Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мусобиқоти қаҳрамонии Осиё миёни наврасону ҷавонон ва оид ба футзал лағв шуд


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Конфедератсияи футболи Осиё (AFC) тасмим гирифт, ки имсол мусобиқоти қаҳрамонии Осиё миёни наврасон (U-16) ва ҷавонон (U-19), инчунин қаҳрамонии қора оид ба футзалро лағв намояд. Дар ин бора сомонаи расмии Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар додааст.

Ба иттилои манбаъ, бо дарназардошти номуайянӣ ва хавфҳои марбут ба пандемияи COVID-19, инчунин ҳифзи саломатӣ ва амнияти иштироккунандагони мусобиқот, Конфедератсияи футболи Осиё тасмим гирифт, ки мусобиқоти қаҳрамонии Осиё байни наврасон (U-16) ва ҷавонон (U-19) дар соли 2021-ро бекор кунад.

Баҳрайн ва Узбекистон ҳуқуқи мизбонии қисмҳои ниҳоии Ҷоми Осиёро байни наврасон (U-17) ва ҷавонон (U-20) дар соли 2023 ҳифз кардаанд.

Конфедератсияи футболи Осиё, инчунин қаҳрамонии футзали Осиёро, ки мебоист аз 23-юми март то 3-юми апрели соли равон дар Кувайт баргузор мешуд, бекор кард. Тибқи қарори AFC, Кувайт ҳаққи баргузории 16-умин Ҷоми футзали Осиё дар соли 2022-ро, ки мунтахаби Тоҷикистон дар он ширкат хоҳад кард, нигоҳ дошт.

Ҳамчунин қаҳрамонии Осиё-2021 оид ба футболи соҳилӣ, ки имсол дар Тайланд ба нақша гирифта шуда буд, соли 2023 дар Бангкок доир мегардад.

Зимнан, қаблан Федератсияи байналмилалии футбол (FIFA) дар сомонаи расмии худ хабар дода буд, ки мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон миёни ҷавонон (то 20-сола) ва наврасон (то 17-сола), ки соли 2021 ба нақша гирифта шуда буд, лағв гаштанд.

Индонезия ва Перу, ки мебоист соли 2021 ин мусобиқаҳоро мизбонӣ мекарданд, ҳуқуқи гузаронидани мусобиқоти ояндаро дар соли 2023 нигаҳ медоранд.

Бекор намудани мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон миёни ҷавонон ва наврасон ба таъсири пандемияи коронавирус бастагӣ дорад. Тасмим дар асоси машаварат бо ҳамаи ҷонибҳои ҳавасманд ва мизбонони мусобиқот гирифта шуд.

XS
SM
MD
LG