Дар чанд ҷумла
Сафири Италия дар Конго кушта шуд
Вазорати умури хориҷии Италия хабар медиҳад, ки рӯзи душанбеи 22-юми феврал сафири ин кишвар дар Ҷумҳурии демократии Конго дар ҳамла ба корвони Созмони Милали Муттаҳид кушта шудааст.
Ба гузориши хабаргузории "Рейтерз", ҳамлакунандагон қасд доштанд, ки афроди ин корвонро ба гаравгон бигиранд. Ҳодиса субҳи рӯзи душанбе дар шаҳри Гома рух додааст.
Дар ин ҳамла Лука Аттанасио, сафири 43-сола ба ҳамроҳи муҳофиз ва ронандааш ба қатл расидааст. Бино ба гузоришҳо, ҳамлакунандаҳо пас аз мутаваққиф кардани корвон ва куштани ронандаи сафир, қасд доштанд оқои Лукаро бо худ баранд, аммо бо тирпаронӣ аз сӯи ҷангалбонон дар минтақа рӯбарӯ шуданд. Онҳо сипас муҳофизи сафирро низ ба қатл расонданд ва дар идомаи даргириҳо худи сафир низ кушта мешавад.
Мақомоти Ҷумҳурии демократии Конго ҳанӯз муваффақ нашудаанд, ки ҳамлакунандаҳоро шиносоӣ кунанд ва ҳеҷ гурӯҳе ҳам то ба ҳол масъулияти ин ҳодисаро ба ӯҳда нагирифтааст. Дар ин минтақа, ки дар марзи Конго бо Руванда ва Уганда қарор дорад, беш аз 10 гурӯҳи мусаллаҳ фаъоланд.
Ҳамлаи рӯзи душанбе дар ҳамон деҳае сурат гирифтааст, ки дар соли 2018 ду сайёҳи бритониёӣ аз сӯи афроди мусаллаҳ ба муддати кӯтоҳе гаравгон гирифта шуданд. Парки ҷангалии ин минтақа пас аз ин ҳодиса ба муддати 9 моҳ баста шуд.
Ҳамаи хабарҳои имрӯзро дар инҷо бихонед
Стармер ҳимояти Бритониёро аз муҳосираи бандарҳои Эрон рад кард
Нахуствазири Бритониё гуфт, кишвараш аз тасмими Амрико барои муҳосираи бандарҳои Эрон пуштибонӣ нахоҳад кард.
Кейр Стармер афзуд, тамаркузи онҳо бештар ба он равона шудааст, ки гулӯгоҳи муҳими Ҳурмуз “пурра боз” бошад.
Вай рӯзи 13-уми апрел дар суҳбат бо радиои Би-би-сӣ гуфт, “муҳим аст, ки гулӯгоҳ комилан боз бошад ва ҳамаи талошҳои худро ба ҳамин равона кардаем ва минбаъд низ чунин хоҳем кард.”
Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико, гуфт, нерӯҳои кишвараш аз соати даҳи сездаҳуми апрел ба вақти шарқии Иёлоти Муттаҳида (соати даҳи шаб ба вақти Тоҷикистон) муҳосираи гулӯгоҳи Ҳурмузро оғоз мекунанд.
“Дигар миллатҳо низ дар ин самт кор мекунанд ва Эрон имкон нахоҳад дошт, ки нафт фурӯшад," – афзуд ӯ. Ба қавли Трамп, сарфи назар аз нокомии музокироти Амрикову Эрон дар Исломободи Покистон, оташбаси дуҳафтаина побарҷост.
Ситоди марказии нерӯҳои мусаллаҳи Амрико, ки раҳбарии амалиёт дар Ховари Миёнаро бар ӯҳда дорад, иброз доштааст, ки муҳосира танҳо ба киштиҳое дахл дорад, ки озими бандарҳои эронӣ ҳастанд ё аз бандарҳои Ҷумҳурии Исломӣ берун мешаванд.
Тибқи омори расмӣ, рӯзи шанбе се киштии саршор аз нафт гулӯгоҳи Ҳурмузро гзаштанд, вале рӯзи душанбе дар остонаи муҳосираи амрикоӣ ҳаракати киштиҳо дар ин гузаргоҳ мушоҳида намешуд.
Аз замони оғози низоъ дар Ховари Миёна, Эрон равуои киштиҳоро дар гулӯгоҳи Ҳурмуз манъ намуда, сабабгори боло рафтани нархи нафт дар саросари олам шуд. Ҳамзамон Теҳрон эълон кардааст, ки барои гузаштан аз Ҳурмуз аз киштиҳо ҳақ хоҳад ситонд.
Гуфтушуниди миёни Амрико ва Эрон рӯзи 12-уми апрел дар Исломобод бе даст ёфтан ба созиш поён ёфт. Ҳайати амрикоӣ гуфт, ҷониби эронӣ баъзе аз шартҳои онҳоро напазируфтааст. Эрон мегӯяд, “дипломатия ҳеч вақт тамом намешавад”. Ҷониби Покистон аз тарафҳо хост, ба оташбас пойбанд бимонанд.
Амрико ба муҳосираи дарёии Эрон оғоз мекунад
Артиши Иёлоти Муттаҳида аз рӯзи душанбеи 13-уми апрел муҳосираи дарёии киштиҳоеро оғоз мекунад, ки ба самти бандарҳои Эрон мераванд ё аз онҷо хориҷ мешаванд.
Фармондеҳи марказии Иёлоти Муттаҳида (СЕНТКОМ) эълон кард, ки муҳосираи киштиҳо аз соати 17:30 ба вақти Теҳрон оғоз мешавад.
Фармондеҳии марказии Амрико навиштааст, "ин муҳосира бидуни ҳеҷ табъиз (фарқгузорӣ)" нисбати ҳама киштиҳое татбиқ мешавад, ки вориди бандарҳои Эрон мешаванд ё аз онҷо хориҷ мешаванд.
Ин хабар дар ҳоле эълон мешавад, ки ахиран Доналд Трамп раисҷумҳури Амрико эълон кард, дар пайи ба натиҷа нарасидани музокирот бо Эрон, нерӯҳои баҳрии ИМА билофосила муҳосираи тангаи Ҳурмузро оғоз хоҳад кард.
Раисҷумҳури Амрико ваъда додааст, ки ин кишвар минаҳои гузошташуда тавассути Эронро нобуд кунад ва афзуд, "ҳар эронӣ, ки ба тарафи мо ё ба самти киштиҳои ғайринизомӣ тирандозӣ кунад, нобуд хоҳад шуд". Мақомоти Эрон то кунун ба ин изҳороти Трамп вокуниш нишон надодаанд.
Баъди ҳамлаи Амрико ва Исроил ба Эрон дар таърихи 28 феврал, Теҳрон равуо аз тариқи Тангаи Ҳурмузро амалан бастааст.
"15 ҳазор сомонӣ гирифт". Боздошти як афсар дар Суғд
Оҷонсии зидди фасоди Тоҷикистон аз боздошти як афсари Комиссариати ҳарбии ноҳияи Ҷаббор Расулов хабар додааст.
Ба иттилои ин ниҳод, Сатторзода А "барои ба таъхир гузоштани муҳлати даъват" ва нагузаронидани як даъватшаванда аз комиссияи ҳарбӣ-тиббӣ, аз наздикони ӯ 15 ҳазор сомонӣ гирифтааст.
Мақомот гуфтанд, ин афсар бо сӯистифода аз мақоми хизматиаш ин маблағро гирифта, "ба манфиати шахсиаш сарф намуд". Назари Сатторзода А. ва наздиконаш ба иттиҳом маълум нест. Рӯшан нест, ки ин афсар дар додгоҳ то куҷо ба гуноҳи худ иқрор кардааст.
Боздошти ин корманди комиссариат дар ҳолест, ки дар Тоҷикистон даъвати баҳории ҷавонон ба артиш идома дорад.
Ин бори аввал нест, ки кормандони комиссариати ҳарбӣ, ки масъули даъвати ҷавонон ба артиш ҳастанд, бо иттиҳоми гирифтани пора дастгир мешаванд.
Трамп мегӯяд, дастури муҳосираи тангаи Ҳурмузро додааст
Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико, рӯзи 12 апрел эълон кард, дар пайи ба натиҷа нарасидани музокирот бо Эрон, нерӯҳои баҳрии ИМА билофосила муҳосираи тангаи Ҳурмузро оғоз хоҳад кард.
Трамп бо нашри паёме дар шабакаи иҷтимоии худ, Truth Social дар бораи гуфтугӯҳои рӯзи шанбе гуфт, танҳо мавзуе, ки аҳамият дошт, барномаи ҳастаии Эрон буд, ки мавриди созиш қарор нагирифт.
Раисҷумҳури Амрико афзуд, "аз ҳамин лаҳза, нерӯи баҳрии Амрико, ки дар ҷаҳон беҳтарин аст, раванди муҳосираи ҳамаи киштиҳоеро, ки талош мекунанд вориди тангаи Ҳурмуз шаванд ё аз он хориҷ шаванд, оғоз хоҳад кард.
