Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

“Ш”-и думчадор чист? Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ дигар карда мешаванд


Акс аз нишасти матбуотии Кумитаи забон ва истилоҳоти Тоҷикистон. Душанбе, 17-уми феврали соли 2021.

То охири феврал дар Тоҷикистон қоидаҳои нави имлои забони тоҷикӣ ҷорӣ мешаванд.

Дар сӣ соли охир бори чаҳорум аст, ки қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ иваз мешаванд, ки ба гуфтаи коршиносон, сабаби душвориҳои зиёд дар навиштор ва баён гаштааст.

Тарҳи тағйири имло, тавре Олимҷон Муҳаммадҷонзода, раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти Тоҷикистон дар нишасти хабарии 17-уми феврал ишора кард, 108 тағйирро дар бар мегирад. Ӯ афзуд, ки бештари дигаргуниҳо ба корбурди аломатҳои навишт ва ивазкунандаҳои ҳарфҳое дахл доранд, ки аз алифбои тоҷикӣ берун карда шудаанд.

ҶОЙИ “Ц” ВА “Щ”‑РО КАДОМ ҲАРФ МЕГИРАД?

Раҳим Зулфониён, сардори шӯъбаи танзими истилоҳот дар Кумитаи забон ва истилоҳоти Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфт, ки бори охир қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ соли 1998 бознигарӣ шуда буд.

Ӯ гуфт, ин бор ҳадаф доранд, қоидаҳои навро ба шакле таҳрир кунанд, ки “ба мардум садсолаҳо хидмат кунад ва на ҳар даҳ сол он тағйир дода шавад”.

“Мисоли оддӣ, ҳоло аз бачаҳо навиштани “чойи кабуд”-ро дархост кунем, наметавонанд онро ба шакли дуруст нависанд. Чандин пешниҳодҳо вобаста ба ҳарфҳои иқтибосӣ марбут аст, ки ҳоло дар тарзи навишти номҳо ва тарҷумаи асарҳо мушкил пеш меорад. Аз ҷумла, тибқи тағйироти нав тарзи дурусти истифода аз ҳарфи “ц” ва “щ” дар ҳолатҳои мухталиф муайян карда шудааст”,‑‑гуфт ӯ.

Масъулони Кумитаи забон ва истилоҳоти Тоҷикистон аз шарҳи бештари тарҳи нав худдорӣ карда, гуфтанд, ки баъд аз тасвиби он нишасти вижаи хабарӣ баргузор карда, ҳамаи дигаргуниҳоро шарҳ хоҳанд дод.

Раҳим Зулфониён гуфт, ки баъд аз қабули қоидаҳои нави имло бештаре аз китобҳои дарсӣ аз нав нашр мешаванд ва таблиғи густардаи қоидаҳои нав дар расонаҳо ва муассисаҳои давлатӣ сурат мегирад.

Барои чопи дубораи китобҳои дарсӣ дар буҷаи давлатӣ маблағҳои зарурӣ пешбинӣ мешавад.

“АЗ ТАҒЙИРИ ИМЛО РАҲГУМ ЗАДАЕМ”

Устодони забони тоҷикӣ дар мактабҳои миёнаи кишвар мегӯянд, аз тағйири пайдарпайи имло дар тарзи дурусти омӯзиш раҳгум мезананд. Ба гуфтаи Шарофат Рашидова, устоди забон ва адабиёти тоҷик дар яке аз мактабҳои шаҳри Душанбе, шогирдон намедонанд, ки кадом тарзи навишт дуруст аст ва кадоме хатост. Зеро, ба гуфтаи вай, дар фазои хонаводагӣ онҳо умдатан ба лаҳҷа ҳарф мезананд ва қоидаҳои имло дар он риоя намешаванд.

Шоҳҷамшед Умарӣ, ҳунарманд
Шоҳҷамшед Умарӣ, ҳунарманд

Шоҳҷамшед Умарӣ, коргардони синамои тоҷик дар шарҳи ин мавзӯъ ба Радиои Озодӣ гуфт, аз чандин ислоҳи имлои забони тоҷикӣ ду нуктаро дар ёд дорад.

“Чанд даъфа имлоро ислоҳ карданд. Вале ман танҳо ҳамон нуктаеро медонам, ки дигар дар забони мо ҳарфҳои “ц”, “щ” ва “ь” нестанд. Дигар аз ин тағйиротҳо чизеро намедонам. Ҳамчунин намедонам, ки ин айби ман аст ё айби мақомот, ки баъд аз ислоҳи имло онро то ба ман нарасониданд. Хушам меояд, ки имлои моро аз садоҳои барои забони тоҷикӣ бегона озод карданд, аммо тағйиротҳои пайдарпай барои мардум натиҷаҳои хуб намеоранд”, ‑‑гуфт коргардони тоҷик.

НОФАҲМИҲО ДАР ИСТИФОДАИ "У" ВА "Ӯ"

Қаблан Абдунабӣ Сатторзода, ходими илмии Пажӯҳишгоҳи забон ва адабиёти тоҷик дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон изҳор дошта буд, ки агар тағйири имлои забони тоҷикӣ ба шакли пешниҳодшуда тасвиб шавад, ба рушди забони давлатӣ мусоидат нахоҳад кард. Ба гуфтаи ин донишманди тоҷик, дар тарҳи нави қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ҳамчунон нофаҳмиҳо дар истифодаи садонокҳои "у", "ӯ", "ӣ" ва ҳарфҳои "ц" ва "ь", ки солҳо пеш аз алифбои тоҷикӣ бароварда шудаанд, боқӣ мондааст.

Абдунабӣ Сатторзода
Абдунабӣ Сатторзода

Соҳибназарон ҳамчунин изҳор доранд, ки ҳудуди як миллион аз шаҳрвандони тоҷик дар муҳоҷирати корӣ дар кишварҳои хориҷӣ ҳастанд ва тағйири имлои забони тоҷикӣ дар саводнокии онҳо бетаъсир мемонад. Марзия Сулаймонӣ, адиби тоҷик, ки соли гузашта барои иқомати доимӣ ба шаҳри Ярославли Русия кӯч бастааст, мегӯяд, ки муҳоҷирон аз ислоҳи имлои забони тоҷикӣ комилан бехабар мемонанд.

Ӯ гуфт: “Фарзандони муҳоҷирон дар Русия дар мактабҳои русӣ таҳсил мекунанд. Дар хонавода ҳамаи онҳо танҳо ба забони лаҳҷа ҳарф мезананд. Вале, вақте ба Тоҷикистон баргаштанд, дар гуфтугӯ ва навишт қоидаҳои нави имлои забони тоҷикӣ барояшон мушкил эҷод мекунад. Зеро, онҳо аз ин ислоҳҳо аслан хабаре надоранд”.

Забони тоҷикӣ дар пайи пойфишориҳои бардавоми зиёиёни тоҷик 22-юми июли соли 1989 мақоми давлатӣ гирифта буд. Дар ин муддат қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ду бор таҳрир хӯрд. Охирин қоидаи имлои забони тоҷикӣ соли 2011 аз ҷониби ҳукумати Тоҷикистон тасдиқ шуд. Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон, 4-уми октябри соли 2019 дар маросиме ба ифтихори Рӯзи забон дар Тоҷикистон аз бесарусомонӣ ва дӯхурагиҳои ҷиддӣ дар имлои забони тоҷикӣ интиқод кард ва гуфт, қоидаи имло танҳо барои олимон нест ва барои саводнок кардани мардум бояд ба ҳамаи қишр фаҳмо бошад.

БОЗГАШТ БА ХАТИ ФОРСӢ РОҲИ НАҶОТ?

Дорюши Раҷабиён, муассиси гурӯҳи “Забони порсӣ” дар шабакаи Фейсбук, ки ҷонибдори бозгашти тоҷикон ба хатти форсӣ аст, мегӯяд, ки “забони тоҷикӣ ба ҳадде гирифтори мушкилҳое шудааст, ки бидуни гузариш ба хатти форсӣ ислоҳи ин вазъ ғайримумкин аст”.

Дориюш Раҷабиён
Дориюш Раҷабиён

Ба эътиқоди Раҷабиён, “ҳеҷ яке аз талошҳои Кумитаи забон ва истилоҳоти Тоҷикистон барои дарбеҳи ин забон муваффақ нахоҳад буд, зеро бунёди ин забон хати форсӣ аст”.

Умед Ҷайҳонӣ, забоншиноси тоҷик мегӯяд, ки “дар кул вазъи забони тоҷикӣ бисёр хароб аст ва ниёз ба ислоҳ дорад”. Вай мӯътақид аст, ки “ин масъаларо танҳо давлат бо ниҳодҳои илмиву пажӯҳишияш метавонад ҳал кунад”.

Вале кормандони расонаҳои ахбори ом мегӯянд, пайравӣ аз дигаргуниҳои имло ва куллан ислоҳоте, ки забони тоҷикӣ солҳои охир дастхуши он шудааст, ҳолатеро пеш овард, ки бахши умдае аз муштариёни ин расонаҳо дигар ба ин забон матлаб хондан намехоҳанд ва пойфишорӣ мекунанд, ки расона матлабҳояшро ба забони русӣ нашр кунад, чун барояшон фаҳмотар аст.

“Ислоҳот”, навишти гуногуни расонаҳо, бартарӣ ёфтани лаҳҷа ба забони адабии меъёр дар расонаҳои ахбори ом ҳамзамон бо паст рафтани сатҳи омӯзиш дар мактабу донишгоҳҳо ҳолатеро пеш овардааст, ки соҳибони забон аз забони модарии худ изҳори дилсардӣ мекунанд.

Шарҳҳоро бинед (60)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG