Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мақомот шарҳ доданд, ки садои "тарснок" дар Душанбе аз куҷо буд. САДО


Шаҳри Душанбе, шоми 13-уми феврал

Шоми 13-уми феврал дар шаҳри Душанбе садои баланди гӯшхароше сокинонро нигарон кард. Баъзе аз онҳо аз хонаҳои худ ба берун баромада, иддае дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз якдигар дар бораи чӣ будани ҳодиса пурсиданд.

Ба тамосҳои мо дар идораи пулис гуфтанд, "дар пойтахт оромӣ аст", ҳарчанд тасдиқ карданд, ки онҳо низ садои баландро шуниданд.

Умеда Юсуфӣ, сухангӯйи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон, дар тамоси телефонӣ ҳодисаро чунин шарҳ дод: "Дар ТЭЦ (Маркази барқу гармидиҳӣ), дар наздикии маҳаллаи Сирк, дар қубуре, ки об гарм мекунад, фишор (ҳаво)-и зиёдатӣ ҳаст. Барои онки таркиш нашавад, онро мебароранд. Дар давраи Шӯравӣ ҳам ин таҷриба буд. Системаи гармидиҳӣ кор мекунад, бояд аз садамаҳо пешгирӣ кунанд ва фишорро мебароранд. Ҷойи нигаронӣ нест, ягон садама нашудааст ва як таҷрибаи маъмулӣ аст."

Садоро дар инҷо бишнавед:

Шарҳи Умеда Юсуфӣ, сухангӯи Кумитаи ҳолатҳои фавқулода
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:00:53 0:00
Линки мустақим

Чанде аз корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ норозигӣ кардаанд, ки агар кори маъмулӣ аст, чаро онро на рӯзона, балки шабона карданд ва мардумро нигарон сохтанд.

Бархе аз сокинони Душанбе гуфтанд, садо ба парвози ҳамзамони чандин чархбол ё ҳавопаймо монанд буд, бархеи дигар ишора карданд, ки дар пасманзари хабари заминҷунбӣ ин садои ғайриодӣ онҳоро ба изтироб овард.

Маркази барқу гармидиҳии Душанберо соли 1957 бо ҳадафи таъмини корхонаи нассоҷӣ (Текстил) бо барқу гармӣ сохтаанд. Дар пойтахт Маркази барқу гармидиҳии Душанбе-2 низ фаъол аст, ки бо сармояи Чин сохта шудааст.

Шарҳҳоро бинед (3)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG