Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ВКД аз боздошти даҳҳо нафар бо иттиҳоми терроризм ва ифротгароӣ хабар дод. ВИДЕО


Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон
Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон

Мақомоти Вазорати корҳои дохилӣ мегӯянд, соли гузашта аз як ҳодисаи террористӣ пешгирӣ кардаанд. Иттилои алтернативӣ дар ин бора ҳанӯз дастрас нест ва мустақилона тасдиқ кардани ин хабар номумкин аст.

Нишасти матбуотии Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилиро ин ҷо тамошо кунед.

Шодӣ Ҳафиззода, сардори Раёсати мубориза бо ҷиноятҳои муташаккилонаи ВКД рӯзи 19-уми феврал гуфт, як узви ДОИШ мехост ба кормандони милиса дар ноҳияи Шаҳринав сӯиқасд ва амали террористӣ анҷом диҳад.

Ҳафиззода гуфт, дар ин ҳодиса як нафар боздошт шуда, бо ҳукми додгоҳ ҳабс шудааст. Ин мақоми ВКД аз ин зиёд шарҳ надод.

Дар гузашта пайвандони афроде, ки ба узвият дар гурӯҳи ДОИШ ва сӯқасд муттаҳам мешуданд, ин гуна иттиҳомро нодуруст хонда буданд.

Мақомоти қудратии Тоҷикистон ҳамасола аз пешгирӣ шудани амалҳои террористӣ дар кишвар хабар медиҳанд, аммо коршиносони мустақил ин изҳоротҳоро зери шубҳа мегузоранд. Тоҷикистон дар солҳои гузашта шоҳиди амалҳои террористӣ шудааст, ки калонтарини онҳо ҳамла ба дидбонгоҳи Ишқобод, ошӯб дар зиндони Ваҳдат ва ҳамла ба сайёҳони хориҷӣ аст.

ВКД гуфт, дар як сол 271 нафарро бо иттиҳоми терроризм ва ифротгароӣ боздошт кардаанд

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон эълон кард, ки соли гузашта 271 нафарро бо иттиҳоми узвият дар созмонҳои террористӣ ва ифротгароӣ боздошт кардаанд.

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 19-уми феврал зимни нишасти хабарӣ гуфт, дар миёни ин афрод бештарашон узви созмони “Ихвон-ул-муслимин”, ДОИШ, “Гуруҳи 24”, ҲНИТ будаанд.

Созмонҳои ҳомии ҳуқуқ борҳо изҳороти мақомоти тоҷик дар бораи боздошти афроди муттаҳам ба терроризмро зери шубҳа бурда гуфтаанд, мақомот бо баҳонаи мубориза бо ифротгароӣ мухолифони худро таъқиб мекунанд.

Ба иттилои Вазири корҳои дохилӣ, соли гузашта 147 нафар узви созмони “Ихвон-ул-муслимин”, 39 нафар узви ДОИШ, 8 нафар узви “Гуруҳи 24” ва 17 нафар узви Ҳизби наҳзати ислом дастгир шудаанд.

Вазири корҳои дохилӣ дар ин бора зиёд шарҳ надод, аммо аз ҳодисаҳои пурсарусадои боздоштҳои ахир, дастгир шудани Дона Набиев, сокини 80-солаи ноҳияи Рӯдакӣ аст, ки ба узвият дар Ҳизби дар Тоҷикистон мамнуи наҳзати исломӣ айбдор мешуд. Худи ӯ ва ҳизб ин иттиҳомро рад карда буданд. Созмонҳои ҳомии ҳуқуқ борҳо аз Тоҷикистон талаб кардаанд, ки Дона Набиевро озод кунад.

Намояндагони Ҳизби дар Тоҷикистон мамнуи наҳзат исломӣ теъдоди аъзои боздоштшудаашонро бештар аз оне медонанд, ки ВКД эълон кардааст.

Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари Ҳизби мамнуи наҳзати исломӣ гуфт, ки “аъзои пешини ҳизбро дигар мақомот, аз ҷумла амният ҳам боздошт мекунад”.

Ӯ гуфт, соли гузашта ба ҷуз боздошти Дониёр Набиев, узви пешини раёсати ҳизб, инчунин Ҷалодидин Маҳмудов дубора боздошту маҳкум шуд. Қабл аз он Асрориддин, писари Зубайдуллои Розиқ, эшони Исломиддин, фаъоли ҳизб аз ноҳияи Фархор ва чанд узви дигари ҳизб боздошт шуданд.

Дар бораи боздошти даҳҳо нафар бо ҷурми узвият дар созмони дар Тоҷикистон мамуни “Ихвон-ул-муслимин” қаблан низ хабарҳо нашр шуда буд, ҳарчанд пайвандони бархе боздошшудаҳо иттиҳомро қабул надоранд.

XS
SM
MD
LG