Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раиси ҲНИТ изҳороти Кумитаи амнияти миллии Афғонистонро рад кард


Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари Паймони Миллии Тоҷикистон ва раиси ҲНИТ.

Мақомоти амниятии Афғонистон аз ҳузури 6 то 10 ҳазор ҷангҷӯи хориҷӣ дар ин кишвар хабар дода, гуфтаанд, ки дар миёни онҳо афроди Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон низ ҳастанд. Ин бори аввал аст, ки мақомоти баландпоя дар Кобул ба таври расмӣ аз ҳузури афроди ин ҳизби ҳамакнун фаъолияташ мамнуъ дар Тоҷикистон дар хоки ин кишвар, сӯҳбат мекунанд. Масъулини ҲНИТ, ки дар берун аз кишвар ба сар мебаранд, ин гуфтаҳои мақомоти афғонро рад карданд.

Аҳмадзиё Сироҷ, раҳбари Раёсати умумии амнияти миллии Афғонистон, ки рӯзи панҷшанбеи 18-уми феврал оид ба натиҷаҳои "Конфронcи минтақаии мубориза алайҳи терроризм" сухан мегуфт, дар баробари Ҳаракати исломии Узбекистон (ҲИӮ), "Ансоруллоҳ"-и Тоҷикистон ва Ҳаракати исломии Туркистони шарқӣ (ҲИТШ), аз Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) низ ном бурд. Ӯ гуфт, ки ҳадафи ин гурӯҳҳо кашонидани доманаи ҷанг ба кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Туркистони шарқӣ (Чин) аст. Ба гуфтаи ӯ, афроди ин гурӯҳҳо асосан дар шимоли Афғонистон ҷойгир ҳастанд

Аъзои Ҳизби дар Тоҷикистон мамнуи Наҳзати Исломӣ, ки дар хориҷ аз кишвар қарор доранд, гуфтаи мақомдорони Афғонистонро рад карда мегӯянд, ҳизб дар ҳеҷ кишвари ҷаҳон, аз ҷумла дар Афғонистон нерӯи мусаллаҳ надорад.

Муҳиддин Кабирӣ раиси ҲНИ рӯзи 19-уми феврал гуфт, Ҳизби Наҳзати Исломӣ ҳеч гуна бахши низомӣ аз ҷумла дар Афғонистон надорад. "Ин баёнияи мақомоти Афғонистон махсус аст. Вақтҳои ахир намояндагони мақомоти амниятии Тоҷикистон ба Афғонистон сафар мекунанд ва бар пояи ин гуфтумон номи ҲНИ дар қатори ҳизбу гуруҳҳои террористӣ дар ин кишвар зикр шудааст",-гуфт Кабирӣ.

Бобоҷон Қаюмов, сухангӯи ҲНИТ ин изҳороти Аҳмадзиё Сироҷро "ғайримасъулона ва дур аз воқеият" хонд. Ӯ бо нашрия баёния дар сафҳаи "Фейсбук" навишт, "ҲНИТ ҳеч гуна неруи низомие на дар Афғонистон ва на дар ягон кишвари ҷаҳон надорад ва муборизаи худро барои барқарории ҳукумати демократӣ, озод ва қонунмеҳвар дар кишвар бо роҳҳои мусолиматомез ва бидуни хушунат идома хоҳад дод".

Дар солҳои 1992-97 Наҳзати Исломии Тоҷикистон (баъдан Иттиҳоди Неруҳои Оппозисюни Тоҷик), ки ҲНИТ бахши он буд, дар Афғонистон пойгоҳ дошт, аммо пас аз қарордоди сулҳ бо ҳукумат онро барҳам дод. Ҳамчунин дар оғози солҳои 2000-ум талошҳои ҲИӮ ва ҲИТШ ба ноором кардани вазъ дар давлатҳои Осиёи Марказӣ бо истифода аз қаламрави Афғонистон ба қайд гирифта шудааст, вале солҳои охир нишонаҳои чунин амалкард дар минтақа ба назар нарасидаанд, ҳарчанд мақомоти амниятии Русия ва Тоҷикистон борҳо аз чунин эҳтимол ҳушдор додаанд.

ҲНИТ то соли 2015 як ҳизби порлумонӣ низ буд ва аз сӯи доираҳои коршиносӣ ба сифати рақиби асосии ҳукумат дониста мешуд. Соли 2015 ҳукумат ин ҳизбро ба иттиҳоми даст доштан дар ошӯби генерал Абдуҳалим Назарзода, созмони террористӣ эълон кард. Аммо масъулини ҲНИТ ҳамвора ин гуфтаи мақомотро рад кардаанд.

Афғонистон рӯзҳои душанбе ва сешанбеи ҳафтаи ҷорӣ барои аввалин бор мизбони як нишаст бо номи "Конфронси минтақаии мубориза алайҳи терроризм" буд. Раҳбари Раёсати умумии амнияти миллии Афғонистон дар ин нишасти хабарӣ гуфт, ҳадаф аз ин ҳамоиш бо ҳузури Покистон, Амрико, Тоҷикистон, Туркманистон, Узбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Озарбойҷон, роҳандозии ҳамоҳангӣ ва ҳамкории истихборотӣ ва амниятист. Дар ин ҳамоиш аз Тоҷикистон Саймуъмин Ятимов, раиси КДАМ ҳузур дошт.

Тибқи иттилои Раёсати умумии амнияти миллии Афғонистон, дар ин нишаст бештар дар бораи густариши ҳамкориҳои барои табодули маълумоти истихборотӣ ва қаноат додани кишварҳои Осиёи Миёна дар кори мубориза бо ҳаросафканӣ баҳс шудааст. Раёсати умумии амнияти миллии Афғонистон гуфтааст, ки баҳси асосӣ бо масъулони ниҳодҳои истихборотии кишварҳои ширкаткунанда ин буд, ки таърифи ягона ва муштараки "терроризм" дар минтақа ба вуҷуд биояд.

Ҳукумати Афғонистон мегӯяд, ки гурӯҳи Толибон бо Ал-Қоида, ДОИШ ва дигар гурӯҳҳои тундрави Осиёи Миёна робитаҳои худро ҳифз кардааст. Ба гуфтаи мақомоти амниятии Афғонистон, Ал-Қоида ва ДОИШ асосан дар минтақаҳои ҳамсарҳад бо Покистон ва гурӯҳои дигар вобаста ба Осиёи Миёна дар шимоли он кишвар ҷойгир мебошанд.

Бар асоси созишнома миёни Амрико ва Толибон, ки рӯзи 29-уми феврали соли гузашта дар Давҳа имзо шуд, Толибон бояд робитаи худро бо Ал-Қоида ва дигар гурӯҳҳои тундрав қатъ кунад. Ҳарчанд гурӯҳи Толибон мегӯяд, ки ба ин созишнома амал кардааст, аммо ҳукумати Афғонистон ба ин бовар надорад ва мегӯяд, ки дар пушти хушунатҳои рӯ ба афзоиши як соли ахир ин гурӯҳ меистад.

Тоҷикистон бо Афғонистон беш аз 1400 километр марзи назораташ душвор дорад. Дар Афғонист беш аз чиҳил сол боз ҷанг идома дорад ва талошҳо барои созиши сулҳ ҳанӯз ба ҷое нарасидаанд. Мақомоти тоҷик ҳамвора аз ҷамъомади ҷангиёни хориҷӣ дар марзҳояш бо Афғонистон, ки дар миёни онҳо шаҳрвандони Тоҷикистон низ ҳастанд, нигаронӣ мекунанд.

Шарҳҳоро бинед (19)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG