Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти майори милиса баъд аз садамаи маргбор дар Душанбе. Нақли мақомот ва шоҳидон. ВИДЕО


Акс аз бойгонист
Акс аз бойгонист

Султонҷон Султонов, сардори шуъбаи кофтукоби ҷиноии Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияи Варзобро, ки дар садамаи шаби 11‑уми феврал гумонбар дониста мешавад, дастгир кардаанд.

Мақомоти вазорат рӯзи 12-уми феврал дар баёнияи расмӣ гуфтанд, Султонов 32-сола ва майори милиса аст. Додситонии кулли Тоҷикистон нисбат ба ӯ бар асоси моддаи 212 (қисми 3)-и Кодекси ҷиноӣ парванда кушодааст.

Шаби 11‑уми феврал дар наздикии корхонаи сементи Душанбе мошини "Тойота-Авалон", ки Султонҷон Султонов савори он будааст, бо мошини "Опел" бархӯрдааст. Ронанда ва ду мусофири мошини "Опел" ба ҳалокат расида, як нафари дигар дар ҳолати вазнин дар бемористон қарор дорад.

Як манбаъ дар Вазорати корҳои дохилӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, Султонҷон Султонов аз мақомаш барканор шудааст.

Вазорат дар шарҳи расмӣ гуфт, "ронандаи "Тойота-Авалон" дар назди парки нигаҳдории воситаҳои нақлиёти қисми ҳарбии 3502-и Қӯшунҳои дохилии ВКВД, бинобар баланд будани суръати ҳаракат, ба тарафи муқобили ҳаракати роҳ баромада, ба мошини "Опел" бармехӯрад."

Ба иттилои ВКД, дар натиҷа ронанда Аъзамҷон Солиев ва мусофираш Анвар Расулов, ки ҳар ду сокини ноҳияи Варзоб будаанд, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расида, Муҳаммадҷон Боев ва Абдураҳмон Меликов -- ду мусофири дигари "Опел" бо ҷароҳатҳо ба бемористон интиқол ёфтанд. Дертар Боев дар бемористон фавтидааст.

Рӯзи 12-уми феврал хабарнигорони Радиои Озодӣ ба ҷои ҳодиса рафтанд ва дар он ҷо осори садамаи маргборро мушоҳида карданд. Бо вуҷуди тоза кардани қитъаи роҳ, шишапораҳо ва осори чархҳои мошин, ки роҳро сиёҳ кардааст, намудор буд. Чанд метр дуртар аз макони ҳодиса нозирони БДА, ки ҳаракати мошинҳоро назорат мекарданд, нахостанд дар бораи ин садама сӯҳбат кунанд.

Бархе шоҳидони ҳодиса дар сӯҳбатҳои бидуни микрафон ба мо гуфтанд, ки пас аз соати 12-и шаби гузашта бо шунидани садои баланд ба берун баромаданд. Яке аз мусоҳибон бидуни зикри номаш афзуд, ки "садои баланд шуд, фикр кардем аз корхонаи семент аст, аммо дидем мошинҳои зиёд ҷамъ шудааст, мо рафтем, ки аз мошин мусофиронро берун мебароранд".

Гузориши видеоиро дар инҷо бинед:

Боздошти майори милиса баъди садамаи маргбор дар Душанбе
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:09 0:00

Ҳамсӯҳбатони Радиои Озодӣ мегӯянд, ҳафтаи гузашта низ бо иштироки як мақоми Вазорати корҳои дохилӣ дар ҳудуди ноҳияи Варзоб садамаи нақлиётӣ рух дода буд.

Ба қавли манбаи Радиои Озодӣ, Беҳрӯз Саидзода, муовини сардори шуъбачаи кофтукоби ҷиноии ШВКД‑и шаҳри Бохтар, подполковники милиса се пиёдагардро пахш карда, мошинаш ба канори роҳ барӯрдааст. Дар натиҷаи ин садама корманди милиса ва се пиёдагард ба ҳалокат расида, як нафар маҷруҳ шудааст.

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ин ҳодисаро тасдиқ ва ё рад накардааст.

Садамаҳои нақлиётӣ дар роҳҳои Тоҷикистон, бахусус бо иштироки мақомодорон ё фарзандони онҳо ҳамеша пурсару садо ҳастанд.

Дар миёни маъмултарин қонуншиканиҳо – ҳаракат бо суръати баланд, риоя нашудани қоидаи ронандагӣ, мастӣ ва надоштани ҳуҷҷати ронандагӣ номбар мешаванд.

Моҳи октябри соли гузашта Баҳром Азаматов, масъули бахши тақсими рақамҳои давлатӣ барои воситаҳои нақлиёт дар вилояти Суғд, ки дар як садамаи маргбор гунаҳкор дониста мешуд, аз мақомаш барканор шуд.

Дар садамаи дигари нақлиётӣ бо ширкати Ислом Анварзода, муовини пешини додситонии ноҳияи Фирдавсӣ, овозхони шинохта Баҳром Ғафурӣ ба ҳалокат расида буд.

  • Акси 16x9

    Радиои Озодӣ

    Радиои Озодӣ ахбореро нашр ва масъалаҳоеро инъикос мекунад, ки дар расонаҳои давлатии Тоҷикистон намебинед ва ё расонаҳои дигар аз инъикоси онҳо худдорӣ меварзанд. Мо ба мардум хабарҳои саривақтӣ ва санҷидашударо мерасонем ва гузоришҳои таҳлилӣ, мусоҳибаҳои ҷолибро бо сиёсатмадорон ва афроди хабарсоз пешкаш мекунем.

XS
SM
MD
LG