Ӯ ҳамчунин бо радди молиёт гирифтани Эрон аз киштиҳо таъкид кард, ки ба як нерӯи баҳрии Амрико дастур додааст, "ҳар шиновареро дар обҳои байналмилалӣ, ки ба Эрон молиёт пардохт кардаанд, шиносоӣ ва мутаваққиф кунанд. Ҳар кас, ки чунин молиёти ғайриқонуние пардохт кунад, дар обҳои озод убури амн нахоҳад дошт".
Раисҷумҳури Амрико ваъда додааст, ки ин кишвар минаҳои гузошташуда тавассути Эронро нобуд кунад ва афзуд, "ҳар эронӣ, ки ба тарафи мо ё ба самти киштиҳои ғайринизомӣ тирандозӣ кунад, нобуд хоҳад шуд".
Мақомоти Эрон то кунун ба ин изҳороти Трамп вокуниш нишон надодаанд.
Аммо Исмоил Бақоӣ, сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Эрон субҳи 12 апрел дар Исломобод, бо зикри инки "ин давр аз музокирот тӯлонитарин даври музокирот дар ин як сол буд ва дар маҷмуъ 24-25 соат давом кард", афзуд, "баъзе аз мавзӯъҳои нав мисли мавзуи тангаи Ҳурмуз дар ин музокирот илова шуд ва ин ҳар кадом печидагиҳои худро дорад".
Вай афзуд, "тамосҳо ва баррасиҳо байни Эрон, Покистон ва дигар дӯстонамон дар минтақа идома пайдо хоҳад кард".
Исҳоқ Дор, вазири корҳои хориҷии Покистон низ гуфт, ки "мо умедворем, ки ҳар ду тарафи амрикоӣ ва эронӣ ба оташбас пойбанд бимонанд". Ӯ афзуд, ки "мо ба талош барои фароҳам овардани робитаҳои нек байни ин ду тараф идома хоҳем дод".
Бӯҳрон дар Ховари Миёна рӯзи 28 феврал бо ҳамлаи Амрико ва Исроил ба Эрон оғоз шуд. Дар ин ҳамлаҳо раҳбари олии Эрон Оятуллоҳ Алии Хоманаӣ, дабири Шӯрои амнияти миллии он кишвар Алии Лориҷонӣ ва шуморе аз фармондеҳони баландпояи ин кишвар кушта шуданд.
Эрон дар посух ба Исроил ва кишварҳои арабии ҳошияи Халиҷи Форс, ки мизбони пойгоҳҳои низомии Амрико ҳастанд ва низ Урдун ва Ироқ, ҳамлаҳо кард. Гурӯҳҳои мавриди ҳимояти Эрон дар минтақа, аз ҷумла, "Ҳизбуллоҳ"-и Лубнон, "Ансоруллоҳ"-и Яман ва "Ҳашд Аш-Шаъбӣ"-и Ироқ низ вориди ин ҷанг шуданд.
Пас аз 40 рӯзи даргирӣ, рӯзи 8 апрел тарафҳо ба оташбаси дуҳафтаӣ розӣ шуданд ва аз омодагии худ барои иштирок дар нишасти Исломобод хабар доданд.
Садама дар як чорроҳаи марзии Исфара-Бодканд
Дар деҳаи Орто-Боз дар ноҳияи Бодканди Қирғизистон дар чаҳорроҳаи маъруф ба Торт-Кочо (ё Чаҳор кӯча) садамаи нақлиёт рух додааст. Аз ин чаҳорроҳа роҳи Исфара-Ворухи Тоҷикистон ва Бодканд-Лайлаки Қирғизистон убур мекунад.
Ба иттилои пулиси вилояти Бодканди Қирғизистон, ин ҳодиса бегоҳии 9 апрел сар задааст. Мошини боркаши навъи “Volo”, соҳибаш шаҳрванди Қирғизистон бо мошини “Mercedes-Benz Sprinter”, соҳибаш шаҳрванди Тоҷикистон бархӯрдааст.
Дар натиҷаи садама “Mercedes-Benz Sprinter” ба мошини навъи “Changan” бархӯрдааст, ки низ ба шаҳрванди Қирғизистон тааллуқ дорад. Пулиси ноҳияи Бодканди Қирғизистон гуфтааст, сарфи назар аз садамаи якбора се мошин, касе осеби ҷиддӣ надидааст. Ҳар се мошин зарари моддӣ бардоштааст.
Тоҷикистону Қирғизистон ба аломатгузории марз ва сохтани роҳҳои алтернативӣ идома медиҳанд. Ба иттилои мақомоти ду кишвар, баъд аз анҷоми аломатгузориву сохтани роҳҳои нав, шаҳрвандони ду кишвар ба ҳудуди якдигар ворид нахоҳанд шуд.
Марзро бо Афғонистон бо "деворҳои худӣ" мустаҳкам мекунанд
Дар марзи Тоҷикистону Афғонистон дар ҳудуди ноҳияи Ҳамадонӣ насби симхор ҷараён дорад. Ин қитъаи марз аз гӯшаҳои ноамн ва осонгузар барои қочоқбарони маводи мухаддир ба ҳисоб меравад. Девори нав симхорҳои давраи шӯравиро иваз мекунад. Дар дигар қитъаи марзӣ ҳам ин раванд идома дорад.
Мақомоти тоҷик мегӯянд, симҳое, ки барои марзбандӣ ҳоло истифода мекунанд, дар корхонаи махсус дар шаҳри Норак омода мешавад.
Иброҳим Мирзода, раиси шаҳри Норак мегӯяд, ин ягона корхона дар Тоҷикистон дар замони соҳибистиқолӣ аст, ки барои марзбандӣ маҳсулот истеҳсол мекунад.
Дар мавзеъҳои тезоб, мисли ноҳияи Дарвоз, марз бо Афғонистонро танҳо рӯди Панҷ ҷудо мекард ва симхоре вуҷуд надошт. Ҳоло дида мешавад, ки онҷо ҳам марзро сим мекашанд.
Масъулини корхонаи вижа дар шаҳри Норак мегӯянд, кори онҳо зиёд шудааст ва бояд бештар маҳсулот истеҳсол кунанд.
Ба гуфтаи Иброҳим Мирзозода, раиси шаҳри Норак, кор ҳоло дар сатҳи хуб ба роҳ мондааст шудааст ва маҳсулотро омода карда, ба минтақаҳои марзӣ мефиристанд.
Корхонаи бофтани сим барои марзбандӣ дар шаҳри Норак 170 нафар коргар доштааст. Симтурҳои нави истеҳсоли ин корхона аз симхорҳои замони шӯравӣ фарқи зиёд дорад. Онҳо шабеҳи панҷара ҳастанд, ки ба гуфтаи мақомот, убур аз онҳо мушкил аст.
Тоҷикистон бо Афғонистон тақрибан 1400 километр марз дорад. Аксари минтақаҳои душворгузари ин қитъаи марзӣ ҳанӯз марзбандӣ нашудааст.
Интихоботи порлумонии Маҷористон. Орбан дар хатар аст
Мардуми Маҷористон (Венгрия) рӯзи якшанбе, 12 апрел барои раъй додан дар интихоботи порлумонӣ, ба ҳавзаҳои интихоботӣ рафтанд. Ин интихобот метавонад ба ҳукумати 16-солаи нахуствазири ин кишвар Виктор Орбан поён диҳад.
Орбан ки 16 сол аст қудратро дар ин кишвари аврупоӣ дар даст дорад ва худро "хор"-е дар чашми Иттиҳоди Аврупо медонад, ин бор бо Петр Мадяр, номзади муҳофизакор, аммо тарафдори Аврупо, рақобат мекунад, ки ба мардуми кишвараш ваъдаи "тағйири низом"-ро додааст.
Дар назарсанҷиҳои чанд моҳи ахир, Мадяр, раҳбари 45-солаи мухолифон, аз Орбан пештоз аст.
Виктор Орбан, ки ҳатто бархе аз раҳбарони Аврупо ӯро "диктатор" хитоб мекунанд ва ҳамеша аз ҳомиёни Владимир Путин дар Иттиҳоди Аврупо будааст, аз пуштибонии Доналд Трамп ҳам бархӯрдор мебошад. Доналд Трамп ҳафтаи гузашта муовини худ Ҷей Ди Венсро барои эълони ҳимоят аз ӯ ба Маҷористон фиристода буд.
Орбани 62-сола, ки худ фаъолияти сиёсиашро аз оппозитсияи Маҷористон оғоз карда, замоне тарафдори демократияи ғарбӣ буд, ташаббускори истилоҳи "демократияи ғайрилибералӣ" аст. Навъе низоми ҳукмронӣ, ки дар он раҳбар пас аз пирӯзӣ дар интихобот рафта-рафта системаи назоратӣ дар кишварро заъиф мекунад ва озодиҳои шаҳрвандӣ ва фардиро коҳиш медиҳад.
Ҳар ду тарафи рақобатҳои интихоботӣ дар ин кишвари Аврупои Марказӣ дар ҳафтаҳои гузашта иттиҳоми дахолати хориҷӣ дар интихоботи кишвари худро матраҳ карданд.
Дар ҳамин замина, Ҷей Ди Венс, ки барои ҳимоят аз корзори Виктор Орбан ба Будапешт, пойтахти Маҷористон рафта буд, дар як суханронӣ "бюрократҳои Брюссел" -ро (ишора ба Иттиҳоди Аврупо) ба дахолат дар умури Маҷористон муттаҳам кард.
Орбан ки ҳамеша худро аз мухолифони сиёсатҳои Иттиҳоди Аврупо нишон дода ва муттаҳам аст, ки дар даврони зимомдориаш ба фасоди ҳарчи бештар дар ҳукумат доман задааст, мехоҳад барои панҷумин бор нахуствазири Маҷористон шавад.
Дар муқобил, Петр Мадяр ки аз ҳизби Виктор Орбан ҷудо шуда буд ва ду сол пеш по ба арсаи фаъолиятҳои сиёсӣ дар муқобили ҳизби ҳокими Маҷористон гузошт, ба мардум ваъдаи ислоҳоти иқтисодӣ додааст.
Ӯ дар ду моҳи гузашта бо сафар ба гӯшаву канори Маҷористон аз мардум хостааст, ки "ватанамонро бозпас бигирем" ва ваъда додааст, ки фасодро решакан кунад.
Маҷористон бо 9,5 миллион аҳолӣ дар даврони зимомдории Виктор Орбан ба фақиртарин кишвари аврупоӣ табдил шудааст.
Иттиҳоди Аврупо Орбанро муттаҳам мекунад, ки ба таври систематикӣ мухолифони сиёсиро дар кишвар саркӯб карда, ба қонунмандӣ зарба задааст. Ба ақидаи бисёре аз коршиносон, "аксари аъзо"-и Иттиҳоди Аврупо аз рафтани Орбан "хушҳол хоҳанд шуд".
Мулоқоти ҷудогонаи Шаҳбоз Шариф бо муовини Трамп ва ҳайати Эрон
Сарвазири Покистон, Шаҳбоз Шариф дар Исломобод бо муовини раиси ҷумҳури ИМА, Ҷей Дӣ Вэнс ва ҳайати Эрон дар алоҳидагӣ дидору мулоқот кардааст.
Ҳадаф аз ин дидор ва ҷамъ омадани ҳайатҳо дар Покистон поён додани даргирии Амрикову Исроил бо Эрон аст.
Ҷузъиёти мулоқот бо муовини Доналд Трамп, ки раҳбарии ҳайати Амрикоро бар дӯш дорад, ҳанӯз маълум нест. Дар ин гуфтугӯҳо фиристодаҳои вижаи Доналд Трамп — Стив Виткофф ва Ҷаред Кушнер низ ҳузур доранд, ки ба маънии муҳимияти ин сафар барои Кохи Сафед аст.
Шаҳбоз Шариф дар миёни ду тими музокиракунанда нақши миёнрави асосиро иҷро мекунад. Вай дар дидор бо Вэнс гуфтааст, умедвор аст, гуфтугӯҳои рӯзи шанбе “санги бинои сулҳи пойдор дар минтақаро мегузорад”.
Дар ҳамин ҳол хабаргузории “Форс”, ки ба Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ наздик аст, аз қавли манобеи ҳукуматии Эрон хабар дод, ки ҳайати Теҳрон пас аз анҷоми гуфтугӯ бо Шаҳбоз Шариф, ҳоло масъалаи баргузории музокироти мустақим ё ғайримустақим бо тими Амрикоро баррасӣ дорад.
Агар ин дидор сурат бигирад, он метавонад як таҳаввули бесобиқа ва таърихӣ дар равобити ду кишвар бошад. Ҳоло ҷаҳон бо диққат ба натиҷаи музокирот дар Исломобод чашм духтааст.
Пешбинии Бонки Осиёии Рушд дар бораи иқтисоди Тоҷикистон
Бино ба пешгӯии тозаи Бонки Осиёии Рушд, интизор меравад, рушди иқтисоди Тоҷикистон дар солҳои 2026 ва 2027 босубот ё баланд боқӣ монад.
Дар гузориши нави Бонки Осиёии Рушд, ки рӯзи 10-уми апрел нашр шуд, омадааст, рушди бахши саноат ва хидматрасонӣ аз омилҳои асосии афзоиши иқтисоди Тоҷикистон дар ду соли оянда хоҳад буд.
Бонки Осиёии Рушд пешбинӣ кардааст, ки Маҷмуи маҳсулоти дохилӣ дар соли 2026 7,4 дарсад ва соли 2027 6,8 дарсад боло хоҳад рафт. Ин дар ҳолест, ки соли 2025 ин рақам ба беш аз 8 дарсад баробар буд.
Ба бовари коршиносони бонк, сатҳи таваррум дар ду соли оянда аз 4 то 4,5 дарсад хоҳад расид. Боло рафтани талабот ба қарзҳои истеъмолӣ, афзоиши интиқоли пули муҳоҷирон, зиёд шудани маоши кормандони давлатӣ ва пули барқу об аз омилҳои асосии болоравии сатҳи таваррум дар кишвар гуфта мешаванд.
Ко Сакамото, намояндаи доимии Бонки Осиёии Рушд дар Тоҷикистон гуфтааст, “рушди босуръати иқтисоди Тоҷикистон барои таъсиси ҷойҳои нави корӣ имкониятҳои бештар фароҳам меорад”.
Бино ба гузориши нави ин ниҳоди молиявӣ, ҳарчанд кишвар солҳои ахир дар бахши истеҳсоли маҷмӯи маҳсулоти саноатӣ дар Тоҷикистон рушди қобили мулоҳизае доштааст, аммо иқтисоди кишвар ҳанӯз ба мушилиди ҷиддӣ, он ҳам маҳдуд будани маҳсулоти дохилӣ рӯбарӯст.
Таҳлилгарон ҳам ба он таъкид мекунанд, ки иқтисоди Тоҷикистон пойбанди бозори хориҷист ва аксари молу маҳсулоти ниёзи мардум воридотӣ буда, ҳар тағйир дар берун метавонад, таъсири ҷиддие ба рушди иқтисод дошта бошад.
Дар Қирғизистон мардеро баъди 16 рӯз аз чоҳ ёфта, берун оварданд
Дар Қирғизистон як мардро баъд аз 16 рӯз аз дохили чоҳи қубурҳои об пайдо карда, зинда берун оварданд. Ин ҳодиса наҷотбахшону сокинонро ҳайратзада кард. Марди 65-сола, ки 16 рӯз дар чоҳе бо чуқурии 18-метр дармонда буд, ба таври муъҷизаомез наҷот ёфт.
Аз Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи вилояти Ботканд ба Aiym.news гуфтаанд, мард рӯзи 22-юми март барои тафтиши қубурҳои обу таъмири он ба чоҳ фаромада буд. Аммо яке аз пояҳои зинапоя шикаста, роҳи бозгашти ӯ ба берун баста шудааст.
Чоҳ дар ҳавлии як бинои кӯҳна ҷойгир буд ва садои кӯмакхоҳии мардро касе нашунидааст. Ҳамин тавр вай бе ғизо ва дар сардӣ 16 рӯз дармонда, нерӯ ва садояшро қариб аз даст додааст.
Ба гуфтаи наҷотбахшон ягона чизе, ки мардро наҷот дод, ин буд, ки чоҳ об дошт. Кӯдаконе, ки барои бозӣ ба ин макон омада буданд, тасодуфан садои ӯро шунида ба сокинону наҷотбахшон хабар додаанд. Мардро аз чоҳ берун оварда ба беморхона интиқол доданд. Ҳоло вазъи сиҳатияш хуб арзёбӣ мешавад.
Даргузашти Латиф Ҳадязода, фаъоли ҷомеаи шаҳрвандӣ
Латиф Ҳадязода, фаъоли ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон, ки солҳои охир бемор буд, дар ҳафтодсолагӣ даргузашт.
Маросими видоъ ва дафни ӯ рӯзи даҳуми апрел дар Душанбе баргузор шуд.
Ҳадязода раиси ташкилоти "Тамаддун" ва аз бунёдгузорони Анҷумани созмонҳои ғайридавлатии Тоҷикистон буд ва чанд дафъа дар масъалаҳои гуногун бо Радиои Озодӣ суҳбат кардааст.
Аз ҷумла, соли 2014, вақте Шӯрои уламои Тоҷикистон дигарандешӣ, эътироз ва балворо "гуноҳи кабира" хонд, Латиф Ҳадязода гуфт, “асри 19 нест. Давлати мо ҳам давлати динӣ нест.”
Аз он пеш, дар соли 2010 ва дар пайванд ба кори вакилони порлумон чунин гуфта буд: "Аксар вакилоне, ки интихоб мешаванд, мутаассифона, ё вакилони гузашта ҳастанд ё он нафароне, ки дар мақомот ё раҳбарӣ буданд, аммо кори намоёну шоистае накардаанд. Дар натиҷа, ин ҳам электорати моро як андоза дилсард кардааст."
Латиф Ҳадязода дар гузашта дар Радиои Тоҷикистон ва Пажӯҳишгоҳи забон ва адабиёти ба номи Рӯдакӣ кор карда, дар Афғонистон афсари тарҷумон будааст.
