истеъдоди Аҳмад Бобоқулов ӯро бо ҳунармандони операи Итолиё, “Большой театр”-и Маскав ва саҳнаҳои дигари мӯътабари ҳунарӣ баробар мекард.

“Операи “Комде ва Мадан”-ро дар Маскав иҷро карданд. Ман онҷо будам. Сабт бисёр хуб гузашт. Дар Тоҷикистон дар хонаи падарам Зиёдулло Шаҳидӣ бисёр вақт шоиру нависандаҳо ва овозхонҳо чамъ мешуданд, ҳамкориву суҳбат мекарданд. Боқӣ Раҳимзода, Лоҳутӣ, он кас ҳам меомаданд. Шоҳиди ин ҳама саҳнаҳо будам, бисёр фазои аҷоиб буд, ҳоло такрор шуда наметавонад” - нақл кард ӯ.

Падари сахтгир, вале меҳрубон

Аҳмад Бобоқулов бо ҳамсараш Бахмал ҳафт фарзанд – се писар ва чаҳор духтарро тарбия кардаанд. Бо ин ки аксар фарзандон саводи мусиқӣ гирифтаанд, писарон низомӣ ва табиб ҳастанд, духтарон – омӯзгору корманди гумрук.

Маҳмуд Бобоқулов бо аъзои оилааш
Маҳмуд Бобоқулов бо аъзои оилааш

Маҳмуд Бобоқулов, писари Аҳмад Бобоқулов мегӯяд, бо ин ки мисли падар истеъдоди овозхонӣ дошт ва садояш монанд буд, табиб шуд. Ӯ Донишгоҳи тиббии шаҳри Душанберо бо ихтисоси табиби ҳарбӣ хатм кардааст.

“Солҳои 80-ум буд. Дар Афғонистон ҷанг мерафт ва ман хостам, ки дар ин нуқтаи доғ кор кунам. Ба ҳавзаи низомии Туркистон рафтам ва бо ҳамин дар Тошканд муқимӣ шудам”, -- мегӯяд Маҳмуд Бобоқулов.

Зинаида Мадалиева, ҳамсари Маҳмуд Бобоқулов, дар як хотироташ навиштааст: "Падарарӯсам марди зебое буданд. Мӯи сарашон мисли барф сафед, чеҳраашон хандон буд ва чашмашон як табассуми хос дошт. Бо мошини худ оромона, бо суръати 40 км/соат аз маркази шаҳр мегузаштанд ва ҳамаро дида, салом медоданд. Бо ин ки барояшон эҳтирому арҷгузории мардум муҳим буд, одами мағрур ҳам буданд. Масалан, ҳеч гоҳ ба тӯю маъракаҳо барои пулкоркунӣ намерафтанд. Қадри худро мешинохтанд."

Дилором Бобоқулова, духтари Аҳмад Бобоқулов, ҳам мегӯяд, ба фарқ аз баъзе ҳамкорон, падараш “тӯйгардӣ намекарданд. Медонед, он кас замоне ки раҳбари дастаи “Шашмақом” буданд, ҳар рӯзи душанбе рӯйи мизашон гузориш меомад, ки “фалонӣ фалон вақт дар тӯй буд”. Баъд ҷанг мекарданд”.

“Бобоқулов духтарашро аз пахта озод накард”

Дилором Бобоқулова
Дилором Бобоқулова

Ӯ мегӯяд, падараш интизоми бисёр сахт дошт, сигор намекашиду шароб наменӯшид ва садояшро эҳтиёт мекард. Дилором Бобоқулова ҳоло сокини Амрико аст. Ӯ Донишкадаи санъати Тоҷикистонро бо ихтисоси консертмейстер (пианинонавоз) ва омӯзгори мусиқӣ хатм кардааст ва дар имтиҳони дипломиаш барои падараш навозандагӣ кардааст. Мегӯяд, падараш он вақт гуфта буд, “ҳеч гоҳ мисли имрӯз ҳаяҷонзада нашудаам”.

Бобоқулова мегӯяд, бо ин ки падараш як шахси замонавиву рӯшанфикр буд, дар масъалаи ҳунармандии духтарону наздикон дидгоҳи муҳофизакорона дошт ва назараш ин буд, ки “ҷойи зан дар хона аст”.

Ӯ мегӯяд: “Аз муҳити кори артистҳо, ки огоҳ буданд, нахостанд, дар чунин фазо кор кунам. Умуман, бисёр ғамхор буданд. Ман он касро “ронандаи шахсии худ” меномидам, чунки ҳамеша талош мекарданд, маро то мактаб, ё донишгоҳ ва ҳатто баъди издивоҷам худашон шахсан бо мошин ба мактабу ҷойи кор мерасониданд. Як хотираи дигар дорам. Он солҳо медонед, донишҷӯёнро ба пахта мебурданд. Он вақт бисёр ҳамсабақонам мегуфтанд: “Эҳе, ту духтари Бобоқулов ҳастию падарат аз пахта озод накард?” Он кас чунин корро намекарданд. Мегуфтанд, “Шумо аз дигарон кам нестед”.

Чаро ҳунарманди “Болшой театр” нашуд?

Дилором Бобоқулова мегӯяд, падараш дар Консерваторияи бонуфузи Маскав аъло мехонду стипендияи сталинӣ мегирифт, вале боз ҳам барои таъмини оила пул камӣ мекард ва шабона ҳамроҳ бо ҳамсабақон ба анборҳо рафта, картошкаву маҳсулоти дигари кишоварзиро бор мекарданд. Аз ин ҳисоб каме пул ба даст оварда, барои таъмини оилааш сарф мекард.

Бо ин ки имкони кор дар театри калонтарини операву балети Иттиҳоди Шӯравӣ - “Болшой театр”-ро дошт, ба хотири қади начандон баландаш қабул нашудааст. Ӯ мегӯяд, барои кор дар ин театр қадубаст ҳам муҳим буд. Баъди ин театри Тошканд даъват кард, вале ӯ ба Душанбе рафт.

Аксҳои бештарро дар инҷо бинед:

Унвони “Артисти мардумии Иттиҳоди Шӯравӣ”-ро чӣ гуна доданд?

Дилором як саҳнаи дигарро аз унвонгирии падар ёдовар шуд. Мегӯяд, соли 1971 Алексей Касигин, раиси Шӯрои вазирони Иттиҳоди Шӯравӣ бо ҳайати калони ҳукуматӣ аз Маскав ба Тоҷикистон рафт ва баъди ду консерти калон, қарор буд, дар консерти сеюм ҳам падараш ҳунарнамоӣ кунад.

“Касигин дар назди вазири фарҳанг Меҳрубон Назаров нишаста буд ва пеш аз ҳунарнамоии падарам аз ӯ пурсид, ки “чӣ унвон дорад?” Назаров гуфт, “хизматнишондода аст”. “Бигӯед, ҳамчун Артисти мардумии Иттиҳоди Шӯравӣ муаррифӣ кунанд”. Ҳамин тавр шуд. Падарам инро шунида, худро гум кард. Нафаҳмид, ки чаро чунин шуд, вале баъд сурудашро хонд ва ҳама ӯро бо унвони нав табрик карданд”.

Ҳунарнамоии охирин дар саҳнаи Кохи Борбад

Дилором Бобоқулова мегӯяд, зиндагии волидонаш бисёр хуш гузашт, аммо модараш Бахмал Бобоқулова бар асари беморӣ соли 1980 аз дунё даргузашт ва ин талафот ба саломатии падар бетаъсир намоянд. Ба гуфтаи Дилором, дар авҷи Баҳманмоҳи хунин падараш дар саҳна, ҳангоми ҳунарнамоӣ сактаи қалбӣ шуд.

“Табибон ба ӯ гуфтанд, ки ба ҳеч сурат баъди ин набояд овозхонӣ кунад, чунки ба дилаш таъсири бад мерасонад. Вале бисёр мехост, бихонад. Дар Кохи Борбад як консерти калон буд. Ҳама метарсиданд. Ду шогирдашон – Асадулло Атовуллоев ва Бурҳон Муҳаммадқулов аз ду канорашон истода, ба саҳна баромаданд. Ӯ сурудашро хонд”.

Чанде баъд дуюмбора сактаи қалбӣ шуд ва чаҳор рӯз баъд дар як беморхонаи Душанбе ба худ наомада, даргузашт. Дили Аҳмад Бобоқулов 24-уми майи соли 1990 аз тапидан монд.

Зиндагинома:

Аҳмад Бобоқулов, фарзанди овозхони маъруфи давр Бобоқул Файзуллоев, 17-уми январи соли 1931 дар ноҳияи Ғиждувони вилояти Бухорои Узбекистон таваллуд шуда, Консерваторияи давлатии Маскав ба номи П.И.Чайковскийро хатм кардааст. Корманди Театри опера ва балети ба номи Садриддин Айнии шаҳри Душанбе, Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода ва телевизиону радио буд. Дар операҳои “Комде ва Мадан”-и Зиёдулло Шаҳидӣ, “Тоска”-и Ҷ.Пуччини, “Рӯдакӣ” ва “Айнӣ”-и Шарофиддин Сайфиддинов ва дигарон нақши асосиро иҷро кардааст.

Шарҳҳоро бинед (10)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG