Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Ё бо моед, ё дар зиндон". Тихановская зиндонӣ шудани журналистонро маҳкум кард


Светлана Тихановская, раҳбари мухолифони Белорус
Светлана Тихановская, раҳбари мухолифони Белорус

Раҳбари мухолифони Беларус Светлана Тихановская гуфт, ки мақомоти ин кишвар бо зиндонӣ кардани журналистон ин паёмро медиҳанд, ки "шумо ҷонибдори режим ҳастед ва ё ҷоятон зиндон мешавад". 

18-уми феврал, дар рӯзе, ки додрас дар Минск ду журналисти занро барои гузоришдиҳӣ аз намоишҳои эътирозии моҳи ноябр ба ду солии зиндон маҳкум кард, раҳбари мухолифони Беларус, Светлана Тихановская ба ТВ “Настоящее время” мусоҳибаи ихтисосӣ дод.

Мурофиаи Катерина Андрееваи ва Даря Чултсова
Мурофиаи Катерина Андрееваи ва Даря Чултсова

Додгоҳ ҳукм кард, ки Катерина Андрееваи 27‑сола ва Даря Чултсоваи 23-сола барои гӯё "ташкил кардани маъракаҳои ҷамъиятӣ боиси беназмиҳои тартиботи ҷамъиятӣ" шуданд, ба ҳабси дусола маҳкум мешаванд. Ин ду журналисти телевизиони маҳвораии Belsat-и Полша барои он маҳкум шуданд, ки намоишҳои эътирозии баъди марги хушунатбори як эътирозгар ташкилшударо ба таври зинда бозтоб медоданд. Журналистони маҳкумшуда гуфтанд, ки танҳо вазифаи касбии худро иҷро мекарданд ва аз ин хотир, ҳукми додгоҳро ҳамчун дорои ангезаҳои сиёсӣ рад мекунанд.

Тихановская, ки бовар дорад дар интихоботи президентии моҳи августи порсол ӯ барандаи воқеӣ буд, мегӯяд, "ончӣ гузашт, на додгоҳи одилона арзёбӣ мешавад ва на таҳқиқоти одилона. Аз ин рӯ, чунин ҳукмҳо барои ҳамаи мардум дарднок мебошанд".

Ӯ гуфт, таъсири ин ҳукм "на танҳо ба Даряву Катерина, балки ба тамоми дигарҳо, аз ҷумла, зиндониҳои сиёсӣ ва ҳамаи дигароне, ки дар зиндон ҳастанд, рабт мегирад".

Баъди он, ки Александр Лукашенко худро барандаи интихобот номид, Тихановская аз тарси ин ки ҳабс ва аз фарзандонаш ҷудо карда мешавад, ба хориҷа рафт. Ӯ мегӯяд, “ин паём ба журналистон аст: ё шумо бо режим ҳастед ва ё ҷоятон зиндон мебошад”.

Ҳукми Андреева ва Чултсоваро Иттиҳоди Аврупо ва созмонҳои ҳомии ҳуқуқи инсон ҳамчун бахше аз саркӯбҳои журналистони мустақили Беларус интиқод карданд. Саркӯбҳо ҳанӯз дар маъракаи интихоботӣ шурӯъ шуда, баъди он, ҳангоми эътирозҳои сартосарии мардумӣ авҷ гирифтанд.

Вале бо вуҷуди ҳабсу фишору таъқибҳо, эътирозҳо кам нашуд ва полис дар идомаи саркӯбҳо алайҳи журналистон, фаъолони ҳуқуқ ва мухолифони Лукашенко рейдҳо ташкил кард.

Тихановская дар мусоҳибааш бо ТВ “Настоящее время”, ки як ҳамкори “Садои Амрико” мебошад, гуфт, “ҳар як нафар дарк мекунад, ки баъди чунин мавҷи хушунатҳое, ки мо аз ҷониби давлат шоҳид мешавем, дигар зиндагӣ мисли пешина намешавад”. Ӯ гуфт, “ҳеҷ кас Лукашенкоро барои ин ҷиноятҳо намебахшад ва Лукашенко дар чашми мардуми Беларус дигар ҳеҷ гоҳ президенти қонунӣ нахоҳад буд. Мардум ба ӯ эътимод надоранд”.

Тихановская баъди он ба корзори интихоботӣ ворид шуд, ки ҳамсараш Сергей Тихановский, як муддаии дигари курсии президентӣ ба ҳабс гирифта шуд. Ӯ дар мусоҳибааш инчунин ба мурофиаи додгоҳии собиқ бонкдор Виктор Бабарика муроҷиат кард. Бабарика, ки ҳамчунин порсол барои ширкат дар интихоботи президентӣ изҳори омодагӣ кард, моҳи июл бо иттиҳоми пулшӯӣ боздошт шуд.

Рӯзи 17-уми феврал дар додгоҳи ноҳияи Маскави шаҳри Минск Виктор Бабарика - бонкдори собиқ ва рақиби интихоботи президентии Александр Лукашенко бо шаш нафари дигар дар додгоҳ ҳозир шуд.

Бабарика, собиқ мудири калони “Белгазпромбанк”-и марбут ба Русия моҳи июни соли 2020 боздошт шуд ва замоне, ки дар бораи нияти ширкат дар интихоботи президентии моҳи август хабар дод. Ӯро бо писараш Эдуард бо иттиҳоми “пулшӯӣ, порадиҳӣ ва фирор аз пардохти андоз” боздошт карданд.

Се рӯз пеш аз ҳабсаш мақомоти Беларус назорати бонкро ба даст гирифта беш аз 10 мудири онро бо иттиҳоми сарпечӣ аз пардохти андоз ва пулшӯӣ боздошт карданд. Ҳамаи онҳо ин иттиҳомро дорои ангезаҳои сиёсӣ номида, рад кардаанд. Дар миёни ширкатдорони мурофиаи додгоҳӣ дипломатҳои сафоратҳои Австрия, Бритониё, Иттиҳоди Аврупо ва Амрико дида шуданд.

Тихановская гуфт, ки иттиҳомоти зидди Бабарика, собиқ раҳбари “Белгазпромбанк”-и марбут ба Русия “сохтакоришуда” ва “комилан сиёсӣ” мебошад.

Тихановская гуфт, то замони даъвои президентӣ кардани Бабарика “ҳама чиз хубу ором буд”, вале ногаҳон “чунин иттиҳом бар зидди ӯ бархост”. Тихановская гуфт, ки пӯшиши матбуотии ҳарчи бештари мурофиаҳои мухолифони Лукашенко ва зиндоникунии эътирозгарон ба манфиати кор хоҳад буд.

Ба бовари ӯ, “таваҷҷӯҳи тамоми ҷаҳон ба мушкилоти мо, ба ҳаракатҳои мо, ба сӯи ҳақу ҳуқуқ, барои Беларуси нав ҷомеаи ҷаҳониро маҷбур мекунад, ки болои режим фишори бештар таҳмил кунанд, дар бораи адолат, беҳуқуқӣ сӯҳбат шавад ва ин чиз барои ҳалли мушкилоти Беларус мусоидат мекунад”.

Ӯ гуфт, аз моҳи октябр ба ин сӯ, замоне, ки Лукашенко бо шавҳараш ва дигар намояндагони мухолифон суҳбат карда буд, бо ҳамсараш ҳамсӯҳбат нашудааст.

“Сергей, инак 9 моҳ аст, ки дар зиндон аст”. Ӯ қавӣ ва хеле ҷасур аст. Ҳеҷ гоҳ аз раъяш намегардад”,‑‑гуфт ӯ.
Вай афзуд, писараш медонад, ки падараш дар зиндон аст ва “мефаҳмад, ки ин чиз барои ман дарднок аст, ман медонам, ки барои ӯ ин чиз дарднок аст ва мо дар бораи падараш бисёр гап мезанем”.

Ӯ гуфт, духтараш хаёл мекунад, ки падар дар сафари хидматӣ аст.

“Мо ба Беларус баргашта наметавонем, чунки он ҷо коронавирус аст”,‑‑гуфт Тихановская.

Тихановская мегӯяд, ҳоло зиндагии кӯдакаш мисли афсона аст. Дар мултфилмҳое, ки бо ҳам мебинанд, падараш нақши муҳим мебозад ва бо ҳамин роҳ талош мекунад, ки симои падар аз хотири фарзандаш наравад.

Бӯҳрони сиёсӣ дар Белорус замоне сар зад, ки Лукашенкоро барандаи интихоботи 9-уми августи порсол эълон карданд. Норозиҳову мухолифон бовар доранд, ки дар интихобот тақаллуб шудааст. Эътирозҳои сартосарӣ бо талаби истеъфои Лукашенкову даъвати интихоботи нав барои худи ӯ, бесобиқа мебошад. Лукашенко аз соли 1994 дар сари қудрат аст.

XS
SM
MD
LG