Русия модари Тӯтишо Амиршоевро ба Душанбе супурдааст
Амчигул Амиршоева, модари Тӯтишо Амиршоев, ҷавоне, ки соли 2021 дар эътирозҳои Хоруғ кушта шуда буд, дар Русия дастгир ва ба мақомоти Тоҷикистон супурда шудааст.
Манобеи Радиои Озодӣ рӯзи 10-уми апрел гуфтанд, ки Амчигул Амиршоева пас аз кушта шудани фарзандаш мақомоти тоҷикро дар шабакаҳои иҷтимоӣ танқид мекард ва дар пайгард қарор дошт. Ба гуфтаи онҳо, ин зан ҳоло дар як боздоштгоҳ дар шаҳри Душанбе қарор дорад.
Мақомоти Тоҷикистон ҳанӯз хабари боздошт ва Душанбе оварда шудани Амчигул Амиршоеваро тасдиқ ё рад накардаанд.
Рӯзноманигори мустақил Анора Саркорова, ки ҳодисаҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро пайгирӣ мекунад, 9-уми апрел дар Фейсбук навишт, ки ин зан бо дархости ҷониби Тоҷикистон рӯзи 6-уми апрел дар Русия боздошт ва маҷбуран ба Душанбе оварда шудааст.
Ба навиштаи ӯ, дар боздошти Амиршоева кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Русия ва Тоҷикистон иштирок доштаанд.
Амчигул Амиршоева пас аз марги фарзандаш ба Русия рафта, дар онҷо кору зиндагӣ мекард.
Ба гуфтаи наздиконаш, Тӯтишо Амиршоеви 23-сола рӯзи 25-уми ноябри соли 2021 дар Хоруғ дар як эътирози осоишта аз ҷониби нерӯҳои амниятӣ кушта шуд, вале мақомот пайваста мегӯянд, онҳоеро “безарар карданд", ки муқобилияти мусаллаҳона нишон додаанд.
Амчигул Амиршоева зодаи ноҳияи Роштқалъаи Бадахшон пайваста дар шабакаҳои иҷтимоӣ навору акс аз писараш нашр карда, мақомоти тоҷикро танқид мекард.
Эътирозҳо дар Хоруғ рӯзи 25-уми ноябри соли 2021 пас аз он сар шуд, ки як сокини 29-солаи ноҳияи Роштқалъа Гулбиддин Зиёбеков дар амалиёти мақомот кушта шуд. Сокинон дар Хоруғ аз мақомот хостанд, омилони қатли Зиёбековро дастгир кунанд.
Ин эътирозҳо, ки аз охири соли 2021 то нимаи соли 2022 давом кард, дар умум боиси боздошт ва кушта шудани даҳҳо сокини Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон шуд.
Як марди тоҷикро дар Лондон ба дастдарозӣ муттаҳам кардаанд
Як марди 50-сола аз Тоҷикистон ба дастдарозӣ ва талоши таҷовуз ба номуси духтари 13-сола дар Бритониё айбдор шудааст.
Аз ӯ Абдулманнон Алиев ном бурда мешавад. Мавқеи мард ва наздиконаш ба боздошту иттиҳоми зидди ӯ маълум нест. Ҳукми додгоҳ рӯзи 17-уми июни имсол содир хоҳад шуд.
Пулиси Лондон 9-уми апрел хабар дод, ки Абдулманнон Алиев моҳи июни соли 2025 дар дохили қатор (поезд) нисбат ба як духтари ноболиғ ба “ҷинояти нафратовар” даст зада, ба “дастдарозӣ, се мавриди талоши робитаи ҷинсӣ ва қасди таҷовуз ба номус муттаҳам аст”.
Мақомоти Бритониё гуфтаанд, ин мард дар аввал талош кардааст, бо духтари ҷавон, ки аз Саутенд ба Лондон мерафт, бо тарҷумони онлайнӣ суҳбат кунад. “Духтари ноболиғ аз ӯ фирор карда, ҷойи нишасташро тағйир дод, вале Алиев ӯро таъқиб карда, дар паҳлӯяш нишаст ва ба ӯ иҷозаи ҳаракат надод,” – гуфта шудааст дар хабарномаи пулис.
Дар идома омадааст, “Алиев ба наврас дарафтода, ӯро то расидан ба Лондон озори ҷинсӣ додааст. Духтар пас аз пойин шудан аз қатор ҳодисаро ба дигарон нақл кард ва онҳо ба полис хабар доданд.”
