Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазорати молия гуфт, Тоҷикистон аз имтиёзи G20 истифода кард, аммо қарзи хориҷиашро медиҳад


Бинои Вазорати молияи Тоҷикистон

Вазорати молияи Тоҷикистон дархости танаффусро дар пардохти қарзи хориҷии кишвар тасдиқ кард, аммо дар айни замон гуфт, "ин ба маънои аз даст додани пардохтпазирӣ нест". Намояндагони вазорат дар баёнияе гуфтанд, ҳадаф ҷудо кардани пули бештар барои муқобила бо бемории COVID-19 дар Тоҷикистон аст.

Бонки Ҷаҳонӣ моҳи декабри соли 2020 дар гузориши муфассале гуфт, Тоҷикистон дар доираи иқдоми 20 кишвари бузурги саноатии ҷаҳон ё G20 дар пардохти қарзи берунӣ то нимаи имсол танаффус хостааст. Ин хабар дар сомонаву шабакаҳои иҷтимоӣ корбарони зиёдро нигарон кард, ки эҳтимол кишвар дар баргардондани қарз дасткӯтоҳ мондааст.

"Ҳадаф озод шудан аз сарбории қарз нест"

Вазорати молияи Тоҷикистон мегӯяд, кишвар тавони пардохти қарзи хориҷиро дорад, аммо ҳадаф аз пайваст шудан ба ташаббуси гуруҳи G20 ҷудо кардани маблағи бештар ба соҳаи тандурустӣ аст.

Дар Русия ва кишварҳои дигар ҳаракатҳои мардумӣ ҳаст. Мо ҳам бояд ин чизро аз ҳисоби одамони бовиҷдон ва ҳалолкор ташкил кунем. Ҷомеа бояд донад, ки қарзҳо дар куҷо сарф шуданд.
Нуриддин Қаюмов

Баъд аз паҳншавии бемории коронавирус, 20 кишвари бузурги саноатии ҷаҳон тарҳеро рӯйи даст гирифтанд, ки бар асоси он ба кишварҳои рӯ ба рушд имтиёз медиҳанд, то пардохти қарз ва фоизҳои онро ба таъхир андозанд. Тоҷикистон низ ба гуруҳи кишварҳои рӯ ба рушд дохил мешавад ва масъулони Вазорати молия гуфтанд, онҳо танҳо аз ин имкон истифода бурдаанд.

"Ҳадафи асосии пайваст шудани Тоҷикистон ба ин ташаббус кам кардани таъсири буҳрон тавассути мутамарказ кардани хароҷоти давлатӣ барои мубориза бо COVID-19 мебошад. На озод шудан аз сарбории қарз бинобар вазъи молиявии кишвар, тавре дар мақолаҳои нашршуда зикр мешавад. Ба ин минвол, маблағҳое, ки аз пардохти қарзи хориҷӣ озод шуданд, ба маблағгузории бахши тандурустӣ изофа карда шуданд", -- гуфта шудаст дар баёнияи Вазорати молия.

Аммо масъулони вазорат нагуфтаанд, аз ҳисоби ба таъхир гузоштани қарзи хориҷӣ чӣ қадар маблағ ба бахши тандурустӣ илова шудааст. Онҳо танҳо ишора кардаанд, ки то ин дам бо "Эксимбонк"-и Чин, Фонди Кувайтии Рушд ва Бонки Олмонии Рушд барои ба таъхир гузоштани қарз тавофуқ ҳосил шудааст.

Масъулони Вазорати молия дар баёнияи худ чанд дафъа таъкид кардаанд, ки кишвар дар пардохти қарзи хориҷӣ ҳеч мушкил надорад, ҳарчанд мақомот, аз ҷумла Давлаталӣ Саид, муовини аввали сарвазир дар соли гузашта гуфта буданд, пандемия иқтисоди Тоҷикистонро дар ҳолати "форс мажор" қарор дод ва кишвар ба ёрӣ ниёз дорад.