Маъмурони пулис марди тоҷикро рӯзи 27-уми июни соли гузашта дар як маҳаллаи канори Лондон пайдо ва боздошт кардаанд. Элизабет Кэхил, муфаттиши пулиси Лондон, гуфтааст, Алиев нисбат ба як кӯдак ҷинояти “нафратовартарин”-ро раво дид. Ӯ ин мардро “даррандаи манфур” номидаааст, ки “дар пайи шуҷоат нишон додани ҷабрдида чеҳрааш ошкор шуд”.
Расонаҳо навори лаҳзаи боздошти мардро нашр кардаанд. Дар он дида мешавад, ки ӯ зоҳиран забони англисиро намедонад ва нафаре бо забони англисӣ мегӯяд, ки "ҳоло далели боздоштро барояш тарҷума мекунад".
Назари наздикони ин мард дар Тоҷикистон ба боздошти ӯ дар Лондон маълум нест. Вай дар саҳифааш дар Фейсбук аз соли 2023 ба ин сӯ чанд аксро аз Лондон нашр карда, ҷойи зисташро ин шаҳр сабт кардааст. Маълум нест, ӯ аз кадом тариқ ба Бритониё рафтааст ва онҷо чӣ кор мекунад.
Ҳанӯз дақиқ нест, ки додгоҳ нисбат ба ӯ чӣ ҳукм содир хоҳад кард, вале барои муттаҳамони чунин ҷиноят дар Бритониё маъмулан ҷазои сангин медиҳанд.
Камол Харрозӣ, ки дар ҳамлаи Исроил захмӣ шуда буд, даргузашт
Камол Харрозӣ, собиқ вазири корҳои хориҷии Эрон ва раиси Шӯрои раҳбурдии сиёсати хориҷии Ҷумҳурии исломӣ, беш аз як ҳафта пас аз ҳадаф қарор гирифтан дар ҳамлаи Исроил ба хонааш дар Теҳрон, даргузашт.
Рӯзи 1 апрел хонаи Камол Харрозӣ ҳадафи як ҳамла қарор гирифт, ки дар ҷараёни он, ҳамсари вазири хориҷии пешини Эрон кушта шуд, аммо худи ӯ ба шиддат маҷрӯҳ шуда буд ва дар бемористон қарор дошт.
Камол Харрозӣ, ки дар замони даргузашт 82-сола буд, даҳ сол раҳбарии Хабаргузории давлатии "ИРНА"-ро бар ӯҳда дошт ва пас аз он, ҳашт сол сафири Ҷумҳурии исломӣ дар СММ буд.
Камол Харрозӣ дар даврони президентии Муҳаммад Хотамӣ, аз 20 августи соли 1997 то 24 августи соли 2005 вазири корҳои хориҷии Эрон буд.
Дар солҳои ахир ба унвони раиси Шӯрои раҳбурдии сиёсати хориҷӣ ва мушовири Алии Хоманаӣ, раҳбари пешини Ҷумҳурии исломӣ, шинохта мешуд.
Тарҳи нави вакилони рус барои ихроҷи муҳоҷирон
Вакилони Думаи давлатии ё порлумони Русия талош доранд сабабҳо ё асос барои рондани муҳоҷиронро ду баробар бештар кунанд. Дар ин бора Вячеслав Володин, раиси Думаи давлатии Русия дар телеграмканали худ хабар дод.
Вай таъкид кард, ки тарҳи қонуни нав дар ин бора барои баррасӣ омода мешавад. Ба таъкиди ӯ, аз соли 2024 дар кишвар барои сахттар кардани сиёсати муҳоҷират 22 қонун қабул шудааст. Аксари ин қонунҳоро вакилони порлумон бо ҳадафи пешгирӣ аз вуруди муҳоҷирони ғайриқонунӣ ба Русия омодаву пешниҳод кардаанд.
Дар ҳоли ҳозир, муҳоҷирон дар Русия бар асоси 22 моддаи Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ихроҷ карда мешаванд. Аз ҷумла, барои нақзи қоидаҳои муҳоҷират, даст доштан дар қочоқи маводи мухаддир ва дигар қонуншиканиҳо.
Аммо дар лоиҳаи нави қонун пешниҳод шудааст, ки бар асоси 43 модда муҳоҷирон бояд аз кишвар хориҷ карда шаванд. Яъне вакилон мехоҳанд, барои нақзи тартиботи ҷамъиятӣ, итоат накардан ба талаби маъмурони пулис ва эҷоди монеа дар кори нақлиёту зерсохторҳо низ муҳоҷиронро ихроҷ кунанд.
Ба иттилои Вазорати корҳои дохилии Русия, соли гузашта 72 ҳазор муҳоҷир барои қонуншиканӣ аз ин кишвар ронда шудаанд.