Нуриддин Қаюмов, таҳлилгари тоҷик, мегӯяд, дархости Тоҷикистон барои танаффус дар пардохти қарзи берунӣ, "аз ноилоҷӣ" аст, чун ба бовари ӯ, пандемия вазъи иқтисодии Тоҷикистонро вазнин кард. Ӯ афзуд, ҳеч кафолате нест, ки дар нимаи дувуми соли 2021 кишвар тавонад дубора ба пардохти қарзаш идома диҳад, “чун ҳоло дар бисёр мамлакатҳо буҳрон идома дорад.”

“Ҷомеа бояд донад, ки пулҳо дар куҷо сарф шудаанд”

Тибқи иттилои Вазорати молия, қарзи берунии Тоҷикистон то 1-уми октябри соли 2020 ба 3 миллиарду 163,2 миллион доллар расидааст, ки он ба 36,9 дарсади Маҷмӯи Маҳсулоти Дохилӣ (ВВП)-и кишвар баробар аст.

Нуриддин Қаюмов, таҳлилгари масоили иқтисодӣ, мегӯяд, гирифтани қарз дар ҷаҳони муосир як чизи табиӣ аст, аммо чӣ гуна харҷ шудани маблағҳо муҳим аст. Ба таъкиди коршинос, ҷомеа бояд бидонад, ки пулҳо дар куҷо сарф мешаванд.

"Дар Русия ва кишварҳои дигар барои назорати ин кор, ҳаракатҳои мардумӣ ҳаст. Мо ҳам бояд ин чизро аз ҳисоби одамони бовиҷдон ва ҳалолкор ташкил кунем. Ҷомеа бояд донад, ки ин қарзҳо дар куҷо сарф шуданд", -- гуфт мусоҳиби мо.

Мақомот пештар гуфтаанд, қарзҳои хориҷӣ барои сохтмони роҳҳову нақбҳо ва бунёди корхонаву нирӯгоҳҳо истифода шудаанд.

Ҳанӯз маълум нест, Тоҷикистон соли 2021 дар пардохти қарзи хориҷӣ ба чӣ чолишҳое рӯ ба рӯ мешавад. Вале бар иловаи қарзи феълӣ, Тоҷикистон ният дорад, имсол танҳо барои идомаи сохтмони нерӯгоҳи "Роғун" 340 миллион евро қарз гирад. Чин, Бонки Ҷаҳонӣ, Бонки Осиёии Рушд ва Русия аз қарздиҳандаҳои асосӣ ба Тоҷикистон ба шумор мераванд.

Қарзи хориҷии Тоҷикистон то 1-уми апрели 2020

"Эксимбонк"-и Чин

1 миллиарду 138 миллиону 30 ҳазор доллар

Вомбаргҳо (евробондҳо)

500 миллион доллар

Бонки Ҷаҳонӣ

329,50 миллион доллар
Бонки Осиёии Рушд270,71 миллион доллар
Бонки Исломии Рушд136,76 миллион доллар
Фонди Саудии Рушд78,91 миллион доллар

Фонди зиддибуҳронии Иттиҳоди Иқтисодии АвруОсиё

69 миллион доллар
Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд56,58 миллион доллар
Фонди ОПЕК40,52 миллион доллар
Фонди Кувайтии Рушд36,77 миллион доллар
Бонки Осиёии Инфрасохтор27,18 миллион доллар
Фаронса21,91 миллион доллар
Бонки Аврупоии Сармоягузорӣ19,21 миллион доллар
Бонки Олмонии Рушд18,73 миллион доллар
Фонди Абузабии Рушд9,71 миллион доллар
Фонди Байналмилалии Рушди кишоварзӣ6,72 миллион доллар

Амрико

3,52 миллион доллар
Қарзи ҷалбкардаи Бонки Миллии Тоҷикистон:

Сандуқи Байналмилалии Пул

28,49 миллион доллар
Чин3 миллион доллар

Бонки Исломии Рушд

2,54 миллион доллар
Қарзҳое, ки вазорату идораҳои Тоҷикистон гирифтаанд:

Қарзҳо бо кафолати давлатӣ

79,80 миллион доллар

Қарзҳо бе кафолати давлатӣ

31,52 миллион доллар

*Рӯйхат бар асоси маълумоти Вазорати молияи Тоҷикистон таҳия шудааст.

Шарҳҳоро бинед (7)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG